Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Не туй шуд, не хизматӣ ҳарбӣ”. Аз “военкомат” ба кати беморӣ


Як ҷавони раштӣ, ки барои омодагӣ ба маросими издивоҷ ба Душанбе меомад, аз ҷониби кормандони комиссариати ҳарбӣ боздошт ва барои хидматӣ ҳарбӣ ба Хоруғ фиристода шуд.

Эмомиддин Холов, сокини 21-солаи деҳаи Ҳойити ноҳияи Рашт моҳи маи соли 2015 дар ҳудуди ноҳияи Синои Душанбе аз ҷониби кормандони комиссариати ҳарбӣ боздошт ва ба хидмати ҳарбӣ интиқол ёфт, аммо хизмати ӯ дар сафи артиш танҳо 12 рӯз давом кард. Холов мегӯяд, дар ҳоле, ки комиссияи тиббӣ баъди муоина ӯро барои хизмат дар артиш "ношоям" эълон кард, вале мақомоти низомӣ хулосаи тиббиро ба эътибор нагирифтанд ва Эмомиддин Холовро барои хизмат ба Хоруғ интиқол доданд. Пас аз як рӯзи машқ ва қадамзании низомӣ бадани ин ҷавон варам кард.

Баъдан пизишкон гуфтанд, нафаре, ки дарди гурда дошт, набояд ба машқи қадамзанӣ ҷалб мешуд. Холов мегӯяд, ҷалби иҷбории ӯ ба сафи артиш ва хуруҷи дарди гурда ҳам барномаи хонадоршавишаро ба ҳам зад ва ҳам анҷоми хидмати ҳарбиро номумкин кард.

- Қариб даҳ моҳ шуд, ки беморам. Ҳоло ҳар ду рӯз пас ба беморхона меравам ва хунамро тоза мекунанд. Ҳоло мегӯянд, рӯз то рӯз вазъат нохуб мешавад ва бояд гурдаатро иваз кунӣ. Як гурда понздаҳ ҳазор доллар аст ва ман худам ноновари хона будам, ҳоло касе наметавонад барои ман ин маблағро пайдо кунад"- гуфт ӯ.

Пайвандони ин ҷавон аз рӯи рафтори мақомдороне, ки Эмомиддин Холовро ба хидмати ҳарбӣ ҷалб карданд, ба додгоҳ шикоят бурданд. Рӯзи 2 март додгоҳи ҳарбии шаҳри Душанбе чаҳор корманди комиссарияти ҳарбии ноҳияи Синоро барои “хунукназарӣ” дар робита бо ҷалби Эмомиддин ба маблағи аз 7 то 10 ҳазор сомонӣ ҷарима кард. Дилшод Ҷӯраев, вакили мудофеи созмони ҷамъиятии "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ", ки аз ҳуқуқи сарбози собиқи қисми ҳарбии Хоруғ Эмомиддин Холов ҳимоят мекунад, рӯзи 3 март ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳи ҳарбии шаҳри Душанбе раиси комиссияи тиббии комиссириати ҳарбии ноҳияи Сино Абдукарим Толибов, пизишки ҳамин комиссия Матлуба Самадова, раиси шӯъбачаи комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино Алло Аллохӯҷаев ва ёрдамчии комиссирияти ҳарбии ноҳияи Сино Муродалӣ Сафаровро мавриди ҷаримабандӣ қарор дод.

Аз артиш ба кати беморӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:32 0:00

Ӯ гуфт, додгоҳи ҳарбӣ барои “хунукназарӣ” дар нисбати сарбоз Эмомиддин Холов, ки бо вуҷуди бемор буданаш ӯро ба хизмати ҳарбӣ фиристоданд, ба ду корманд - Алло Аллохӯҷаев ва Муродалӣ Сафаров ба маблағи 10 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима таъин кард. Раиси комиссияи тиббии комиссириати ҳарбии ноҳияи Сино Абдукарим Толибов 7500 сомонӣ ва пизишки ҳамин комиссия Матлуба Самадова 7 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуда ва ҳарду то ду сол аз ҳақи фаъолият дар ин соҳа маҳрум шуданд.

Дилшод Ҷӯраев мегӯяд, баъди ошкор шудани муносибати хунукназаронаи кормандони комиссариат, Алло Аллохӯҷаев, раиси шӯъбачаи комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино аз кор саъукдуш шуд. Аммо Эмомиддин Холов мегӯяд, ҷаримаи афроди гунаҳкор вазъи сиҳатии ӯро тағйир намедиҳад. Ӯ мегӯяд, ҳоло аз додгоҳи зинаи болоӣ хоҳиш мекунад, то пули табобати ӯро аз афроди муҷрим бирӯёнад.

Насриддин Холов, бародари Эмомиддин Холов мегӯяд, онҳо аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд. Ӯ мегӯяд, "инҳо бо пардохти ҷарима раҳо мешаванд, вале "ҳаёти бародарам сӯхтааст ва гурдаҳояш тақрибан аз кор мондаанд ва наметавонад озодона роҳ гардад." Ба гуфтаи Насриддин Холов, бародараш дар беморхонаи "Шаҳраки тиббӣ" маъруф ба "Медгород" бистарӣ аст ва бояд гурдаҳояшро иваз кунанд, вале мушкили молӣ ба ин имкон намедиҳад. Холов мегӯяд, дар пайи як нома Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба онҳо дар харидории доруворӣ кӯмак кард, вале барои ивази гурда вақти кам мондааст.

Додгоҳи ҳарбии шаҳри Душанбе муҳокимаи 4 корманди комиссияи қабули ҷавонон ба сафи артиши ноҳияи Синои пойтахтро рӯзи 2 март шурӯъ кард. Додситонии ҳарбии шаҳри Душанбе алайҳи онҳо бо моддаи 322, яъне “хунукназарӣ, яъне иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои худ аз ҷониби шахси мансабдор дар натиҷаи муносибати беинсофона ё бепарвоёна ба хизмат, агар ин боиси ба таври ҷиддӣ поймол кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд ё ташкилот ё манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи ҷамъият ё давлат гашта бошад”, парвандаи ҷиноӣ боз карда буд.

Онҳо Эмомидин Холовро тирамоҳи соли 2015 бо вуҷуди бемории гурдаҳояш саломат нишон дода ба хизмати артиш фиристоданд. Вай дар қисми ҳарбии Бадахшон хизмат мекард ва бар асари сардии ҳаво, ҳангоми гашти низомӣ дарди гурдааш шадид шуда ва ду моҳ дар беморхонаи Хоруғ бистарӣ шуд ва баъдан ба Душанбе интиқол ёфт.

XS
SM
MD
LG