Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳқиқоти журналистии хабарнигорон Ганҷинаи Ганҷ ва Муҳайё Нозимова дар мавриди арзиши хизматрасонии нотариусҳо дар Тоҷикистон.

Арзиши хизматрасонии нотариалӣ мувофиқи Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» муайян карда шудааст. Аммо дар асл, ин идораи давлатӣ, ки ба вазифаи тасдиқкунӣ ва қувваи ҳуқуқӣ додани ҳуҷҷатҳои гуногун (васиятнома, боварихат, нусхаи ҳуҷҷатҳо ва ғайраҳо) машғул аст, на ҳамеша хизматрасонии худро дар доираи тарифҳои муайяншудаи хизматрасонӣ ба роҳ мемонад.

Меҳрӣ Одинаева (ному насабаш тағйир дода шудааст), барои соҳиби мерос шудан моҳи октябри соли 2014 ба идораи нотариалии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муроҷиат мекунад, ки ӯро лозим меояд, ба чопкунанда (мошинистка) 20 сомонӣ, барои хизматаш ба нотариус 60 сомонӣ, 14 сомонӣ боҷи давлатӣ ва андоз ба маблағи 0,05% аз арзиши умумии мерос пардохт намояд: «То идораи мазкур муроҷиат кардан, хоҳарони ман моҳи августи соли 2014 дар идораи нотариалии ноҳияи Шоҳмансур аз гирифтани мерос ба манфиати ман даст кашиданд. Барои ин онҳо 20 сомонӣ ба чопкунанда ва 35 сомонӣ ба нотариус пардохт карданд, ки ягон варақаи тасдиқкунандаи пардохт (расид) нагирифтаанд», - мегӯяд Меҳрӣ.

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон дар як нишасти матбуотияш гуфта буд, ки арзиши хизматрасонӣ дар идораҳои нотариалӣ мутобиқи Қарори Ҳукумати Тоҷикистон ва Қонун «Дар бораи боҷи давлатӣ» муайян ва тасдиқ шудааст. Ҷаноби Шоҳмурод гуфта буд, ки «Ин санадҳои қонунгузорӣ тартиби рӯёнидани боҷи давлатиро аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муайян карда, бояд дар ҳар як идораи нотариалӣ руйхати ин хизматрасониҳо овезон бошанд».

Ба қавли вазири адлия, «бояд дар ҳар як идораи нотариалӣ гӯшаҳо бо нишон додани маълумотҳои арзиши боҷи давлатӣ ва нархномаи хизматрасонии нотариусҳо мавҷуд бошад».

Дар идораҳои наториалӣ ин гӯшаҳо мавҷуданд (http://news.tj/ru/news/oplata-poshlin-doveryat-ili-proveryat), аммо тавре навишта шудааст, ки на ҳар корафтода мефаҳманд, ки барои чӣ, чӣ қадар маблағ бояд пардохт кард.

Дар моддаи 24-и Қонуни «Дар бораи буҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015», андозаи нишондод чунин гуфта мешавад: «Аз 1 январи соли 2015 ҳисобкунӣ барои пардохти андоз, боҷ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, санксияҳои ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобӣ дар доираи ин ё он арзишҳо (поёнӣ ё болоӣ), ки дар доираи мутобиқи қонунгузории ҶТ истифода мегардад, ба андозаи 40 сомонӣ муайян карда шудааст».

Сергей Романов, адвокати ваколатдор бар он аст, ки дар бисёр ҳолатҳо шаҳрвандон аз меъёрҳои қонун ва қарорҳое, ки барои ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандии онҳо равона шудаанд, огоҳ нестанд, бинобар ин дар бештар маврид ҳангоми амалиётҳои гуногун, аз будаш бештар маблағ пардохт мекунанд.

Романов мегӯяд: «Мутаассифона, шаҳрвандони мо дар бештари ҳолатҳо аз нотариусҳо арзиши пардохти маблағ (квитанция)-ро талаб намекунанд, то бидонанд, ки барои чӣ ва чӣ қадар маблағ пардохт кардаанд. Инчунин дар пардохти мустақилонаи маблағ дар шӯъбаҳои «Амонатбонк» танбалӣ низ мекунанд».

Ҳамчунин ин ҳуқуқдони тоҷик афзуд, ки «Дар моддаи 32-и Қонун «Дар бораи боҷи давлатӣ» амалиёти нотариалӣ нишон дода шудааст, лекин мо танҳо он алиётҳоеро дида мебароем, ки шаҳрвандон бештар сару кор мегиранд.

Аз қавли Сергей Романов ба ғайр аз боҷи давлатӣ, аз тарафи нотариусҳо барои хизматрасонӣ маблағи дигар низ гирифта мешавад.

Аммо Муҳаббат Каримова, сарнотариуси давлатӣ дар ин бора мегӯяд: «Мо гӯшаи маълумотие омода кардем, ки дар он оиди пардохти хизматрасонии нотариалӣ нишон дода шудааст. Дар он маълумот ҳам дар шакли фоизӣ ва ҳам бо сомонӣ нишон дода шудааст». (нигаред ба сурат, идораи нотариуси ноҳияи Шоҳмансур)

Ба суоли «хизмати чопкунанда» оё аз «хизмати нотариус» алоҳида аст? -Муҳаббат Каримов посух дод, ки «мувофиқи қарори ҳукумати ҷумҳурӣ аз 10 январи соли 2013, таҳти №14 – «Қоидаҳои хизматрасонии пулакии иловагӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар идораҳои давлатии нотариалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ин пардохт алоҳида буда, он 20%-и нишондоди ҳисоботиро дар бар мегирад, ки ба 8 сомонӣ барои ҳар як саҳифа баробар аст». (Ҷадвали №2, банди 21 – шарҳи муаллиф)

Бояд донист! Арзиши як саҳифаи нусхабардоришудаи ҳуҷҷат дар кӯчаҳои пойтахт 40-50 дирам аст, аммо дар идораҳои нотариалии то 1 сомонӣ:

р/т

ноҳия

арзиш

1

Шоҳмансур

1 сомонӣ

2

Исмоили Сомонӣ

50 дирам

3

Сино

1 сомонӣ

4

Фирдавсӣ

50 дирам

Тавре Муҳаббат Каримова гуфт, аз ҷамъи маблағи «барои хизматрасонӣ» ҳам нотариусҳо ва ҳам ҳуруфчинҳо танҳо 10% ба маоши онҳо гузашта, боқимонда - 15% ба буҷаи давлат, пардохти андоз, 10% ба суратҳисоби Вазорати адлия ва боқимода барои зарурати идораи нотариалӣ масраф мегардад.

Дар робита ба шаҳрвандон аз тарафи идораҳои нотариалӣ додани расид (квитанция) Муҳаббат Каримова чунин иброз намуд: «Мо ҳуқуқи расид додан надорем. Шаҳрванд ҳуқуқ дорад ва бояд аз натариус суроғаи пардохти боҷи давлатӣ ва маблағи амали хизматрасонии нотариалиро барои пардохт талаб намояд. Пас аз ин ӯро лозим меояд, ки ин маблағро ба хазинаи «Амонатбонк» пардохт карда, расидро гирифта, ба нотариус ҳозир шавад».

Аммо дар ҳамин ҳол хонум Каримова меафзояд, ҳолатҳое низ ҳастанд, ки шаҳрванд худаш намехоҳад ба хазина равад ва маблағро ба нотариус дода хоҳиш мекунад, ки онҳо боҷи давлатиро пардохт намояд: «Ҳатто дар ин ҳолатҳо низ нотариус маблағро пардохт намуда, расид мегирад ва онро ба ҳуҷҷат ширеш мекунад, чунки барои ҳар як амалиёти нотариалӣ ӯ ҳисобот медиҳад», - илова намуд сарнотариуси давлатӣ.

ТАҶРИБА: 1 ҲУҶҶАТ 3 НАРХ

Барои он ки арзиши аслии боҷи давлатиро барои хизматрасонии нотариалӣ аниқ намоем, мо дар 4 идораи нотариалии шаҳри Душанбе аз усули таҷриба истифода кардем. Барои ин мо «дурустии тарҷумаи диплом»-ро (аз русӣ ба англисӣ) интихоб намудем.

Дар идораи нотариалии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳуҷҷатро (аз 6 саҳифа) худи нотариус дӯхта, тасдиқ намуд. Вақте мо расид талаб кардем, ӯ гуфт, ки «дар ин сурат бояд дар хазина пардохт намоед». Чун фаҳмид, ки барои мо ба хазина рафта пардохт кардан мушкилӣ надорад (хазина дар фосилаи 500 метр аз бинои нотариус дуртар аст), ӯ дар варақае маблағро навишт ва мо ба хазинаи «Амонатбонк», ки дар бинои мақомоти андози ноҳияи Шоҳмансур воқеъ аст, маблағи дарҷшударо пардохт намудем. Дар хазина мо 3 сомонию 40 дирам боҷи давлатӣ ва 24 сомонӣ барои хизматрасонии нотариалӣ пардохт кардем, ҳамагӣ 27 сомонию 40 дирам. (ниг. ба расиди №1)

Дар нотариуси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои тасдиқи ҳамин ҳуҷҷат (аз 6 варақ) аз мо 12 сомонӣ гирифтанд. Дар ин ҳолат ҳам мо расид талаб кардем, нотариус гуфт, ки «агар хоҳед, худатон рафта дар хазинаи «Амонатбонк» пардохт намоем, агар не пагоҳ омода расидро гирифта метавонед», мо варианти дуюмро интихоб намудем ва дар рӯзи дигар расидро аз нотариус гирифтем. Дар расид маблағи 12 сомонӣ барои чӣ –боҷи давлатӣ ё хизматрасонии нотариалӣ пардохт шудааст, маълум нест. (ниг ба расиди №2)

Дар нотариуси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, дар ҳуҷраи №4, суроғаи зисти моро пурсиданд. Чун фаҳмиданд, ки истиқоматкунандаи ноҳияи мазкур нестам, гуфтанд, ки «бинобар серкор будани нотариусҳо ҳуҷҷатро тасдиқ карда наметавонанд» ва маслиҳат доданд, ки ба нотариуси ноҳияи ҷойи истиқомат муроҷиат намоем.

Воқеан, мувофиқи қисми 4-и моддаи 12-и Қонуни ҶТ «Дар бораи нотариати давлатӣ»: «Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҳуқуқ доранд барои амалиётҳои нотариалӣ ба ҳар як идораи нотариалии давлатии ҷойи воқеъият ё шахси мутасаддии ин корҳо муроҷиат намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар Қонун ҷойи амалиёти нотариалиро мушаххасан нишон медиҳад».

Истисно дар қисми 3-и моддаи 14 Қонуни мазкур оварда шудааст: «Нотариуси давлатӣ ҳуқуқ надорад амалиёти нотариалии алоқаманд ба моликияти ғайриманқулро берун аз ҳудуди фаъолияти идораи нотариалии худ иҷро намоянд, ба истиснои ҳолате, ки агар ӯ вазифаи нотариуси дигарро мутобиқи тартиби муайяннамудаи Қонуни мазкур иҷро намояд».

Дар нотариуси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, тарҷумаи дипломро (дар охири ҳуҷҷат шумораи варақҳо 5 саҳифа дарҷ шудааст) ба маблағи 10 сомонӣ + 2 сомонӣ ҳаққи чопкунанда (бе расид) тасдиқ карданд. (ниг. ба расиди №3)

Дар Қонун «Дар бораи боҷи давлатӣ» дар банди 8 гуфта мешавад: Барои тасдиқи нотариалии ҳуҷҷат аз як забон ба дигар забони тарҷумашуда, боҷи давлатӣ ба миқдори 5%-и нишондод барои ҳисобӣ барои ҳар як саҳифаи тарҷумаи ҳуҷҷат дарҷ шудааст, ки ин ба 2 сомонӣ баробар аст. (ниг. ҷадвали №2)

МАКТУБ БА ВАЗОРАТИ АДЛИЯ

Пас аз гузаронидани таҷрибаи мазкур, барои шарҳи он, мо боз ба сарнотариуси давлатӣ Муҳаббат Каримова муроҷиат кардем. Ҳамаи расидҳо ва худи ҳуҷҷатро нишон дода як суол додем: «Барои чӣ тасдиқи нусха ва тарҷумаи як ҳуҷҷат дар се идораи нотариалӣ арзиши гуногун дорад?»

Муҳаббат Каримова дар посух ба мо маслиҳат дод, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳоро нусхабардорӣ намуда, бо мактуб ба Вазорати адлияи кишвар муроҷиат намоем, то ин ки пас аз таҳлил ба мо ҷавоби пурра диҳанд. Мо чунин ҳам кардем. Ба Вазорати адлия мактуб навишта, дар баробари шарҳи «нархномаҳои гуногун» барои як ҳуҷҷат, мо боз хоҳиш намудем, ба якчанд суоли дигар низ ҷавоб диҳанд:

1. Барои чӣ дар Тоҷикистон ҳамчун алтернатива идораҳои нотариалии шахсӣ вуҷуд надоранд?

Барои мисол, мувофиқи ҳисоботи Вазорати адлияи Украина дар ин мамлакат 824 идораи нотариалии давлатӣ буда, ки 1406 нотариус ва 691 машваратчӣ кор мекунанд. Нотариусҳои шахсӣ бошанд аз ин ҳисоб бештаранд – 5700 нафар. (http://ern.minjust.gov.ua/pages/default.aspx)

2. Оё нисбати кори нотариусҳо боре ҳам шаҳрвандон шикоят кардан буданд? Агар «ҳа» ин шикоятҳои чӣ гуна хусусият доштанд ва чӣ тавр ҳалли худро ёфтанд?

Барои маълумот: Суҳроб Саидализода, корманди масъули Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи 26 январи соли 2015 дар суҳбат бо мо гуфт, ки соли 2014 ягон ҳодисаи ба ҷавобгарӣ кашидани нотариусҳо ба қайд гирифта нашудааст.

«Лекин дар соли 2013 нисбати 2 нотариус 2 парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда буд ва парвандаҳои мазкур ба судҳои ноҳиявӣ фиристода шуданд», - гуфт С. Саидализода.

3. Нисбати ҳодисаи мазкур низ аз Вазорати адлия суол кардем, ки «нисбат ба кормандони идораҳои нотариалӣ, ки нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда буд чӣ чора дида шуд?»

4. Барои чӣ барои осонии кори ҳам нотариусҳо ва ҳам шаҳрвандон дар ҳамаи идораҳои нотариалӣ барои пардохти боҷи давлатӣ ва хизматрасонии нотариалӣ терминалҳо гузошта намешаванд?

Барои муқоиса: Аз 1-уми январи соли 2014 дар идораи нотариалии Филиппова О.В. (нотариуси шаҳри Екатеринбурги ФР -http://ovfilippova.ru/news/10/) пардохти хизматрасонии нотариалӣ ба воситаи терминал ба роҳ монда шудааст. Ин идораи наториалӣ барои сарфаи вақти шаҳрвандон ва барои пардохти қуллай ба мизоҷони худ аз хизмати терминалҳо истифода карданро, ки имконият пардохтро бо ёри ҳама гуна кортҳо: MasterCard, VISA, Maestro, UnionPay дорад, пешниҳод мекунад».

Шояд аз давлатҳои ҳамсоя ибрат мегирем?

Дар Қонуни Ҷумҳурии Туркманистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» гуфта мешавад: «Барои амалиётҳои нотариалӣ нотариусҳои давлатӣ боҷи давлатиро мутобиқи андозаи дар қонунгузории амалкунанда омада меситонанд. Андозаи арзиши хизматрасонии ҳуқуқӣ ва ё техникии нотариусҳои давлатӣ аз тарафи Вазорати адлияи Туркманистон муайян карда меавад.

Дар ҳар як ҳуҷҷати аз тарафи нотариус тасдиқшуда, нотариус арзиши боҷи давлатиро нишон медиҳад. Яъне, барои ин ба ҳамаи нотариусҳо бланкаҳои махсус бояд дода шавад, то ин ки онҳо тавонанд расиди мувофиқ дода тавонанд. Лекин барои ин дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тағйирот ворид карда шавад.

Муҳим: Мувофиқи ҳисоботи вазири адлияи кишвар Рустами Шоҳмурод дар соли 2014 дар мамлакат расман 600 ҳазору 262 амалиёти нотариалӣ гузаронида шудааст, ки аз ин ҳисоб ба буҷаи давлат 47 миллиону 30 ҳазору 747 сомонӣ ворид гардидааст.

Агар чунин амалиётҳои нотариалӣ ба воситаи терминалҳо сурат мегирифтанд, шояд ба буҷаи давлат ду маротиба бештар аз 47 миллион сомонӣ ворид мешуд?!

Ганҷинаи Ганҷ ва Муҳайё Нозимова.

**************

P.S: 3-юми марти соли 2015 мо ба Вазорати адлияи ҶТ бо дархост дар бораи пешниҳоди маълумот дар бораи фаъолияти нотариусҳои давлатии ҷумҳурӣ муроҷиат намудем, аммо то ҳоли ҳозир мо аз ин ниҳод посухе нагирифтаем.

Масъулони Вазорати адлия дар ҳоле ба мактуби мо посух надоданд, ки мувофиқи моддаи 24-и Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи матуботи даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” гуфта мешавад, ки «агар дар мӯҳлати се рӯз дастрас намудани маълумоти дархостшуда ғайриимкон бошад, таъхир дар пешниҳоди он мумкин аст. Лекин огоҳинома дар муддати се рӯзи пас аз ворид шудани дархост, бо нишон додани сабаби таъхир ба ҷавоби пешниҳоди маълумот ва вақти пешниҳоди маълумот ба дархосткунанда супорида мешавад».

Зафар Муҳиддинов, як масъули Вазорати адлия дар сӯҳбати телефонӣ ба мо гуфт, ки «дар муддати 30 рӯз ҷавоб хоҳанд гуфт, чунки онҳо мувофиқи Қонуни ҶТ «Оиди муроҷиати шаҳрвандон» кор мекунанд».

Умед ба он дорем, ки Вазорати адлия бо риояи банди 4-и моддаи 23-и Қонуни ҶТ «Дар бораи матуботи даврӣ ва дигар воситахои ахбори омма», ки дар он зикр шудааст: «Роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо вазифадоранд, ки ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии ба фаъолияти онҳо марбут, ки омӯзиши иловагиро талаб намекунад, дар муддати на камтар аз ду ҳафтаи пас аз нашр (ба мавҷ баромадан) ба воситаи воситаҳои ахбори омма ҷавоб гӯянд», ба маводи мазкур нуқтаи назари хешро баён медорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG