Пайвандҳои дастрасӣ

Нахуствазири Норвегия як рӯз дар маркази шаҳри Осло ба таври махфӣ дар нақши ронандаи таксӣ кор кардааст.

Ин ҳодиса дар моҳи июн дар остонаи интихобот рӯй дод ва бисёри мусофирони таксӣ, ки шонси сафар дар мошини нахуствазирро доштанд, баъди шинохтани раҳбари кишвар дар тааҷҷуб монданд, ки оё Йенс Столтенберг аз курсии худ даст кашида бошад.


Худи нахуствазир мегӯяд, ки бисёр мехост бифаҳмад, ки дар кишвар чӣ мегузарад, назари мардуми оддӣ дар бораи рӯйдодҳои ватан чист ва аз роҳи мусоҳиба бо мусофирон, ба қавле, набзи воқеии таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоии кишварро эҳсос кунад. Барои он ки ӯро нашиносанд, бо машварати як ширкати таблиғотӣ, нахуствазир сару либоси ронандаи таксӣ ба бар ва айнаки сиёҳро дар чашм карда ба роҳ баромадааст. Вале, тавре хабарнигорон таъкид мекунанд, ҳамон лаҳзае, ки мусофирон чеҳраашро шинохтаанд, маҷбур шудааст худро фош ва мақсади аслии сари чанбари таксӣ нишастанашонро ҳам нақл кунад. Рӯзи кории нахуствазир ба таври пинҳонӣ наворбардорӣ ҳам шуда, рӯзи якшанбе дар саҳифаи хусусии нахуствазир дар Фейсбук ва ҳам дар сайти интернетии нашрияи VG пахш шудааст.




Ҷенс Столтенберг дар сӯҳбат бо нашрия гуфтааст, ки бисёр мехост назари воқеии мардумро дар бораи вазъи сиёсии кишвараш бифаҳмад. Вай мегӯяд, “агар танҳо ҷое бошад, ки мардум ба таври ошкоро назари воқеии худро роҷеъ ба таҳаввулоти кишвар мегӯянд, ин таксӣ аст”.


Столтенберг 8 соли охир дар курсии нахуствазирӣ қарор дорад ва солҳои охир бештар на сари чанбари мошин, балки дар пушти он нишаста сафар мекунад, аз ин рӯ маҳорати ронандагиаш хеле коста шудааст. Аз ин ҷост, ки баъзе мусофиронаш баъдан ҳунари ронандагии нахуствазирро интиқод кардаанд. Як нафар ҳатто гуфтааст, ки мехост мошинро тарк кунад. Вале, зоҳиран, худи ӯ ҳадафҳои худро бароварда сохтааст. Дар сӯҳбатҳои самимӣ бо мусофирон дар бораи ноқаноатмандии мардум аз маош, сатҳи омӯзишу таълим, қимати нафт ва равандҳои сиёсӣ суолҳо додааст.


Дар ниҳоят, ба саволи нашрияи VG дар бораи он ки дар сурати бекор монданаш оё омода аст ба ҳайси ронандаи таксӣ кор кунад, Столтенберг гуфтааст, ки кишвар ва ҳам мусофирони таксӣ дар Норвегия сазовори ронандаи беҳтар ҳастанд.


Аз рӯи пурсиши нашрия, нафаре аз мусофирон барои истифодаи таксии нахуствазир пул пардохт накардааст.Интихоботи парлумонии Норвегия 9 сентябр баргузор мешавад. Назархоҳиҳо ҳокӣ аз онанд, ки маъруфияти ҳизби Кори ҳукумат дар пешорӯи интихобот 41 дар сад буда, мухолифони Муҳофизакор бо 53 дар сади овозҳо пешгомтаранд.

Радиои Озодӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG