Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомот хабарҳо дар бораи ба сарбозу афсарони пойгоҳи 201 додани дахолатнопазирии дипломатиро рад карданд.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин гуна тавофуқ ва ҳамчунин банди махсус дар созишномаи низомии миёни Тоҷикистону Русия вуҷуд надорад. Вай афзуд, дар созишномаи имзошуда омадааст, ки агар сарбозону афсарони рус дар ҳудуди иншооти мутаалиқ ба худашон ҷиноят содир кунанд, бо қавонини Русия муҷозот мешаванд, аммо вақте онҳо дар дар ҳудудҳои марбут ба Тоҷикистон ва берун аз иншооти низомии худ ҷиноят содир мекунанд, бар пояи қонунгузории Тоҷикистон боздошт мешаванд ва ҷазо мегиранд.


Ибтидои моҳи октябри соли равон ҳангоми сафари Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Тоҷикистон миёни вазоратҳои дифоъи ду кишвар Созишномаи шароит ва мӯҳлати будубоши пойгоҳи низомии 201 – и Русия дар Тоҷикистон ба имзо расида буд. Ин созишнома то соли 2042 будубоши ройгони ин пойгоҳро то 30 соли дигар тамдид кард.


Он замон расонаҳо аз қавли Дмитрий Ушаков, ёвари раисҷумҳури ҳамчунин навиштанд, ки бино ба ин созишнома «тибқи Конвенсияи Вена дар бораи муносибатҳои дипломатӣ аз соли 1961 мақоми ҳайати шахсӣ ва аъзои оилаи онҳо баробар ба мақоми ҳайати маъмурӣ ва фаннии намояндагиҳои дипломатӣ хоҳад буд». Дмитрий Ушаков гуфта буд, ки «сарбозону афсарон аз тафтишот, боздошти худу амволашон дахлнопазирии дипломатӣ хоҳанд дошт».


Аммо манбаъи мо мегӯяд, ин ҳамаро ҷониби Русия замони музокирот пешниҳод карда буд, ки ба сарбозу афсарони рус дахлнопазирӣ ё иммунитети дипломатӣ дода шавад, аммо ҷониби Тоҷикистон ин пешниҳодро қабул накард.


Пойгоҳи низомии 201 бузургтарин пойгоҳи хушкигарди рус аст, ки соли 2004 дар пояи фирқаи 201 – и ин кишвар ташкил шуд. Он 7 ҳазор сарбозу афсари русро дарбар гирифта, дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа мустақар аст.
Музокирот сари ин пойгоҳ миёни ду кишвар аз соли 2008 ба сахтӣ идома дошт ва моҳи октябри соли равон ҳангоми сафари Владимир Путин, президенти Русия ба Тоҷикистон ба охир расид.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG