Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар вилояти Хуррам даҳҳо кушта ва захмӣ ба ҷо гузошт


Дар пайи таркиши бомбаи худсохт дар як минтақаи қабиланишини Покистон 21 нафар ҷон бохта ва 40 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Мақомот гуфтанд, таркиш дар бозори меваю сабзиҷоти шаҳри Парачинор, маркази Хуррам, минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон рух додааст. Икромуллоҳ Хон, як мақоми баландпояи Парачинор, ба хабаргузории "Франс Пресс" гуфтааст, маводи тарканда дар қуттии сабзиҷот ҷогузорӣ шуда буд. Нерӯҳои покистонӣ маҳалли ҳодисаро иҳота карда, чархболҳо захмиёнро ба бемористон интиқол доданд. То кунун ягон гурӯҳ масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Минтақаи қабиланишини Хуррам, дар шимоли ғарби Покистон, ба унвони маҳалли даргирӣ миёни сунниҳо ва шиаҳо маъруф аст. Шиаҳо 20 дар сади аҳолии 200-миллионнафарии Покистонро ташкил медиҳанд.

XS
SM
MD
LG