Пайвандҳои дастрасӣ

Шоҳиди куштори хонаводае дар Исфара ҳамоно дар ҳоли шок аст


Шоҳиди ягонаи ҳодисаи куштори хонаводаи Чоркӯҳ Идриcбой, фарзанди Абдуқаҳҳор Халлоқов мебошад, ки дар ҳамлаи гурӯҳи ношиноси мусаллаҳ шаби 20-уми август зинда мондааст.

Яке аз наздикони хонаводаи Халлоқовҳо 22 август ба радиои Озодӣ гуфт, ягона нафаре, ки бо чашмонаш афроди мусаллаҳро дидааст ҳамин фарзанди 17-солаи ин хонавода - Идрисбой Халлоқов мебошад, ки дар ҳамлаи шаби 20 август ҷон ба саломат бурдааст.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, ки келини Абдуқаҳҳор Ҳаллоқов низ дар ин ҳодиса пинҳон шуда зинда мондааст, вале вай танҳо садои афроди мусаллаҳро шунидааст, ки ба забони русӣ ва қирғизӣ гап мезаданд, вале чеҳраи онҳо ё либоси онҳоро надидадаст. Ва ҳамчунин Иброҳими 10-сола низ аз ин ҳодиса зинда мондааст, ки вай ҳам бо чашмони худаш афроди ҳамлаварро надидааст.

«Ҳоло Идрисбой сиҳату саломат аст, вале дар ҳолати беҳавосӣ (шок) қарор дорад, охир вай куштори ваҳшиёнаи падару модар ва апаву бародарашро дар як шаб бо чашмони худ дидааст, ҳамин ки ба худ омад, албата нақл мекунад, ки қотилҳо киҳо буданд», зикр намуд ҳамсуҳбати мо.

Тавре Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, иттилоъ дод гурӯҳи мусаллаҳи номаълум хонаводаи Абдуқаҳҳор Ҳаллоқовро дар соати 3-и шаби 19 ба 20 август ба ҳалокат расонд. Ин хонавода , муваққатан дар хоҷагии деҳқонии №5, ҷамоати деҳоти «Чоркуҳ»-и ноҳияи Исфара кор ва зиндагӣ доштанд.

Қурбониён Абдуқаҳҳор Халлоқов, соли таваллудаш 1952, ҳамсараш Халлоқова Мӯҳтарама, соли таваллудаш 1953, духтараш Мамадҷонова Гулчеҳра Бобоевна, соли таваллудаш 1975, ки бо писараш, қурбонии чорум - Халлоқов Иноятулло соли таваллудаш 2000 ба меҳмонӣ омада буд, ҳамагӣ сокини ҷамоати деҳоти «Чоркуҳ» - и Исфара мебошанд.

Тавре раиси шаҳри Исфара Раҳмоналӣ Амиров имруз ба радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир барои ошкор кардани ин ҳодиса Сарраёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ва Додситонии ин вилоят машғул ҳастанд.

Аммо аз ин ҳодиса се рӯз мегузарад, вале ҳануз ҷинояткорони ин куштор ошкор карда нашудаанд ва мақмомти умумри дохила ҳеҷ фарзия низ пешинҳод накардааст.

Мақомоти интизомии вилояти Бодканди Қирғизистон гуфтаанд, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон режими шадиди амниятӣ ҷорӣ буда аз рӯи ҳодисаи куштори бераҳмонаи чор узви оилаи Халлоқовҳо аз Тоҷикистони ҳаммарз тафтишот идома дорад.

«Дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон пулис барои ҳифзи амнияти сокинон аз раёсати марказӣ қувваи иловагӣ гирифтааст», гуфтааст ба «Интерфакс» Арстан Усанов, сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Бодкант.

Бино ба иттилои қаблии экспертиза, ҳамлаварон аҳли хонаводаро латукӯб накарда, аз милтиқи варзишии навъи ТОЗ – 12 – и истеҳсоли Корхонаи силоҳи Тулаи Русия истифода кардаанд, ки дар Осиёи Марказӣ ҳамчун милтиқи шикорӣ истифода мешавад. Дар бораи сабабҳои ин куштор мақомот то ба ҳол ягон фарзияи расмиро пешниҳод накардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG