Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаҳрдорӣ: "Талабе барои гирдиҳамоӣ назди сафорати Олмон нарасидааст"


Сафорати Олмон дар Душанбе.

Сафорати Олмон дар Душанбе.

Мақомоти шаҳрдории пойтахт мегӯянд, ки то кунун аз сӯи касе ва ё гурӯҳе аз сокинони Душанбе барои баргузории гирдиҳамоӣ дар назди сафоратхонаи Олмон дар рӯзи ҷумъа, ба онҳо дархосте нарасидааст.

Шӯъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе субҳи рӯзи панҷшанбеи 16 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки то кунун дар мавриди баргузории гирдиҳамоӣ дар назди сафоратхонаи Олмон дар Душанбе нома ва ё муроҷиате ба онҳо нарасидааст. Ба гуфтаи манбаъ, агар ҳамчунин талаб ва ё муроҷиате сурат бигирад, ҳатман ба ин шӯъба хоҳад расид ва баъдан мавриди баррасии бахшҳои дигари мақомоти шаҳрдорӣ, қарор хоҳад гирифт.

Ин дар ҳолест, ки дар расонаҳо номае бо имзои чанд сокини пойтахт ба унвони раиси шаҳри Душанбе ба нашр расидааст, ки дар он аз Маҳмадсаид Убайдуллоев тақозо мешавад, ки барои баргузории гирдиҳамоӣ дар назди сафоратхонаи Олмон рӯзи ҷумъа 17-уми апрел аз соати 08:00 то 11:00 иҷозат диҳад, то эътирозашонро ба воситаи сафири фавқулода ва мухтори Олмон дар Душанбе ҷаноби Ҳолгер Грен ба Ҳукумати Олмон расонанд.

Муаллифони ин мактуб навиштаанд, ки аз вазъи ба амаломада дар Ховари Миёна, аз ҷумла Сурияву Ироқ ва Афғонистон нигарон ҳастанд ва мехоҳанд дар баробари ҳизбу гурӯҳҳои тундраву террористӣ суханашонро бигӯянд. Дар ин мактуб аз ҷумла омадааст, ки "Саркардагони онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, аз қабили Додоҷон Атовуллоев, Шарофиддин Гадоев ва дигар ҳамроҳонашон, ки барои дар қаламрави Тоҷикистон содир кардани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта дар кофтуковӣ расмӣ қарор доранд, аз ҷониби давлати тараққикардаи дунё Олмон дастгирӣ ёфта истодаанд."

Дар ин мактуб аз ҳукумати Олмон интиқод шудааст, ки барои баргузории эътироз дар Берлин --пойтахти он кишвар иҷозат додааст, “агар давлати тараққикардаи дунё чун Олмон ҷинояткорони дар кофтукови расмӣ ба воситаи Интерпол қарордоштаро имконият диҳанд, ки дар қаламрави давлаташон озодона гашту гузор ва даст ба гирдиҳамоӣ зананд пас дар бораи гурӯҳҳои ҷинояткоре, ки имрӯзҳо худро чун «Давлати исломӣ» эълон кардаву даст ба куштору ғоратгарӣ зада истодаанд чӣ гуфтан мумкин аст?

Дархости баргузории гирдиҳамоии расмӣ аз сӯи гурӯҳе аз сокинони Душанбе дар назди сафорати Олмон дар ҳолест, ки соатҳои тахминан 11:30 рӯзи гузашта гурӯҳи хурде аз занону ҷавонмардон дар назди ҳамин сафоратхона таҷаммӯъ карда буданд. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, ин гурӯҳи иборат аз тахминан 15-20 нафар - асосан занҳо ва 5-6 ҷавонмард дар даст шиорҳо ба назди сафоратхона наздик шуда, бо садои баланд "аз озодӣ, такрор нашудани ҷанги шаҳрвандӣ, кӯшиши бесубот кардани кишвар аз ҷониби бегонаҳо" сӯҳбат мекарданд. Ин таҷаммуъ тақрибан 10-15 дақиқа идома ёфт ва ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, ходимони милисаи ҳамаи ин гурӯҳро ба микроавтобуси навъи "Газел" нишонда бо худ бурданд.

Ин дар ҳолест, ки нисфирӯзии рӯзи сешанбе, 14 апрел дар назди сафорати Тоҷикистон дар Берлин як гирдиҳамоии мухолифони тоҷик баргузор шуда буд. Ин таҷаммӯъ бо ширкати даҳҳо нафар баргузор шуд, ки ба гуфтаи ташаббускорон, тарафдорони Эътилофи нирӯҳои мухолифи “Тоҷикистон нав” иборат аз созмонҳои “Гурӯҳи 24”, “Ватандор”, “Озодӣ ва Адолат” ва “Эҳёи Тоҷикистони нав” мебошанд. Абдулло Абдураҳмонов, як фаъоли "Гурӯҳи 24" дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки "гирдиҳамомадагон истеъфои президент Эмомалӣ Раҳмон, озодии маҳбусони сиёсӣ ва хатми шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистонро талаб карданд". Дар ин гирдиҳамоӣ раиси "Гурӯҳи 24" Шарофиддин Гадоев суханронӣ кард.

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшоҳ Неъматов ба Радиои Озодӣ гуфт, ин намояндагии дипломатӣ кори худро ба таври маъмулӣ пеш мебарад ва ҳар амале дар беруни бинои он ҷараён мегирад, марбут ба қонунҳои кишвари Олмон аст. Аз ҷараёни гирдиҳамоии мухолифон дар Берлин полиси Олмон назорат мекард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG