Пайвандҳои дастрасӣ

Заминларза баъд аз озмоиши бомбаи гидрогенӣ


Кореяи Шимолӣ чанд соат пас аз вуқӯи зилзила дар наздикии як пойгоҳи ҳастаии худ эълом кард, ки як бомбаи ҳидрогениро "бомуваффақият" озмоиш кардааст.

Кореяи Шимолӣ эълон кард, ки як бомбаи гидрогениро бо муваффақият озмоиш кардааст. Пас аз чанд соати ин озмоиш, заминларзае дар наздикии марказе, ки қаблан озмоишҳои атомӣ дар онҷо анҷом шуда буд, сабт шудааст.

Телевизиони давлатии Кореяи Шимолӣ гуфтааст, "бар асоси иродаи Ҳизби Коргарон (Ҳизби ҳоким дар Кореяи шимолӣ, дар соати 10-и субҳи шашуми январи соли 2016 нахустин бомбаи гидрогении кишвар бо муваффақият озмоиш шуд. Қаблан Кореяи ҷанубӣ ва Ҷопон ҳушдор дода буданд, ки заминларзаи сабтшуда эҳтимол бинобар озмоиши ҳастаии нав аз сӯи Кореяи Шимолӣ аст.

Дар баёнияи расмии ҳукумати Кореяи Шимолӣ омадааст, ин кишвар то вақте, ки Амрико ба "хусуматҳои" худ поён надиҳад, аз барномаи атомиаш даст намебардорад. Кореяи Шимолӣ мегӯяд, ки ҳамчун кишвар "масъулиятпазир" рафтор карда ва то вақте тамомияти арзиаш ба хатар наафтад, аз силоҳи ҳастаӣ истифода нахоҳад кард.

Нахуствазири Ҷопон Шинзо Абе пас аз эъломи расмии анҷоми озмоиши ҳастаии нави Кореяи Шимолӣ гуфтааст, ки Ҷопон ба он вокуниши сахт нишон хоҳад дод. Ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ низ гуфтааст, ки озмоиши нав "чолиши ҷиддӣ" барои сулҳу амният дар ҷаҳон аст. Вазорати дифои Кореяи Ҷанубӣ эълом кард, ки нерӯҳои низомии он кишвар пас аз ин озмоиш дар ҳолати омадабоши бештар қарор гирифтаанд.

Бомбаи гидрогенӣ аз он навъи бомбаҳое аст, ки ба он "гармоҳастаӣ" мегӯянд ва бисёр нерӯманд ва қавитар аз бомбаҳои ҳастаии якмарҳилаӣ аст.

Субҳи рӯзи 6 январ хабаргузории расмии Чин эълон кард, ки дар минтақае аз Кореяи Шимолӣ заминларзаи 5,1 дараҷаӣ рух додааст. Хабаргузории расмии Кореяи Ҷанубӣ гуфт, минтақаи эълоншудаи ин заминларза дар наздикии як озмоишгоҳи ҳастаӣ дар Кореяи Шимолӣ аст. Дар ин пойгоҳи ҳастаӣ солҳои 2006, 2009 ва 2013 низ озмоишҳо сурат гирифта буд.

Пас аз чанд соат аз ин ҳодиса, сухангӯи ҳукумати Ҷопон дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки аз назари он кишвар ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки заминларза бинобар озмоиши ҳастаӣ рух дода бошад. Хабаргузории расмии Кореяи Ҷанубӣ аз қавли мақомоти амниятии Сеул гуфтааст, ки Кореяи Шимолӣ мақомҳои Чин ва Амрикоро дар ҷараёни анҷоми "озмоиши эҳтимолӣ" нагузошта буд. Охирин озмоиши ҳастаии Кореяи Шимолӣ дар моҳи феврали соли 2013 анҷом шуда буд.

Кореяи Шимолӣ ба хотири барномаҳои низомии ҳастаии худ таҳти таҳримҳои шадиди қарор дорад. Бо сари кор омадани Ким Чен Ун, поксозиҳое низ дохили дастгоҳи раҳбарии он кишвар сурат гирифт, ки бинобар аксари таҳлилҳо, сабаби он ҷанги қудрат миёни раҳбари ҷавон ва гурӯҳе аз сиёсатмадрони қудратманди боқимонад аз замони падари ӯ мебошад.

Раҳбари ҷавони Кореяи Шимолӣ дар чанд соли гузашта даст ба анҷоми бархе озмоишҳои низомӣ низ задааст, ки бо вокунишҳои густурдаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон рӯбарӯ шудааст. Аз назари сиёсӣ, Чин наздиктари кишвар ба Кореяи Шимолӣ ба шумор меравад, аммо тибқи гузоришҳо, дар солҳои ахир равобити ин ду кшвар бо бархе танишҳо рӯбарӯ будааст.

XS
SM
MD
LG