Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Тоҷикистон. Намоишномаи кӯҳна бо ороиши нав?


Дар ростои интихоботи порлумонии 1-уми март бахше аз коршиносон мегӯянд, аз он ҳеч рӯйдоди ногаҳониеро интизор нестанд, вале ба ақидаи бархи дигар ин раванд ҷои таҳлил дорад.

Қуттиҳои шаффофи раъйдиҳӣ дар интихоботҳои Тоҷикистон, ба қавли яке аз интихобкунандагон, ҷоест, ки “овозҳои мо дар он гум мешаванд”.

Аммо журналисти тоҷик Хуршеди Атовулло бар ин аст, ки раъйи мардум на дар қуттиҳо, балки рӯйи мизи шумориши қурбонии “таҳрир” мегардад. “Дар минтақаю маҳалҳо чунин мешуморанд, ки овози зиёд гирифта додан ба ҲХДТ ва ё пешгирӣ аз овози зиёд гирифтани ҳизбҳои мухолиф далели садоқати онҳо хоҳад буд. Ин механизмро раисону аъзои қитъаҳои раъйдиҳӣ -- директорони мактабҳо, раисони маҳалла, ҷамоат, ноҳия ва ғайра мечархонанд,” – мегӯяд ӯ.

Аз сӯи дигар шаҳрвандон, зоҳиран, парвое надоранд, ки раъйи онҳо ва ҳамин тавр ҳуқуқи сиёсии онҳо аз тарафи афроде зери пой мешавад. Зеро то ҳол нафаре аз онҳо бо суоли “Раъйи ман куҷо шуд?” ё “Раъйи маро кӣ дуздид?” ба идорае муроҷиат накардааст.

Саймуддин Дӯстов
Саймуддин Дӯстов

Бо он ки мақомоти Тоҷикистон иттиҳоми тақаллуб дар интихоботро як иддаои беасос унвон мекунад, вале даст задан ба раъйи мардумро раҳбари созмони “Индем” дар Душанбе, Саймуддин Дӯстов, “фишори маъмурӣ” меномад ва сабабашро дар он мебинад, ки ҳукумати Тоҷикистон аз райъи озоди мардуми худ метарсад. “Зеро нияти соҳибдавлатон сохтани ҷомеаи демократӣ не, балки ҳифзи ҳокимияти худ аст. Ба ин сабаб созмонҳои байнулмилалӣ Тоҷикистонро давлати худкома унвон мекунанд. Ва табиати низоми худкома ҳамин аст, ки намехоҳад, нафарони дигаре низ дар идораи давлат ширкат дошта, шохаҳои қудрат мустақил бошанд,"- мегӯяд Саймиддин Дустов.

СПЕКТАКЛИ КӮҲНА ДАР САҲНАИ КӮҲНА

Интихобот дар Тоҷикистон, ба ақидаи аксари нозирони вазъ, ҳарчӣ бештар ба театре табдил меёбад, ки намоишномаи он сол то сол тағйире намекунад ва режиссёраш ҳам нав намешавад. Спектакле, ки борҳову борҳо ба ҳамон як шаклу шева ва оғозу анҷом намоиш меёбад, дилбазан ва нофорам мешавад. Дар натиҷа сафи “ҳунарпешагон” ва тамошобинони он то рафт коҳиш меёбад.

Коршиноси тоҷик Бахтиёр Сатторӣ интихоботи Тоҷикистонро “маъракаи дилгиркунандае” меномад, ки аз рақобати пурмазмун, бархӯрди идея ва барномаҳо орист, “ҳарчанд назархоҳии умумимардумӣ ба худи ҳукумат даркору муҳим аст, то барномаҳои худро бо назардошти ақидаи ҷомеа нав кунад, одамони кордонро пайдо ва ба кор ҷалб намояд ва ба халқ ёдовар шавад, ки маҳз он дар умури давлат нақши ҳалкунанда дорад.”

Марат Мамадшоев
Марат Мамадшоев

“Одамон дигар ба интихобот бовар надоранд,” – мегӯяд таҳлилгари умури сиёсӣ Марат Мамадшоев, -- “аз шӯру шавқи аввали солҳои 1990 чизе намондааст, зеро барои аксари мардум ошкор аст, ки раванди интихобот ва аз ҳама муҳимаш, ҷараёни шумориши раъйҳо пешопеш коргардонӣ шуда, ҳеч интригае надорад. Барои намуна, дар маркази Душанбе аз солдидагон касе ба раъйдиҳӣ намеравад, танҳо мансабдорон ва фаъолони маданӣ.”

Ба қавли блогнависи тоҷик Рустам Гулов, мардум ба натиҷае расидаанд, ки аз раъйи онҳо чизе дигар намешавад. “Қисме аз мардум аз рӯйи анъана ё инертсия ба интихобот мераванд, вале ҳатто онҳо низ медонанд, ки натиҷа ба хости онҳо вобаста нест.”

Агар “фишори маъмурӣ” ва маъракасозию фармони раисони маҳаллаву ҷамоатҳо ва сарони хоҷагию корхонаҳо набошад, шояд квотаи қонунмандии интихобот (50%) пур нашавад. Саймуддин Дӯстов ин ҳолатро “райъдиҳии эътирозӣ” меномад. Яъне мардум на зидди номзадҳо, балки зидди чунин интихоботе овоз медиҳад.

Хуршеди Атовулло
Хуршеди Атовулло

Вале, ба ақидаи сухангӯи пешини ҳайати нозирони САҲА дар интихоботи порлумонии соли 2010 Йенс Ҳаген Ешенбаҳер, чунин ҳолат танҳо ба афзоиши тақаллуб мусоадат мекунад ва “ба ҷойи онҳое, ки намеоянд, касони дигар раъй хоҳанд дод.”

Бино бар шикояти нозирон аз Ҳизбҳои Коммунист ва Наҳзати Исломӣ дар яке аз қитъаҳои шаҳри Хуҷанд дар интихоботи соли 2010 амалан 535 нафар овоз дод. Аммо ҳангоми шумурдани раъйҳо маълум шуд, ки 1257 нафар дар интихобот ширкат карда, аксарият хостори пирӯзии номзади Ҳизби халқӣ демократӣ шудаанд.

“Зеро ҳадафи асосӣ на бунёди як порлумони ҳирфаист, ки тавонад идеяҳои наверо ба вуҷуд орад ва дар рушди кишвар саҳм гирад, дар арсаи байнулмилалӣ соҳибэҳтиром шавад, балки гузарондани “одамони худ” ба порлумон аст,” – мегӯяд Бахтиёр Сатторӣ.

“То замоне ки кумиссюнҳои маҳаллии интихоботӣ аз ҳисоби муаллимон, ки пурра вобастаи ҳукуматанд, сохта мешаванд, -- мегӯяд Марат Мамадшоев, -- наметавон ҳатто ба камтарин ҳақиқати интихоботҳо умед баст.”

“БЕГОНАҲО” ДАР ПОРЛУМОН?

“Як тора нур дар хонаи комилан торик метавонад ба мардум нишон диҳад, ки дар дунё офтоб ҳам вуҷуд дорад.” Ин ташбеҳро Саймуддин Дӯстов дар посух ба суоле овард, ки чаро ҳукумат манфиатдор нест, одамони доно ва пешсафи берун аз ҳизби ҳоким ба порлумон роҳ ёбанд. Баръакс тамоми нерӯ ба харҷ дода мешавад, то аз вуруди чунин афрод ба маҷлиси қонунгузор пешгирӣ шавад.

Тоҳири Абдуҷаббор дар порлумони соли 1992
Тоҳири Абдуҷаббор дар порлумони соли 1992

“Ҳукумат барои он “бегонаҳо”-ро ба порлумон роҳ намедиҳад, ки дар оғози солҳои 1990 ҳамагӣ чанд вакили мустақил тавонистанд, дигаронро аз паси худ баранд,” – мегӯяд Мамадшоев, -- “зеро босавод буданд ва истеъдоди раҳбарӣ доштанд.” Ҳатман онҳое, ки ҳоло дар сари қудратанд, порлумонеро хуб дар хотир доранд, ки Тоҳири Абдуҷаббор ё Аслиддин Соҳибназаров аз минбари он ба тамоми мардуми Тоҷикистон паём медоданд.

Аз ин ҷост, ки ҳукумат аз як чунин такрор ҳарос дорад ва мехоҳад, порлумон комилан мутеъ ва пешгӯишаванда бошад. Ин мақсад баъд аз сари “порлумони ҷангсолорон” дар соли 2000 дар ҳамаи интихоботҳои баъдӣ иҷро шуда ва ба низоми давлатдорӣ табдил ёфтааст. Дар ҳоле ки дар кишварҳои дигар байни ҳокимияти иҷроия ва қонунгузор гоҳе ихтилофу низоъ бармехезад, қариб 15 соли охир порлумони Тоҷикистон хидмати ҳокимияти иҷроия ва сарвари он – Эмомалӣ Раҳмонро мекунад.

Шояд чунин роҳи ҳифзи суботи иҷтимоӣ ва сиёсӣ хости бахши аъзами мардуми кишвар бошад, ки бақои ҳукумати Раҳмонро сулҳу оромии мамлакат ва зери таблиғи тӯлонии расонаҳои давлатӣ, ҳама гуна таҳдид ба ин ҳокимиятро талоши ба ҷанг кашондани Тоҷикистон медонанд?

Вале ба ақиди ҷаноби Дӯстов натиҷаи раванд дигар аст. “Мо акнун як ҳукумати шахшудаи қолабие дорем, ки фарсахҳо аз мардуми худ дур аст.” Ва ҷаноби Сатторӣ мегӯяд, “ҳолате ба миён омадааст, ки дар ин итоаткории умумӣ ҳукумат мушкилоти воқеии мардумро намебинад, наметавонад сари вақт ин ё он тарзи ҳалли масъалаҳоро пешниҳод кунад, аз назорати порлумон берун аст.”

Рустам Гулов
Рустам Гулов

Порлумон ҳамчун яке аз се шохаи қудрат (қонунгузор, иҷроия ва додгоҳ) дар бисёре аз кишварҳо майдони табодули андеша ва дидгоҳҳои мухолиф аст. Ба ақидаи ҷаноби Гулов, “андешаҳои тоза ва баҳс сари онҳо дар порлумон амали зиддиқонунӣ нест ва порлумон бояд ҷое бошад, ки давлат садои халқро бишнавад.”

Андарзи машҳуре мавҷуд аст, ки агар аз порлумон садои баҳсу кашокаш наояд, ин садо аз хиёбонҳо хоҳад омад. Роҳ ёфтани чанд дигарандеш ба Маҷлиси намояндагон тағйири зиёд нахоҳад овард, зеро бино бар қонунҳои кишвар ҳама гуна қарори онро палатаи болоӣ ё раисиҷумҳур метавонанд бекор кунанд. Президент ҳамчунин метавонад, порлумони “саркаш”-ро пароканда намояд.

Саймуддин Дӯстов мегӯяд, “агар 5-6 нафари “бегона” дар порлумон бошанд, онҳо хоҳанд пурсид, ки чаро ва чӣ гуна як ширкати машкуки соҳибонаш номаълум роҳи Тоҷикистонро бархилофи Қонуни асосии ин кишвар пулакӣ кардааст? Онҳо хоҳанд пурсид, ки чаро ширкатҳои азими монополии давлатӣ, ба ҷуз аз “ТоҷикЭйр” дар соли гузашта садҳо миллион қарздор буданд? Ва ҳамин гуна пурсишҳои “нофорам”.

САҲА ВА БАҲОИ НОЗИРОН

Интихоботҳо шояд беҳтарин ойинаи қаднамои як кишвар дар арсаи байнулмилалист. Ҳар дафъа дар мушоҳидаи онҳо садҳо нафар нозирон ва хабарнигорони хориҷӣ ширкат мекунанд. Ҳанӯз ягон нашрияи ҷаҳонӣ дар бораи интихоботҳои Тоҷикистон ҳарфи хуб нанавиштааст ва нозирони ғарбӣ ҳамеша ин маъракаҳоро ноозод, ношаффоф ва ғайридемократӣ номидаанд.

Нозирони САҲА
Нозирони САҲА

Чунин баёнияҳо асосан барои Ғарбанд, ки дар бархӯрдаш бо Тоҷикистон ин мавзӯъҳоро дар назар дошта бошад. Аммо солҳои охир, ба назар мерасад, ки Ғарб бо чунин баёнияҳо одат кардааст ва чанд рӯз пас аз интихоботҳои ғайридемократӣ намояндагони баландпояи он вориди Душанбе мешаванд ва бо майли том бо раҳбарони Тоҷикистон рушди ҳамкориҳоро баррасӣ мекунанд. Ба ақидаи таҳлилгарон, нозирон вазифаи худро анҷом медиҳанд ва қудратҳои ҷаҳонӣ манфиатҳои хешро доранд. Дифоъ аз раъй ва ҳуқуқи худ вазифаи мардуми Тоҷикистон аст ва бунёду таҳкими равандҳои демократӣ вазифаи нухбагони сиёсӣ, ки бояд ба сарнавишти ояндаи худ ва фарзандони худ фикр кунанд.

Як манбаи наздик ба ҳайати нозирони САҲА дар интихоботи порлумонии соли 2015 мегӯяд, ин созмон чунин ҳолати тазодомезро ба хубӣ дарк мекунад, “аммо орзу дорад, бо ширкати худ зина ба зина кишварро ба интихоботи беҳтару комилтар раҳнамоӣ кунад.”

ТАЗОДИ ДИГАР?

Як мавзӯъ дар намоишнома торик мемонад, агар зикр нашавад. Бо ин ҳама чаро чеҳраҳои маъруфи ҳизбҳои мухолиф ва бархе аз номзадҳои мустақил тамоми талошро мекунанд, ки ба бозигарони ин намоиши кӯҳна табдил ёбанд?

Бархе аз ҳизбу номзадҳо аз рӯйи намоишнома дар спектакл ширкат мекунанд, вале барои бархи дигар ин беҳтарин саҳнаи худнамоӣ ва шояд муваффақияти тасодуфӣ зимни кӯтоҳии "фиори маъмурӣ"-ст, барои қисми дигар ҳифзи бизнес ва имтиёзҳо, барои савумиҳо “қарздор” кардани "коргардонҳо" ба хотири дарёфти мақоме. Баъзеҳоро тағйиру сабукиҳои нисбии қонуни интихобот умедвор кардааст. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи сарони ҲНИТ номзадҳои он дар интихоботи соли 2010 наздик ба 30 дарсад раъй овардаанд. Ҷазо дидани ду раиси кумиссюнҳои интихоботӣ барои тақаллуб ва роҳ ёфтани дунафарӣ аз 4 ҳизб ба порлумон номзадҳои, ба истилоҳ “бегона”-ро ҳавасманд мекунанд.

Тоҷикистон, ба ҳар ҳол мехоҳад, зоҳири он тобиши демократӣ дошта бошад ва фарқи худро аз Ӯзбакистон ё Туркманистон ҳифз кунад.

Мавзӯи молӣ низ дар миён аст. Ба гуфтаи Марат Мамадшоев, “вакилӣ ҳоло мансаби номенклатурӣ шудааст. Вакил даромад ва имтиёзҳои хуби иҷтимоӣ дорад.” Аз сӯи дигар, ин сипарест дар баробари “таваҷҷӯҳи эҳтимолии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ”.

Шинохти мардум аз интихобот
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00

XS
SM
MD
LG