Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Узбакистон таҳқиқи қазияи пахши филми нави амрикоиро дар кинотеатрҳои Тошканд шурӯъ карданд, ки як рӯз пеш аз намоиши расмии он дар ИМА дар пардаи синамои пойтахт пайдо шудааст.

Мақомоти Узбакистон таҳқиқи қазияи пахши филми нави амрикоиро дар кинотеатрҳои Тошканд шурӯъ карданд, ки як рӯз пеш аз намоиши расмии он дар ИМА дар пардаи синамои пойтахт пайдо шудааст. Сухан дар бораи филми нави Ҳолливуд меравад, ки дар бораи пайғамбари Нӯҳ ("Noah") қисса мекунад. Ин филми нави коргардони амрикоӣ Доррен Аронофски буда, бар пояи қиссаи маъруфи китоби Инҷил эҷод шудааст.

Мақомот гуфтаанд, ки се кинотеатри Тошканд – “Азия”, “Мега Синема” ва “Гранд Синема” бидуни иҷозати пахши филм худсарона ин намоишномаро рӯзи 27 март се бор намоиш доданд. Илова ба ин ки ин филм бидуни иҷозати муассисаи давлатии “Узбеккино” намоиш дода шуд, мазмуни мазҳабии он ҳам мебоист аз назари мутахассисони Идораи давлатии дин мегузашт. Радиои "Озодлик" хабар медиҳад, ки дар ин замина таҳқиқи расмӣ шурӯъ шуда, намоиши сартосарии филм дар Узбакистон манъ шудааст.

Рӯзи ҷумъа раиси шӯъбаи муҷаввиздиҳии маҳсулоти аудиоию видеоии оҷонсии милии “Узбеккино” бо пахши изҳороте гуфт, ки масъулияти иҷозати пахши ҳама гуна маводи сабтшуда дар хориҷа ба дӯши ин муассиса вогузор шудааст. Рустам Шарипов таъкид кардааст, ки ин қарор аз соли 2004 амал мекунад ва танҳо баъди дарёфти иҷозати комиссиюни мутахассисони “Узбеккино” намоишнома ҳақи пахшро дар қаламрави Узбакистон пайдо мекунад.

Коршиносони узбак мегӯянд, ки мояи аслии нигаронии мақомот на танҳо пахши бидуни иҷозати филми сохтаи Ҳолливуд ва он ҳам рӯзе пеш аз ба навор даромадани он дар синамоҳои худи Амрико будааст, балки бештар мазмуни мазҳабии ин филм аст. Аввал ин ки он бар пояи қиссаи Инҷил, на Қуръони карим бозгӯ шудааст. Дигар ин ки ин намоишнома паёмҳои муҳими сиёсиро дар худ гунҷоиш дода, посухгӯи дардҳои имрӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Тавре расонаҳои узбакӣ таъкид мекунанд, ин филм аллакай гӯё дар хоки як қатор кишварҳои арабии мисли Қатару Баҳрайну Имороти Муттаҳидаи Араб манъ шудааст.

Тавре таъкид мешавад, дар миёни уламои яҳудӣ дар мавриди дурусткор будани Нӯҳ баҳсе мавҷуд аст. Як гурӯҳ мегӯяд, ки ӯ дар насли худ хеле пайғамбари дуруст буд, вале бархи дигар ба ин ақидаанд, ки дурусткории ӯ танҳо дар замони зиндагии ҳамнаслонаш дуруст буд, зеро ӯ дар атрофи афроди гумроҳ мезист. Валекин дар муқоиса бо замони зиндагии пайғамбар Иброҳим, ӯро дурусткор намешуморанд, зеро дар вақти тӯфони азим, даст ба дуои қурбониҳо намебардошт, дар ҳоле, ки Иброҳим қабл аз азоби қавми Лут, барои наҷоти онҳо дасти дуо мебардорад.

Аз дидгоҳи андешаи исломӣ, Нӯҳи набӣ яке аз муҳимтарин фиристодагони Худо (улул-азм) буда, яке аз сураҳои Қуръон – сураи “Нӯҳ” ба номи ӯст. Дар Қуръон ҳам ёд шудааст, ки Нӯҳ барои ҳидояти қавми худ 950 сол талош кардааст. Дар Қуръон исми се писари Нӯҳ ёд нашудааст. Танҳо аз як писараш бидуни зикри ном ёд шудааст, ки аз фармони падар сарпечӣ мекунад ва ба ҳалокат мерасад. Бар пояи андешаи исломӣ, Нӯҳ Худои якторо парастиш мекард, вале мардумаш ӯро масхараву таҳдид мекарданд, дурӯғгӯву девона мехонданд ва танҳо шумори каме даъвати яктопарастии ӯро пазируфтанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG