Пайвандҳои дастрасӣ

Мӯҳлати оташбас то 28-уми июл тамдид карда шуд


Як манбаи наздик ба ҳукумати Бадахшон мегӯяд, ба гурӯҳҳои мусаллаҳ фурсат дода шуд, ки то рӯзи шанбе силоҳҳои худро ба замин гузоранд.

Ин манбаъ, ки нахост номаш бурда шавад, нимаи дуввуми рӯзи ҷумъа ба "Озодӣ" гуфт, вазъ ба сурати умумӣ дар Хоруғ ором аст ва гаштугузори мардум дар хиёбонҳо ҳангоми рӯз бештар шудааст.

Мағозаҳо боз ҳастанд ва субҳи имрӯз терминали Хоруғ ба кор шурӯъ кард ва аз истгоҳи нақлиёти инҷо мусофирон ба тарафи Душанбе ҳаракат карданд. Ба қавли ҳамcӯҳбати мо, зиндагӣ то андозае ба маҷрои маъмулӣ медарояд.

Аммо як манбаъ дар вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ки аз охирин таҳаввулот дар мавриди замонати оташбас онҳоро дар ҷараён нагузоштаанд. Ин манбаъ рӯи даст гирифтани ҳамчунин тасмимро баъйид надонист, зеро ба қавли ӯ мақомот талош доранд то ин гуфтугӯҳо натиҷаи мусбат диҳанд ва аз хунрезӣ ҷилавагирӣ шавад.

Ин дар ҳолест, ки субҳи имрӯз як манбаъ дар ВУД ба "Озодӣ" гуфта буд, ки дар мавриди ба замин гузоштани силоҳ аз сӯи афроди мусаллаҳ дар Хоруғ, ҳанӯз натиҷаи дилхоҳ ҳосил нашудааст.

Вай афзуд, ки дирӯз мебоист 8 нафар силоҳи худро ба кормандони умури дохилаи Бадахшон месупориданд, вале онҳо ба маҳал ва замони таъйиншуда ҳозир нашуданд.

Ин манбаъ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир сӯҳбат сари таслими силоҳ нест, зеро гурӯҳҳои созмонёфта дар қадами аввал мунтазири иҷрои талабҳои пешниҳодкардаашон ҳастанд. Ҳарчанд талабҳои пешниҳодкардаи ин гурӯҳҳо маълум нест.

Ба таъкиди ин манбаъ, гурӯҳҳои мусаллаҳ мебояд то соати 12 имрӯз, ҷумъаи 27-уми июл силоҳҳояшонро таслими мақомоти интизомӣ кунанд.

Аммо тасмими баъдӣ чӣ хоҳад шуд, ин манбаъ аз он изҳори беиттилоӣ кард.
Бар асоси тавофуқ миёни нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳ марҳилаи супоридани силоҳҳо тавассути аъзои ин гурӯҳҳо, бояд субҳи имрӯз шурӯъ мешуд.

Раиси ҷумҳур: "Аз амалҳои иғвогарона ҷилавгирӣ кунед!"

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостори ҷилавгирӣ аз амалҳои иғвогарона дар пасманзари ҳаводиси Хоруғ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон шоми панҷшанбе аз тариқи телефон гузориши раиси вилояти Бадахшон Қодири Қосим ва раҳбарои ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ, Дарвоз, Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошим оид ба вазъи амниятӣ ва иҷтимоии минтақаро дарёфт кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин сӯҳбати телефонӣ, аз масъулони навоҳии ин вилоят тақозо кардааст, ки ба таври густурда миёни мардум дар масҷиду маҷлисгоҳҳо ва дар ҷамоатҳо амалҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд.

Таъкид шудааст, ки дар чунин як марҳилаи ҳассос кӯшиш кард аз амалҳои иғвогарона ҷилавгирӣ карда шавад.

Як манбаъи наздик ба дастгоҳи президенти Тоҷикистон гуфт, ки бо истифода аз замонати оташбас, ҳамаи намояндагони ҳукуматҳои ноҳияҳо ва афроди бонуфузи Бадахшон талош дорад ин масъала бо роҳи мусолиматомез ҳалли худро пайдо кунад.

Вай афзуд, бар асоси тавофуқе, ки ҳосил шудааст, нимаи аввали имрӯз марҳилаи супурдани силоҳҳо тавассути афроди гуррӯҳҳои мусаллаҳи созмонёфта оғоз хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол тибқи манобеи "Озодӣ", аз рӯзи гузашта вазъ дар шаҳри Хоруғ ором будааст, аммо шабона дар мавориде садои тирпаронӣ ба гӯш расидааст.

МАҚОМОТ: "РОҲ АЗ ДУШАНБЕ ТО ҚУЛМА БОЗ АСТ."

Худоёр Худоёров, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи ҷумъа ба «Озодӣ» гуфт, ки ҳаводиси Бадахшон монеъи ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе -Кӯлоб - Мурғоб - Қулма нашудааст.

Вай гуфт, ки ин нооромиҳо дар Хоруғ рӯх додаанд, ки чанд фарсах аз ин шоҳроҳ дуртар мебошад. Ҷаноби Худоёров гуфт, ки ин роҳ аз Шуғнон мегузарад ва шабурӯз боз аст. Ба қавли вай, ҳам мошинҳои вазнин ва ҳам сабукрав озодона дар ин масир равуо мекунанд. Худоёр Худоёров гуфт, ки дирӯз чанд нафар аз Бадахшон бо мошинҳои сабукрав ба Душанбе расиданд.

Аммо аз Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳеҷ иртиботи телефонӣ бо бахши гумрукии Бадахшон надоранд. Аз дафтари матбуоти ин ниҳод гуфтанд, ки агар роҳ боз бошад, идораи гумрук барои масдуд кардани он дахолат намекунад.

Дар ҳамин ҳол Расул Азизов, соҳибкори тоҷик, ки бо тиҷорати қисмҳои мошин машғул аст, гуфт, ки бору коллои онҳо ду рӯз қабл бо мошинҳои борбар аз Чин ба Душанбе оварда шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG