Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷиксуғурта" ба зарардидагони сӯхтори Кӯлоб кӯмак намекунад (ВИДЕОИ НАВ)


Сӯхтор дар бозори "Саховат"-и Кӯлоб.
Сӯхтор дар бозори "Саховат"-и Кӯлоб.

Ширкати "Тоҷиксуғурта"-и Кӯлоб ба зарардидигаони сӯхтор дар бозори "Саховат"-и ин шаҳр кӯмак карда наметавонад.

Абдуғаффор Давлатов, раҳбари ширкати "Тоҷиксуғурта" дар минтақаи Кӯлоб рӯзи панҷшанбе зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон сабаби кӯмак накардани ин корхона ба соҳибкорони зарардидаи бозори "Саховат"-ро чунин шарҳ дод: "Мутаассифона муддати 15 соли ахир ягон нафар аз соҳибкорони бозори «Саховат» бима ё суғурта нашудаанд. Ба ин далел, ширкати мо ба ягон нафар аз 680 соҳибкори бозори "Саховат" кӯмак карда наметавонанд."

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба таъкиди ҷаноби Давлатов, кормандони ширкати "Тоҷиксуғурта" чандин маротиба хостанд дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти бозори "Саховат" молу маҳсулоти соҳибкоронро суғуртаи давлатӣ кунанд, аммо талошҳои онҳо натиҷа надодааст. Аммо ба гуфтаи раҳбари "Тоҷиксуғурта" дар Кӯлоб, пас аз сӯхтор даҳҳо тан аз соҳибкорони бозори "Саховат" ба ин идора муроҷиат карданд, ки ин ширкат бидуни ягон ҳуҷҷати асоснок ба онҳо кӯмак расонида натавонистааст. Дар ҳамин ҳол Абдуғаффор Давлатов афзуд, ки кӯмак ба баъзе аз соҳибкорони зарардида имкон хоҳад дошт, агар маблағ пайдо шавад ва раҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиксуғурта" ин дастурро диҳад.



Масъулони ширкати "Тоҷиксуғурта" дар Кӯлоб бар ин назаранд, ки сокинон ба фаъолияти онҳо бовар надоранд. Абдуғаффор Давлатов мегӯяд, "ҳатто осебдидагони офати табиӣ соли 2010-ум, ки аз омадани сел дар шаҳри Кӯлоб зарар диданд, баъди соҳиб шудани хонаҳои навбунёд, худ ва амволи худро суғурта накардаанд. Ҳарчанд дар замони бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ аз ҳисоби «Тоҷиксуғурта» ба онҳо кӯмакҳои пӯлӣ расонида шуд."

Зимнан, дар пайи сӯхтори шаби 12 ба 13 январ дар бозори "Саховат"-и шаҳри Кулоб, ки ба гуфтаи мақомот бар асари расиши ноқил барқ рух дод, 96 дӯкон, 382 нуқтаи фурӯш ва дар маҷмӯъ 668 соҳибкор зарар дидаанд. Маблағи тахминии амволи зарардида 2, 8 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол мақомот ваъда додаанд, ки то ҷашни Наврӯз аз нав бунёд карда мешавад, ки раёсати "Тоҷикматлубот" ин масъулиятро ба дӯш гирифтааст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки пас аз вуқӯи ҳодисаи сӯхтор Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазир ва Сироҷиддин Валиев, раҳбари "Тоҷикматлубот" аз маҳалли ҳодиса дидан карданд ва ба соҳибкорони осебдида ваъда доданд, ки хисороти ворида ҷуброн хоҳад шуд. Ҳатто Сироҷиддин Валиев гуфт, соҳибкороне, ки дӯконҳояшон сӯхта нобуд шудааст, барояшон дӯкони нав бунёд карда мешавад ва як сол куллия савдогарони зарардида аз андоз ва дигар пардохтҳо озод хоҳанд шуд. Ҳамакнун барои бунёди қисмати сӯхтаи бозор маблағи 800 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Оташсӯзӣ дар бозори "Саховат"-и Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:14 0:00
XS
SM
MD
LG