Пайвандҳои дастрасӣ

То ҳол дар Тоҷикистон дар робита ба интихоботи моҳи ноябри раёсати ин ҷумҳурӣ ягон назарсанҷӣ анҷом нашудааст.

Дар кишварҳои ғарбӣ одат кардаанд, ки дар остонаи ҳар интихобот ва ё дар рӯзи интихобот назарсанҷӣ анҷом диҳанд ва бартариву имконоти номзадҳоро пешгӯӣ кунанд. Аммо дар кишварҳои Осиёи Миёна, ба вижа дар Тоҷикистон бо гузашти 21 сол аз истиқлол анҷоми чунин назарсанҷиҳо ба падидаи маъмулӣ табдил наёфтааст.

Назарсанҷиро маъмулан марказҳо ё созмонҳои омӯзиши афкори умум анҷом медиҳанд. Агар натиҷаҳои назарсанҷӣ аз натиҷаҳои расмии интихобот фарқи зиёд дошта бошад, дар он сурат ҷомеашиносон ва созмонҳои байналмилалии нозир натиҷаҳои расмии интихобот ва шаффофияти онро зери суол мебаранд.
Дар Тоҷикистон масъалаи назарсанҷиҳо шояд дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар се моҳи боқимонда аҳамият пайдо мекунад.

ОЁ НАЗАРСАНҶӢ ДАР ТОҶИКИСТОН МАЪМУЛ ШУДААСТ?

Мусоҳибони мо аз марказҳои гуногуни таҳлилӣ ва омӯзиши афкори умум эътироф мекунанд, ки дар Тоҷикистон дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ё дар рӯзи интихобот баргузории назарсанҷӣ то ҳол ҷой наафтодааст. Ба ҳамин сабаб аз одамоне, ки назар пурсида мешавад, шояд назари воқеии худро изҳор накунанд.


Музаффар Олимов

Музаффар Олимов

Музаффар Олимов - раҳбари маркази таҳлилии “Шарқ”мегӯяд, баргузор кардани exit poll ё opinion poll дар Тоҷикистон мисли кишварҳои пешрафтаи Аврупо ё Амрико маъмул нест, вале ба ҳар ҳол анҷом мегирад: “Ба назарам, ба он дараҷае нест, ки дар Аврупо маъмул аст. Дар ин ҷо баъзе нозукиҳо ва омилҳое ҳаст ва ба ин масъала бо шубҳа муносибат мекунанд ё ақидаи воқеъии худро ифода намекунанд. Аммо баъзе таҷрибаҳо ҳаст."

Оқои Олимов дар ин маврид назарсанҷии соли 2010-ро дар назар дорад, ки дар остонаи интихоботи парлумонӣ анҷом гирифта буд. Вале мегӯяд, дар шароити кунунии Тоҷикистон мисли кишварҳои пешрафта тақрибан баробар будани натиҷаҳои назарсанҷӣ ва ё натиҷаҳои расмии интихобот хеле кам иттифоқ меафтад, агар баргузоркунандагони назарсанҷӣ бо мақомоти интихоботӣ гуфтугӯҳои пинҳонӣ надошта бошанд.

Дар кишварҳои ғарбӣ маъмулан чанд маркази назарсанҷӣ ҳамзамон назарпурсӣ анҷом медиҳанд ва натиҷаҳо аз якдигар хеле кам фарқ дорад ва онҳо вазъи воқеиро нишон медиҳанд.

ҲАДАФИ НАЗАРСАНҶИҲО ОШКОР КАРДАНИ ТАҚАЛЛУБ АСТ

Марказҳои назарсанҷии Тоҷикистон низ мегӯянд, ҳадафи баргузор кардани назарпурсиҳо ошкор кардани тақаллуб ва ё зерои суол бурдани чунин тақаллуб дар интихобот аст. Ба ин далел гоҳо мақомоти кишварҳои Осиёи Миёна ба баргузории назарсанҷиҳо ризоят нишон намедиҳанд.


Қаҳрамон Бақозода

Қаҳрамон Бақозода

Қаҳрамон Бақозода - раиси маркази назарсанҷии “Зеркало” мегӯяд, то ҳол дар Тоҷикистон exit poll ё назарсанҷӣ дар рӯзи интихобот анҷом нагирифтааст. Барои ҳамин қазовати он дар мавриди Тоҷикистон кори мушкил аст. Вале давлату ҳукуматҳои Осиёи Миёна бештар ба натиҷаҳои кумисиюнҳои интихоботӣ такя мекунанд ва тарафдори баргузории exit poll нестанд.

Оқои Бақозода мегӯяд: “Ҳукуматҳо тарафдори гузарондани exit poll нестанд, Онҳо кумиссиюнҳои интихоботиро масъули баргузории интихоботи шаффоф медонанд. Барои ҳамин аз баргузории exit poll тарафдорӣ намекунанд.”

Барои анҷоми чунин назархоҳиҳо сармоя ва воситаву таҷҳизоти фаннӣ низ зарур аст ва дастикам 2 моҳ омодагӣ мехоҳад.

Ғаюр Қаҳҳоров - раҳбари созмони ғайридавлатии “Сотсиолог” мегӯяд, маҳалҳои баргузории назарсанҷиҳо, яъне шаҳрҳо ва ноҳияҳо аз қабл бояд муайян бошанд ва одамоне, ки ин корро дар маҳалҳо анҷом медиҳанд, бояд аз қабл омодагӣ бигиранд. Вале вай мутмаин аст, ки барои баргузории чунин назарсанҷиҳо иҷозаи расмии мақомот зарур нест, зеро ин марказҳои таҳлилӣ ё назарсанҷӣ расман сабти ном доранд. Фақат онҳо бояд бо мақомот онро ҳамоҳанг кунанд.

ИМКОНИ ЗАДУБАНДИ МАҚОМОТ БО НАЗАРСАНҶҲО&

Оқои Қаҳҳоров мегӯяд, натиҷаҳои расмӣ аз натиҷаҳои назарсанҷӣ маъмулан то 2 дарсад метавонад тафовут дошта бошад. Вале дар ҷомеаҳои имрӯзи кишварҳои Осиёи Миёна ин ақидаҳо низ ҳаст, ки баргузоркунандагони назарсанҷиҳо шояд бо марказҳои интихоботӣ гуфтугӯҳои “паси пардагӣ” дошта бошанд ва натиҷаҳои назарсанҷиро бо хости мақомот, бо натиҷаҳои кумиссиюнҳои интихоботӣ баробар кунанд.

Ғаюр Қаҳҳоров меафзояд: “Бояд мустақилона амал кунанд, лекин бевиҷдонҳое ҳастанд, ки мустақил нестанд. Онҳо ҳам аз ин тараф пул мегиранд ва ҳам аз он тараф. Дар натиҷа мебинед, ки натиҷаҳоро бо натиҷаҳои кумиссиюнҳо баробар мекунанд. Вале агар интихобот шаффофу демократӣ бошад, бояд каме фарқ кунад.”

МАРКАЗҲОИ НАЗАРСАНҶӢ ҲАМ ОМОДАГӢ МЕХОҲАНД

Сабаби то ҳол баргузор накардани exit poll дар Тоҷикистон аз як сӯ омода набудани марказҳои назарсанҷӣ ва надоштани таҷҳизоти пешрафта барои исботи фикр дар мавридҳои зарурӣ мебошад. Аз сӯи дигар, маъракаҳои интихоботӣ дар Тоҷикистон чун дар кишварҳои пешрафта бояд гарм ва натиҷаҳои он ғайриқобили пешгӯӣ бошанд.


Раҷаби Мирзо

Раҷаби Мирзо

Раҷаби Мирзо - раиси маркази таҳлилии “Бозтоб” ин ақидаро таъйид мекунад:
“Дар Тоҷикистон азбаски ана ҳамин гуна маъракаҳо хеле кам сурат гирифтаанд ё натиҷаҳои интихоботҳо ҳамаашон қобили пешгӯӣ мебошанд ва ҳатто аксар вақт ин пешгӯиҳо дуруст ҳам меоянд, барои ҳамин шояд, ки таваҷҷуҳ ба exit poll-ҳо кам аст ва то ҳол сурат нагирифтааст.”

Маъмулан номи ононе, ки назар медиҳанд, ошкор намешавад. Бо вуҷуди ин, ҳоло ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ба вижа дар минтақаҳо, ба ин боваранд, ки ин назарсанҷиҳо низ ба нафъи мақомот анҷом мегирад ва на ҳар шахс омода аст дар назархоҳӣ ширкат ҷӯяд ё он гуна назар диҳад, ки мақомотро “наранҷонад”, зеро дар чунин ҳолатҳо ҳамеша “садои по”-и мақомотро дар паси худ эҳсос мекунад. Коршиносон мегӯянд, ҳангоми ҷавоб додан шубҳа ва ё ҳароси ниҳонӣ дар вуҷуди мусоҳибон мушоҳида мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG