Пайвандҳои дастрасӣ

Пхенян аз хориҷиҳо хост, ки Кореяи Ҷанубиро тарк кунанд


Раҳбари Кореяи Шимолӣ бо мақомоти низомӣ дар навори телевизион

Раҳбари Кореяи Шимолӣ бо мақомоти низомӣ дар навори телевизион

Кореяи Шимолӣ аз хориҷиҳо тақозо кардааст, ки аз хоки Кореяи Ҷанубӣ берун шаванд, чун, ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, дар сурати сар задани ҷанг, онҳо ҷони худро бо хатар рӯбарӯ мекунанд.

Ин ҳушдорро рӯзи сешанбе барандаи телевизиони давлатӣ қироат кард. Ӯ, аз ҷумла, гуфт:

“Мо аз ҳама шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар корхонаву ширкатҳо кор мекунанд, аз ҷумла сайёҳон тақозо мекунем, ки ба хотири амнияти худ, аз Сеул ва Кореяи Ҷанубӣ хориҷ шаванд”.


Ин яке аз охирин таҳдидҳо буд, ки дар шароити ташдидёбии равобити миёни ду Корея дар ҳафтаҳои охир аз ҷониби мақомоти Пхенян садо дод. Ҳафтаи гузашта Кореяи Шимолӣ гуфт, ки амнияти сафоратхонаҳои хориҷиро дар Пхенян замонат дода наметавонад ва аз рӯзи чоршанбе машварат дод, ки намояндагиҳои дипломатиро аз хоки ин кишвар берун кунанд.

Инчунин бовар меравад, ки ба самти шарқии ҷазирақаламраваш дасти кам як мушаки дурпарвозро партоб кард.


Нахуствазири Ҷопон Шинзо Абе гуфт, ки ҳукумати вай аз таҳдидҳо ҳарос надорад, чун системаи боздорандаи мушакҳои Петриотро дар атрофи Токио мустақар кардааст. Вай гуфт, “ба эътимоди ман, мо ҳоло бояд аз рӯи таҳримҳои СММ пеш равем. Ҳукумати Ҷопон тамоми чораҳои пешгирикунандаи таҳдиду хатарҳои эҳтимолиро ба кор меандозад, ки барои таъмини амнияти мардуми Ҷопон равона шудааст”.


Инчунин рӯзи сешанбе коргарони корхонаҳои саноатие, ки мушатаракан бо Кореяи Ҷанубӣ дар як маҳаллаи вижа амал мекунанд, ба кор набаромаданд.
XS
SM
MD
LG