Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Колумбия - барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел


Ҳуан Мануэл Сантос
Ҳуан Мануэл Сантос

Барандаи имсолаи ҷоизаи сулҳи Нобел президенти Колумбия эълон шуд. Ҳуан Мануэл Сантос барои дастёбӣ ба сулҳ бо гурӯҳи шӯришии FARC, ки давоми 50 соли охир дар ҳолати мухолифат ва ҷанг бо ҳукумат қарор дошт, қадрдонӣ шуд.

Президенти Колумбия ба ҷоизаи сулҳи Нобел сазовор дониста шуд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00

Давлати Колумбия дар панҷ даҳсолаи охир дар шароити ҷанг бо шӯришиёни гурӯҳи қарор дошт. Дар ин муддат дасти кам 220 ҳазор шаҳрванди ин кишвар ҷони худро аз даст доданд, дасти кам 6 миллион нафар ватани худро тарк карда ба маконҳои амн кӯч бастанд.

Сокинони Колумбия сулҳ бо марксистҳоро рад карданд

Ин дар ҳолест, ки дар раъйдиҳии рӯзи 3 октябр сокинони Колумбия сулҳ бо гурӯҳи шӯришии марксистиро тақрибан рад карданд. Натиҷаҳои овоздиҳӣ ин шуд, ки созиш бо FARC-ро аз миёни раъйдиҳандагон 50,21 % рад карда, 49,78 % пазируфтанд. Вале ин нишондод бар асоси ҳисоби раъйи 37 дар сади овоздиҳандагони ширкатдори референдуми рӯзи 2 октябр ҳосил шуд. Мақомот гуфтанд, боронҳои шадид нагузоштанд, ки дар референдум шумои бештари раъйдиҳандагони ин кишвари воқеъ дар Амрикои Ҷанубӣ иштирок кунанд.

Аз ин пеш созиши ҳукумат бо FARC баъди 52 соли ҷанги шаҳрвандиро ҷомеаи ҷаҳонӣ ситоиш кард. Ҳарду ҷониб талош доранд ҷаҳониёнро мутақоид созанд, ки аз паи иҷрои нақшаи сулҳ хоҳанд шуд.

Cозиши сулҳи президент ва раҳбари шӯришиҳо
Cозиши сулҳи президент ва раҳбари шӯришиҳо

Баъди дарёфти натиҷаҳои раъйдиҳӣ, Ҳуан Мануэл Сантос гуфт, ки баъди раъйдиҳӣ ҳам созиши сулҳ побарҷо мемонад ва ӯ бо раҳбарони дигар машварат хоҳад кард, ки иқдоми баъдии онҳо чӣ мешавад.

Ҷанги ҳукумат бо шӯришиёни марксист соли 1964 шурӯъ шуд ва то имрӯз идома дошт. Ҳамон сол гурӯҳи FARC аз ҷониби коммунистҳои фаъол “ба хотири сохтмони Колумбияи нав” таъсис ёфта буд. Ин гурӯҳ даҳсолаҳо боз қисматҳое аз кишварро таҳти тасарруф дошт ва интиқолу фурӯши маводи мухаддирро назорат мекард. Гуфтугӯ барои сулҳ миёни ФАРК ва ҳукумати Колумбия ҳанӯз аз соли 2012 оғоз шуда буд.

Рақобат барои ҷоизаи Нобел шадид буд

Мудофеи маъруфи ҳуқуқи башари Русия Светлана Ганнушкина ва ҳам ҳайати эҷодии нашрияи “Новая газета” - аз номзадҳои дигари ҷоизаи имсолаи сулҳи Нобел арзёбӣ мешуданд, ки шонси зиёди бурдани онро доштанд. Ганнушкина раиси Кумитаи “Мусоидати шаҳрвандӣ” ва раҳбари шабакаи “Муҳоҷират ва ҳуқуқ” дар назди маркази “Мемориал” мебошад. Як номзади дигари Нобел – Эдвард Сноуден аст, ки муддате дар Маркази иктишофии ИМА кор карда соли 2013 роҳҳои пинҳонии ҷосусиро фош кард. Ҷоизаи сулҳи Нобел ҳар сол моҳи декабр дар шаҳри Осло тақдим мешавад.​

XS
SM
MD
LG