Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Милисаи тоҷик ба чӣ ҳақ дорад? Ба чӣ ҳақ надорад? (ВИДЕО)


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тарҳи Кодекси одоби касбии кормандони милисаро таҳия ва дар сомонаи расмиаш нашр кардааст. Бар асоси ин Кодекс, раҳбарияти мақомоти пулис ҳақ надорад, ки хешовандони наздики худро ба мансабҳои таҳти идорааш ба кор таъин кунад.

Инчунин, Кодекси одоб ба маъмурони пулис ҳақ намедиҳад, “ба фармони роҳбар такя карда”, шиканҷа ё дигар намудҳои муносибати зӯровариро истифода баранд. “Корманди милиса дар таъмини ҳуқуқ ва саломати боздошташудагон бояд вазифадор бошад,” – таъкид шудааст дар Кодекси одоб.

Мақомоти пулиси Тоҷикистон мегӯянд, аз рӯи тақозои ин одобнома, кормандони милиса ҳақ надоранд, ки ба ҷуз аз ангуштарии ақди никоҳ аз ҷавоҳироти дигар истифода кунанд. Набояд риш дошта бошанд, дар тан холкӯбӣ кунанд ва қоидаҳои либоси низомиро вайрон намоянд.

Кодекси одоб. Милисаҳо ба чӣ ҳақ (на)доранд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:15 0:00

Аммо Кодекси одоб саросар аз “ҳаққ надоранд”-и маъмурони пулис иборат нест. Дар банди 34-уми ин Кодекс гуфта шудааст, ки кормнадони пулис ҳақ доранд, “ба амалҳое, ки ба самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ба таври дахлдор иҷро намудани ӯҳдадориҳои мансабии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ монеа мешаванд, муқовимат намояд.”

Ин тадбирҳо, ба таъкиди муаллифони матни Кодекси ахлоқи милиса, ба хотири боло бурдани обрӯи муҳофизони тартибот дар чашми ҷомеа андешида шудаанд.

Ханҷар Эргашев, сокини ҳафтодсолаи пойтахт, ки собиқаи кор дар сохтори милисаро доштааст, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ҳоло ибораи як замон маъруфи ба истилоҳ “милиса - оинаи давлат” аз забонҳо афтодааст. Зеро, ба гуфтаи ӯ, “ҳоло бештари мардум дар симои милиса пуштибони худро намебинанд. Вақте дар пайи латукӯби писарам ҷароҳат бардоштам ва ба милиса муроҷиат кардам, касе ба додам нарасид ва писарамро ҳам ба ҷавобгарӣ накашиданд.”

Яке аз эродҳои дигари сокинон нисбат ба милисаи тоҷик шеваи пӯшиши сару либос ва рафтору гуфтори онҳо бо шаҳрвандони одист. Зарина Қамарова, сокини Душанбе, мегӯяд, бояд маъмурони пулис намуна бошанд ва шаҳрвандон фахр кунанд, ки сокинонро чунин нафарони хушодобу хушлибос муҳофизат мекунанд.

Вале, ба қавли Зарина, ҳоло аксари милисаҳо ҳангоми суҳбат дағалона ҳарф зада ва фикр мекунанд, ки мардум танҳо як зердасти онҳост: “Маҳаллаи “Саховат”, ки дар онҷо зиндагӣ мекунам, макони серодам аст ва милисаҳо ҳам зиёд ба чашм мерасанд. Агар онҷо бинед либосашон тамоман шинам нест. Шояд онҳо кори зиёд доранд барои ин ба худ аҳамият намедиҳанд, вале набояд ин тавр рафтор кунанд.”

Аммо ба фарқ аз Зарина ҳамсуҳбати дигари мо Анис Бобоҷонов мегӯяд, барои милиса муҳим сару либос нест. Ба қавли ӯ, милиса метавонад рафтори хуб дошта бошад ва ҳангоми суҳбат бо шаҳрвандон худро муаррифӣ ва ҳуҷҷате нишон диҳад, ки воқеан корманди ҳифзи ҳуқуқ аст.

Таҳияи Кодекси одоб барои кормандони милиса дар ҳолест, ки исми милиса, ҳомии ҳуқуқу пуштибони мардум дар солҳои охир борҳо дар қазияҳои марбут ба фасод ва зӯроварӣ зикр шудааст. Ошкор шудани баъзе қазияҳои зӯроварии пулис ба боздоштшудаҳо ва рабт гирифтани бархе аз кормандони ин ниҳод бо ришва эътимод ба онҳоро коҳиш додааст.

Навори бадрафторӣ бо гурӯҳе аз боздоштшудаҳои ноболиғи ҷашни "Ҳолӣ" дар шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар моҳи майи соли ҷорӣ сару садои зиёдеро барангехта буд. Бархе аз сокинон рафтори маъмурони милисаро маҳкум карда ва хостори муҷозоти онҳо шуда буданд.

Мирзоамин Шарифов, корманди собиқи милиса, аз таҳияи Кодекси одоби кормандони пулис изҳори хушҳолӣ кард ва маҳз банди 44-уми ин кодексро, ки “роҳбари мақомоти милиса ҳақ надорад, хешовандони наздики худро ба мансаби зери тобеи худ таъин кунад” саривақтӣ донист. Ин ҳамсуҳбати мо ба ин бовар аст, ки иҷро шудани бандҳои ин кодекс ба ҳаёти сокинони кишвар таъсир дорад ва метавонад эътимоду бовари сокинонро ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ дубора биафзояд.

Таҳияи Кодекси одоби касбӣ барои кормандони милиса дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2013 Стратегияи ислоҳоти бахши пулис барои солҳои 2013-2020-ро қабул кард, ки як ҳадафи он боло бурдани эътимоди мардум ба мақомоти умури дохилӣ аст.

XS
SM
MD
LG