Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бишкек: "Дар низоъҳои марзӣ ифротгароҳо нақш надоранд"


Як мақоми баландпояи қирғиз мегӯяд, низоъҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон ва Қирғизистону Узбакистон сарчашмаи маишӣ дошта, дар он кадом нерӯи ифротӣ нақше надорад.

Муовини сарвазири Қирғизистон дар умури амниятӣ Тоқон Момитов рӯзи ҷумъа гуфт, дар низоъҳои марзии Қирғизистон бо Тоҷикистон ва Узбакистон ифротгароҳо нақш надоранд. Ба гуфти Момитов сабаби ин низоъҳо маишӣ аст. Момитов дар сӯҳбат бо хабаргузории Интерфакс гуфтааст, “ман фикр намекунам, ки дар ин минтақаҳои ҳассос гурӯҳҳои ифротгароҳои динӣ ва террористӣ ҷамъ шуда, вазъро ноором карда бошанд.”

Ба андешаи оқои Момитов, сарчашмаи низоъҳо миёни сокинони манотиқи марзӣ ва кашмакашҳои сокинони маҳалҳо бо марзбонони кишварҳои ҳамсоя маишӣ, яъне об, замин ва қочоқ мебошад. Момитов бар ин назар аст, ки агар ҳайатҳои музокиракунанда масъулият дар дӯш гиранд, ҳалли ин низоъҳо имконпазир аст.
Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев Момитовро раиси ҳайати музокикунандаи қирғиз дар музокироти аломатгузориву ташхиси марзи миёни Қирғизистону Тоҷикистон ва Қирғизистону Узбакистон таъйин кардааст.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин байн 520 километри он аз тарафи ҳар ду ҷониб муқаррар ва қабул шудааст. Имтидоди марзи Қирғизистону Узбакистон 1370 километрро ташкил медиҳад, ки аз ин миён 1070 километри он ҷониб муқаррар ва қабул шудааст.

Соли равон сохтмони як роҳи мошингард аз ҷониби Қирғизистон ва ё боғдориву хонасозии сокинони ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон дар минтақаи ҳассос боиси ҷанҷоли сокинони деҳоти наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон шуда буд. Ҳамин гуна ҷанҷолҳо дар марзи Тоҷикистон бо Узбакистон ҳам ҷой доранд.

Дафтари матбуоти Кумитаи ҳифзи сарҳадоти давлатии Хадамоти амнияти миллии Узбакистон рӯзи 26 июн дар як иттилоия, ки хабаргузории русии Интерфакс нашр кард, гуфтааст, дар ин авохир мавридҳои марзшикании шаҳрвандони Тоҷикистон дар марзи ду кишвар афзудааст. Ин ниҳод аз ҷумла мегӯяд, ки рӯзи 7 июн як гурӯҳи ношиноси мусаллаҳ бо камонҳои шикорӣ аз қаламрави Тоҷикистон вориди Узбакистон шуда, сокинони маҳаллӣ ва чорвои онҳоро ғасб карда, ба он сӯи марз бурд.

Дар ҳамин ҳол рӯзҳои 14 ва 15 июн як воҳиди марзбонии Узбакистон 5 сокини Тоҷикистонро бо беш аз 1470 сар чорворо бо иттиҳоми сарҳадшиканӣ боздошт кард. Баъдан марзбонони узбак гуфтанд, ки ба хотири ҳифзи “муносиботи созанда байни Узбакистону Тоҷикистон чорвои боздоштшударо ба ҷониби Тоҷикистон баргардондаанд. Вале рӯзи панҷшанбе дар як тамоси телефонӣ бо радиои Озодӣ мақомоти деҳаи Моғиёни Панҷакент хабари раҳоии чӯпонҳоро тасдиқ накарданд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG