Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осиёи Марказӣ барои Иттиҳодияи Аврупо камаҳамият мешавад?


Патриси Флор, собиқ фиристодаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо барои Осиёи Миёна.
Патриси Флор, собиқ фиристодаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо барои Осиёи Миёна.

Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, ки сар аз 1-уми марти имсол дигар фиристодаи олӣ барои Осиёи Марказӣ нахоҳад дошт.

Мая Косиансич, сухангӯи Кетрин Эштон, масъули умури сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 27-уми феврал дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Патрисиа Флор, сиёсатмадори олмонӣ, ки сар аз соли 2012 дар ин мақом буд, баъди ташкили ҳукумати нав дар Олмон ба Берлин фаро хонда шудааст ва Иттиҳодияи Аврупо дигар касеро ҷойгузини ӯ таъйин намекунад. Ба гуфтаи ӯ, дафтари масъули сиёсати умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо аз тарки мақом кардани Патрисия Флор бисёр мутаассиф аст, вале “ҳамзамон аз кори олии ӯ дар Осиёи Марказӣ ибрози қадрдонӣ мекунад.”

Мая Косиансич гуфт, ки аз ин пас Хадамоти умури берунии Иттиҳодияи Аврупо намояндаи хос барои Осиёи Марказӣ хоҳад дошт, ки ҳамкориро бо онҳо идома бидиҳад. Ба қавли ӯ, Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунон ба аҳди худ барои амиқрафти равобит бо Осиёи Марказӣ, ки дар стротежии махсуси Иттиҳодияи Аврупо барои минтақа зикр шудааст, содиқ мемонад.

Лағви чунин мақоми муҳим дар Иттиҳодияи Аврупо ба гуфтаи таҳлилгарон мумкин аст, ба ҳузуру нуфузи иттиҳодия дар Осиёи Марказӣ асари манфӣ гузорад. Ҷош Бунстра, таҳлилгари равобити Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ аз пажӯҳишгоҳи FRIDE, ки дар Мадрид қароргоҳ дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, нақшу салоҳиятҳои фиристодаи нав назар ба мақоми пешин камтар хоҳад буд ва ӯ мисли фиристодаи вижа дар назди раҳбарони кишварҳои минтақа нуфузи зиёд нахоҳад дошт:

“Фиристодаи олӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ мақоми баланди дипломатӣ дорад, зеро ин фард, кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупоро намояндагӣ мекунад. Агар мақоми поинтаре аз ин ва фиристодаи хос аз Хадамоти умури берунии Иттиҳодияи Аврупо ба Осиёи Марказӣ биравад, мумкин аст, ӯро зиёд ҷиддӣ нагиранд. Агар он фард корманди ҳамин хадамот бошад, шояд ӯро раиси ҷумҳур ва ё вазири умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ билофосила ба ҳузур напазиранд. Албатта ман мутмаин нест ва мо бояд мунтазир бошему бубинем чӣ мешавад ва чӣ гуна фарде, фиристодаи хос таъйин мешавад.”

Ба гуфтаи ӯ, лағви мақоми фиристодаи олии Иттиҳодияи Аврупо барои Осиёи Марказӣ, зоҳиран бахше аз ислоҳоти дохилӣ дар сохторҳои иттиҳодия аст, аммо бешак метавонад сабаби коҳиши нуфузи Иттиҳодияи Аврупо дар минтақа шавад. Дигар ин ки ба гуфтаи таҳлилгари ҳолландӣ, вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сурати майли гуфтугӯ бо Иттиҳодияи Аврупо аввал ба фиристодаи вижа муроҷиат мекарданд, ки баёнгари обрӯву эътибори ӯ дар назди кишварҳои минтақа аст. Ҷош Бунстра ҳамчунин ба Радиои Озодӣ гуфт, ки лағви мақоми Фиристодаи олии Иттиҳодияи Аврупо барои Осиёи Марказӣ дар замони баде рост омадааст:

“Чанд корҳое ҷараён дорад, ки гурӯҳи фиристодаи хоси Иттиҳодияи Аврупо сари он кор мекунад, яке аз онҳо гузориши Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи нерӯгоҳи Роғун аст, ки бояд ба зудӣ нашр шавад. Дар ин масъалаи ҳаcсос миёни Тоҷикистону Узбакистон, Иттиҳодияи Аврупо ҳам миёнаравӣ мекунад. Масъалаи дигар, ки дар на танҳо дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ, балки Русия ва Амрико ҳам ба таври васеъ баррасӣ мешавад, ихроҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон аст. Дар ин масъала фиристодаи олии Иттиҳодияи Аврупо нақши муҳим дошт. Гурӯҳи фиристодаи олӣ сари ин масъалаҳо сахт кор мекунад ва ҳамчунин сари муколамаи амниятии Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар сатҳи баланд, ки моҳи май дар Душанбе сурат мегирад.”

Ба гуфтаи Ҷош Бунстра, Иттиҳодияи Аврупо набояд ҳузуру ҳамкориашро дар Осиёи Марказӣ коҳиш диҳад, зеро ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди дурӣ аз Аврупо, мушкилоти амниятиву субот ва ҳуқуқи инсону шеваи ғайридемократии ҳукуматдорӣ дар минтақа ба Иттиҳодияи Аврупо ҳам ғайримустақим таъсир мегузорад. Мақоми фиристодаи олии Иттиҳодияи Аврупо барои Осиёи Марказӣ соли 2006 таъсис шуд ва то соли 2012 Пйер Моррел дипломати варзидаи аврупоӣ дар ин мақом буд.
XS
SM
MD
LG