Пайвандҳои дастрасӣ

Сар аз ин ҳафта шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳолатҳои изтирорӣ аз хадамоти алоқаи мобилӣ ва интернет маҳрум хоҳанд буд.

Порлумони Тоҷикистон ба ҳукумат ҳақ дод, дар сурати эълони вазъи фавқулода на танҳо фаъолияти хабарнигоронро маҳдуд кунад, балки мардумро аз дастрасӣ ба интернетро ва гуфтугӯҳои телефонӣ маҳрум намояд.

Бар асоси тағйиру ислоҳе, ки вакилони мардумӣ ба қонун “Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулода” ворид кардаанд, ба ҳукумати Тоҷикистон дар ҳолатҳои изтирорӣ салоҳиятҳои васеътар дода мешавад. Аз ҷумла ҳукумат ҳақ дорад, дар сурати эълони чунин вазъ ба ширкатҳои мобилӣ, аз ҷумла "Вавилон-Мобайл", Тселл, "Мегафон-Тоҷикистон" ва ҳар кадоми дигари онҳо амр диҳад, ки алоқаи телефониро барои муддате боздоранд ва муштариёни худро аз гуфтугӯи телефонӣ маҳрум кунанд. Ҳамчунин ҳукумат метавонад, “барои ҳифзи субот” дар ҳолатҳои фавқулода дастрасӣ ба Интернетро маҳдуд намояд ва монеи дастрасии шаҳрвандон ба торнамоҳо шавад.

Дар вокуниш ба қабули қонуни нав Ғафур Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон рӯзи 4-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мухолифате ба банди нави қонун надорад, вале муҳим он аст, ки аз ин санад сӯистифода нашавад: “Ҳолатҳое пеш меояд, ки ҳукумат, ниҳодҳои марбута, сохторҳои қудратӣ метавонанд, кори ниҳодеро боздоранд. Аммо ин қарор бояд дар сатҳи баландтарин, масалан Шӯро оид ба технологияҳои информатсиониву коммуникатсионӣ, ки раҳбари он худи раиси ҷумҳур аст, қабул шавад."

Раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон бар ин аст, ки қарори қатъи кори алоқаи мобилиро набояд идораву муассиса ё хадамоти мушаххас қабул кунад. Вай афзуд, ин ҳақ бояд танҳо салоҳияти шӯрои мазкур бошад: "Масалан, Хадамоти алоқа хост, бигираду кори ширкатҳоро боз дорад. Ва ё ниҳодҳои қудратӣ инро бихоҳанд. Ҳамаи ин кор бояд таҳти раҳбарии Шӯро оид ба технологияҳои информатсиониву коммуникатсионӣ сурат бигирад, чунки аввал ба он шӯро мутахассисон шомиланд ва дуввум раиси ҷумҳур раиси ин шӯро аст. Ҷомеа бояд бидонад, ки қарори шӯро қабул шудааст ва суолҳои зиёдатӣ пеш наоянд. Албатта вазъи фавқулода ҳар вақт метавонад, рух бидиҳад, соати чаҳори бомдод ва ё дувоздаҳи шаб, вале қарори ниҳоиро бояд ниҳоде қабул кунад, ки ман қаблан ном бурдам.”

Ба гуфтаи Ғафур Эркаев, ҳеҷ кас намехоҳад, ки дар кишвараш рӯйдоди ваҳшатнок, мисли нооромиҳои феълӣ дар шарқи Украина ба вуқӯъ пайвандад, ки дар онҷо нерӯҳои давлатӣ ба зидди ҷудоихоҳони тарафдори Русия меҷанганд. Қонуни нав, ки ҳафтаи гузашта баъди нашраш дар матбуоти расмии Тоҷикистон ҳукми иҷро гирифт, моҳи апрел дар Маҷлиси Намояндагон қабул шуд ва онро баъди тасвиби Маҷлиси миллӣ дар ҳамон моҳ, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 26-уми июл ба имзо расонд.

Бар асоси қонуни пешин “Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъи фавқуллода”, ҳукумати Тоҷикистон ҳақ надошт, дастрасӣ монеи дастрасии шаҳрвандон ба Интернет шавад ва ба кори ширкатҳои мухобиротӣ дахолат кунад. Аммо иҷоза дошт, ки фаъолияти матбуоту хабарнигоронро маҳдуд намоянд, сензура ҷорӣ кунад ва ё ҳангоми кор, дастгоҳҳои наворбардорӣ ва ё сабти хабарнигореро бигирад. Бар асоси қонун ҳукумати Тоҷикистон метавонад, ҳангоми рӯй додани офатҳои табиӣ, садамаю фалокатҳо, хуруҷи бемориҳои сироятӣ, бетартибиҳои оммавӣ, ҳангоми кӯшиши ғасби ҳукумати қонунӣ ва ё табаддулоти эҳтимолӣ, таҳдид ба тамомияти арзӣ ва зарурати барқарор кардани тартиботи ҳуқуқӣ вазъи фавқулода эълон кунад. Ингуна вазъ танҳо дар замони ҷанги хунини панҷсолаи Тоҷикистон эълон шудааст ва баъд аз хотимаи ҷанг чунин ҳолате пеш наомадааст.

Вале бе эълони вазъи фавқулода кори ширкатҳои мобилӣ барои тамоми давраи амалиёти ҳарбӣ дар Бадахшон дар тобистони соли 2012, дар ҷанг бо гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар соли 2010 дар водии Рашт муттавақиф шуда буд. Маҳдуд кардани дастрасии корбарони Тоҷикистон ба торнамо ва шабакаҳои алоҳида низ пайваста ба мушоҳида мерасад. Дар гузашта ин ҳолат бо номаи Хадамотии алоқа ва феҳрасти сомонаҳое, ки бояд баста шаванд ба амал меомад, вале моҳҳои охир дар робита ба баста шудани шабакаи Одноклассники ва Ютюб мақомоти расмӣ мегӯянд, онҳо дар ин бора дастуре надода, қатъи дастрасӣ ба торнамоҳо "мушкили фаннӣ"-и ширкатҳои интернетрасон аст.

Дар чанде аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Миср, Тунис, Сурия ва ғайра ҳангоми тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ низ дастрасии шаҳрвандон ба хадамоти мобилӣ ва шабакаи Интернет маҳдуд карда шуд. Дар ин ҳаводис ҳукуматҳо мегуфтанд, мухолифон бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ ва телефонҳои ҳамроҳ фаъолиятҳои худро ҳамоҳанг мекунанд. Айни баҳонаро ҳукумати Тоҷикистон дар рӯйдодҳои Рашт зикр карда буд. Аммо қатъи робитаи мобилӣ дар офатҳои табиӣ дар ҳеч куҷои дунё дида нашудааст. Баръакс дар чунин ҳолатҳо телефонҳои ҳамроҳ имкон додаанд, ки шумораи бештари офатзадагон наҷот дода шаванд ва чораҳои наҷотбахшиё мададрасонӣ комёбтар гаштаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG