Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷоизаи сулҳи Нобел - ба Малола ва Кайлаш ( 2 ВИДЕО)


Малола Юсуфзай

Малола Юсуфзай

Малола Юсуфзайи 17-сола аз Покистонв а Кайлаш Сатяртии 60-сола аз Ҳиндустон сазовори ҷоизаи имсолаи сулҳи Нобел дониста шуданд.

Ҷоизаи сулҳи Нобел -2014 ба Малола Юсуфзай, як духтари навраси покистонӣ, ки барои ҳаққи духтарон ба таҳсил мубориза мебарад, ва Кайлаш Сатярти, ҳомии ҳуқуқи кӯдакон аз Ҳинд дода шуд.

Кумитаи ҷоизаи сулҳи Нобели Норвегия рӯзи 10 октябр зимни эълони исми барандагони ҷоизаи имсола гуфт, ки ҳардуи онҳо “барои набардашон алайҳи ҳуқуқи кӯдакону ҷавонон ва ҳаққи тамоми кӯдакон ба таҳсил” сазовори ин ҷоизаи мӯътабар шудаанд.

Малола Юсуфзай, ки ҳоло 17 сол дорад, ҷавонтарин барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел шуд. Малола дар соли 2012 дар роҳ ба сӯи мактаб дар зодгоҳаш – водии пурошӯби Своти Покистон, ки як арсаи фаъолияти ҷангиёни Толибон аст, ҳадафи тир қарор гирифт. Ҷангиён ӯро ба далели нашри ёддоштҳояш дар Интернет дар бораи зиндагии мардум таҳти султаи гурӯҳҳҳои тундрав дар Свот чунин муҷозот карданд.

Малола, ки аз ноҳияи сар ва рӯяш захмҳои сангин бардошта буд, муддати тӯлоние дар Бритониё табобат гирифт ва ба по хест. Малола , ки феълан дар Бритонё ба сар мебарад, барои муборизааш дар роҳи ҳимоят аз ҳаққи кӯдакон, бахусус духтарон, ба таҳсил мавриди истиқболу ситоиши зиёд дар саҳнаи байналмилалӣ қарор гирифтааст.

Кайлаш Сатярти

Кайлаш Сатярти

Кайлаш Сатярти 60 сол дошта, бино ба таъкиди Кумитаи ҷоизаи сулҳи Нобели Норвегия, бо пайравӣ аз анъанаи Маҳатма Ганди силсилаи эътирозҳои осоиштаро “бо тамаркуз ба масъалаи истисмори зиёди кӯдакон ба хотири фоидаи молӣ” раҳбарӣ кардааст.

Кайлаш Сатярти дар пайи шунидани хабари барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел шуданаш дар Деҳлии нав, пойтахти Ҳинд, ба хабаргузории ANI гуфт: "Ин як арҷгузорӣ ба ҳамаи он кӯдкони дунёст, ки аз лаззати кӯдаконӣ маҳруманд. Ин арҷгузорӣ ба ҳамаи ҳамкорони ман дар Ҳинд аст. Ин танҳо арҷ гузоштан ба ман нест, балки қадрдонии тамоми онҳоест, ки дар дунё алайҳи кори кӯдак мубориӯа мебаранд. Ман шояд ҳамаи онҳоро надонаам, вале мардуми зиёде дар дунё вақти худро ва зиндагии худро ба масъалаи ҳуқуқи кӯдакон бахшидаанд."

Ба фарқ аз боқӣ ҷоизаҳои Нобел, ки исми барандагонашро Фарҳангистони улуми салтанатии Шветсия эълон мекунад, масъулияти интихоби барандагони ҷоизаи сулҳи Нобелро ба Норвегия дода шудааст.

Ҷоизаи сулҳи Нобел рӯзи 10 декабр, дар Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар, дар маросиме дар Осло, пойтахти Норвегия, ба барандагонаш супурда хоҳад шуд.

Арзиши ин ҷоиза имсол 1,1 миллион доллар аст.

Эълони исми барандагони ҷоизаи сулҳи Нобел ба ҳафтаи ҷоизаҳои Нобел поён мебахшад. Ҷоизаи сулҳи Нобел аз мӯътабартарин ҷоизаҳо дар ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, барои талошҳо дар роҳи таҳкими сулҳ ва ҳимоят аз ҳуқуқи башар дода мешавад.

Ширин Ибодӣ

Ширин Ибодӣ

Дар гузашта шахсиятҳои шинохтае, чун академик Андрей Сахаров, ҳуқуқдони эрон Ширин Ибодӣ, собиқ дабири кулли СММ Куфӣ Анон, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама, раҳбари охири СССР Михаил Горбачёв, раҳбари муборизаи зидди аппартеид дар Африқои ҷанубӣ Нелсон Мандела, раҳбари ҷунбиши “Солидарност” дар Полша Лех Валенса, раҳбари рӯҳонии тибетиҳо Далай Лама ва Модар Тереза сазовори ин ҷоиза дониста шудаанд. Ширин Ибодӣ танҳо намояндаи халқҳои форсизабон аст, ки ҷозиаи сулҳи Нобелро гирифтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG