Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 нуқтаи овоздиҳӣ дар Афғонистон ва ҳамагӣ 3 нуқта - дар Русия


Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд, дар 28 кишвари дунё ба номзадҳои мавриди назари худ дар интихоботи парлумонӣ, раъй бидиҳанд.

Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар 28 кишвари дунё ба номзадҳо ва аҳзоби мавриди назари худ дар интихоботи парлумонӣ, раъй бидиҳанд.

Ин комиссия бо пешниҳоди вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, қарореро дар мавриди ташкили участкаҳои интихоботӣ дар хориҷ аз кишвар тасвиб кардааст, ки бар пояи он, дар сафоратхонаҳо ва консулгариҳои кишвар дар кишварҳои хориҷӣ, 35 нуқтаи интихоботӣ боз шудааст.

Аз ҷумла дар сафоратхонаҳо Тоҷикистон дар Австрия, Иморати Муттаҳидаи Араб, Афғонистон, Беларус, Шоҳигарии Белгия, Бритонияи Кабир, Қазоқистон, Қирғизистон, давлати Кувайт, Миср, Озарбойҷон, Олмон, Покистон, Русия, Арабистони Саудӣ, Туркия, Туркманистон, Украина, Фаронса, Узбакистон, Чин, Узбакистон, Ҳиндустон, Қатар, Шведсария, Амрико, Эрон ва Ҷопон чунин нуқтаҳо ташкил шудаанд.

Ба иловаи пойтахтҳои кишварҳои номбурда шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар консулгариҳои кишвар дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон, Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб, Истанбули Туркия, Екатеринбург, Уфаи Русия, Қундуз, Мазори Шариф, Файзободи Ҷумҳури Исломии Афғонистон пои сандуқҳо бираванд ва раъй бидиҳанд.

Ҳамчунон, ки дар ин рӯйхат дида мешавад, дар Русия, ки мизбони садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик аст, ҳамагӣ се нуқтаи раъйдиҳӣ ташкил шудааст, ки яке дар Маскав ва дуи дигар дар шаҳрҳои Екатеринбург ва Уфа мебошанд. Аммо дар Афғонистони ҳамсоя, ки зоҳиран шумораи зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон ба сар намебаранд, чаҳор нуқтаи раъйдиҳӣ дар шаҳрҳои Кобул, Қундуз, Мазори Шариф ва Файзобод ташкил шудааст.

Интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзи 1 марти соли оянда баргузор мешавад ва аллакай ҳашт ҳизби сиёсии кишвар аз омодагии худ барои ширкат дар он хабар додаанд. Тайи ду ҳафтаи ахир анҷуманҳои қаблазинтихоботии аҳзоби сиёсии кишвар доир шуд ва феҳристи номзадҳои аҳзбо аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳурияӣ низ эълон шудаанд.

XS
SM
MD
LG