Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи истифодаи дастгоҳҳои сабт дар интихоботи Қирғизистон


Дар интихоботи Қирғизистон истифодаи ручка, дастгоҳи сабти видеоии телефонҳои мобил ва дигар васоил манъ мешавад.

Дар интихоботи Қирғизистон истифода аз ручка, камераҳои телефонҳои мобил ва дигар васоили сабт манъ мешавад. Комиссиюни марказии интихоботҳои Қирғизистон мегӯяд, дар талоши ҷилавгирӣ аз тақаллуб ва истифодаи батакрори овози раъйдиҳандагон, маҷбур аст аз методҳои нав кор барад. Баъди паҳн шудани овозаҳо дар бораи ин ки ҳар раъйдиҳанда барои акси варақаи овоздиҳиаш бо ишораи исми ҳизби мушаххаси сиёсӣ аз ин ташкилот пул дарёфт мекунад, комиссиюни интихоботии Қирғизистон мегӯяд, маҷбур аст ба таври сареъ чораҷӯӣ кунад.

Тоирбек Сарпашев, муовини аввали нахуствазири Қирғизистион дар сӯҳбат бо бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфт, ки баъзе ҳизбҳо ручкаҳое харида ба раъйдиҳандагон тақсим кардаанд, ки дорои камераи хурд аст ва ин ручкаҳо акси бюллетенҳои онҳоро сабт мекунанд. Ин мақоми давлатӣ гуфт, ки ба қарибӣ исми ин ҳизби сиёсиро ошкор мекунад. Аз ҳамин хотир, тасмим гирифта шуд, ки дар интихобот истифодаи ручка манъ шавад. Муовини аввали нахуствазир гуфт, ки ҳизбҳо ба мардум пул медиҳанд ва аз онҳо ваъда мегиранд, ки раъйи худро барои ин ҳизб хоҳанд дод, дар акси ҳол, онҳо ҳатман муайян мекунанд, ки ин шахс барои кӣ овоз додааст. Вале бо ҷорӣ шудани муқаррароти нав, ҳеҷ ҳизб ё гурӯҳе наметавонад ҷараёни раъйдиҳии афродро назорат кунад. Вай гуфт:

«Мо ручка неву маркерҳои махсусро ҷорӣ мекунем, ки харида шудаанд. Ҳамчунин истифодаи дастгоҳи аксбардорӣ, видео-камера ва телефон манъ мешавад. Ҳизбҳое, ки мехоҳанд раъйи мардумро бидузданд, акнун бояд бидонанд, ки танҳо аз роҳи ба даст овардани эътимоди мардум метавонанд ба ҳадаф бирасанд», гуфт ӯ. Ҳоло қарори нави комиссиюни интихоботӣ ба ҳама ҳавзаҳои раъйдиҳӣ ирсол шудааст. Вале аз ҳоло кормандони ин нуқтаҳои раъйдиҳӣ мегӯянд, ки қарори нав ихтилофҳои тозаро эҷод мекунад.

Раиси анҷумани «Тоза шайлоо» Айнура Усупбекова гуфтааст, ки қонун ба шаҳрвандон доштани дороии хусусиро ба ҳангоми ширкат дар интихобот манъ накардааст. Ва чунин қарорҳои нав дар ҷараёни овоздиҳӣ ихтилоф ва печидагиҳои зиёд эҷод мекунад, гуфт ӯ. «Телефону дигар чизҳо – дороии шахсии шаҳрвандон ҳисоб мешавад. Онҳоро аз дасти раъйдиҳандагон гирифтан мумкин нест. Вагарна бояд тартибу муқаррароти махсус таҳия шавад, бояд қуттиҳои амн гузошта шавад, ки одами барои овоздиҳӣ омада чизҳояшро дар ин қуттӣ ҷо кунад ва нафарони масъул барои амнияти ин чизҳо ҷавоб диҳанд. Ин кор қоидаву танзим мехоҳад. Барои он ки инсон телефонро истифода накунад, нозирон метавонанд назорат кунанд», мегӯяд ӯ.

Интихоботи парлумонии Қирғизистон рӯзи 4 октябр баргузор мешавад. Дар интихобот 14 ҳизби сиёсӣ иштирок хоҳанд кард ва муборизаи онҳо барои курсии парлумон хеле шадид аст. Дар баробари ин ки ин маъракаи сиёсиро САҲА ва нозирони дигари байналмилалӣ назорат мекунанд, аз миёни созмонҳои маҳаллӣ – Эътилофи барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфтааст, ки 1400 нафарро барои назорат аз ҷараёни раъйдиҳӣ сафарбар хоҳад кард. Ин нозирон дар 700 нуқтаи раъйдиҳӣ ҷой дода мешаванд.

XS
SM
MD
LG