Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додситонии Кӯлоб парвандаи "авбошӣ"-и афсари пойгоҳи Русияро рад кард


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Додситонии Кӯлоб боз шудани парванда алайҳи як афсари пойгоҳи низомии 201-и Русияро рад кард, аммо қазияи дуздидани автомати "Калашников" аз сӯи як сарбози ин пойгоҳро тасдиқ мекунад.

Додситонии шаҳри Кӯлоб рӯзи 3 феврал дар вокуниш ба матлаби Радиои Озодӣ таҳти унвони «Авбошии як афсари пойгоҳи Русия ва дуздии автомати Калашников», ки рӯзи 2 феврал ба нашр расид, гуфт, парванда алайҳи як сарбози ин пойгоҳ бо иттиҳоми дуздии автомат вуҷуд дорад, вале дар мавриди авбошии афсари Русия дар яке аз тарабхонаҳои шаҳр шикояте ба дасти онҳо нарасидааст.

Фатҳиддин Зуҳуров, муовини додситони шаҳри Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт, алайҳи ҳеҷ афсари гарнизони пойгоҳи 201, мустақар дар шаҳри Кӯлоб парванда боз накардаанд ва аз сӯи шаҳрвандон низ нисбати латтукӯб аризаи даъвогӣ ворид нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки як манбаъ дар додситонии шаҳри Кӯлоб рӯзи2 феврал ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки алайҳи як афсари пойгоҳи 201-и Русия, воқеъ дар ин минтақа, парванда боз кардааст. Ба қавли манбаи Озодӣ дар додситонии Кӯлоб, капитан Чемизов дар латту кӯби як сокини маҳаллӣ ва расондани зарари сахти ҷисмонӣ ба ӯ айбдор мешавад: “вақте ин афсари пойгоҳи 201 вориди қаҳвахона мешавад, дар баробари ғизо шароб низ фармоиш медиҳад. Баъд аз он ки сархуш мешавад, доду фарёд мебардорад ва яке аз пешхидматонро сахт латту кӯб мекунад.”

Тибқи банди 13-уми созишномаи соли 2012 имзошуда байни Русияву Тоҷикистон, ки замони пойгоҳи 201-уми артиши Русияро дар Тоҷикистонро то соли 2042 тамдид кард, афсарону аскарони ин пойгоҳ ва ҳамчун ин аъзои хонаводаҳои онҳо аз таъқиби ҷиноӣ дар Тоҷикистон масуният доранд, вале ба истиснои чанд ҳолат, ки якеаш ҳамин расондани осеби ҷисмонист. Дар чунин ҳолат мақомоти маҳаллӣ ҳақ доранд, низомиҳои Русияро ба ҷавобгарӣ бикашанд, вале дар бандии баъдии созишнома омадааст, ки афроди марбут ба пойгоҳи Русия муваззаф нестанд, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳатто ба ҳайси шоҳид баёнот диҳанд.

Дар ҳамин ҳол, Фатҳиддин Зуҳуров тасдиқ кард, ки сарбози дигари пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон Александр Саидахмедов дар воқеъ барои дуздидани автомати «Калашников» гунаҳгор шудааст, аммо ин ҳолат дар ҳудуди пойгоҳ сурат гирифта, алайҳи ин сарбоз аз сӯи додгоҳи ҳарбии ин қисми низомӣ парванда боз шудааст.

Вай афзуд: «Ин ҳолат дар даруни базаи яроқҳои худи дивизия рух додааст. Мо низ нисбати ин ҳолат ягон маълумот надорем, зеро ҳодисаро пурокурори худашон месанҷанд. Аммо пулиси мо гирду атрофии пойгоҳро назорат мекунанд, то ягон ҳодисаи аз сӯи сарбозони ин пойгоҳ содир нашавад. Вале нисбати латукӯби сокини маҳаллӣ аз сӯи афсари рус, мо то кунун хабар надорем.»

Аммо Александр Саидахмедов дар шарҳи сабаби рабудани автомати "Калашников" гуфтааст, ки фақат мехост ҳушёрии сарбозони навбатдори бахши силоҳҳоро санҷад. Вале як масъули пулиси Кӯлоб рӯзи сешанбеи 3 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, Александр Саидахмедовро баъди чанд дақиқа аз ҳуҷраи либос бо яроқ дастгир кардаанд: «Ин сарбоз вақте автоматро медуздад, баъди чанд дақиқа аз каптиёрка, ё ҳуҷраи либос дарёфт мекунанд. Ӯ яроқро ба беруни шаҳр низ баровардагӣ нест. Кормандони мо ҳамеша гирду атрофи пойгоҳро назорат мекунанд, аммо аз девор он тараф дар ҳудуди худи пойгоҳ дохил мешавад, вале то кунун аз сӯи милиса ё прокурор ҷинояти латтукӯб ё баровардани яроқ ба беруни шаҳр ба қайд гирифта нашудааст.»

Раҳимҷон Тешабоев

Раҳимҷон Тешабоев

Тайи моҳҳои охир бори дувум аст, ки номи сарбозону афсарони пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба ҷурми латту кӯб ва куштори сокинони маҳаллӣ расонаӣ мешавад. Қаблан Илдар Сахапов ва Федор Басимов – ду сарбози пойгоҳи ҳарбии Русия ба ҷурми даст доштан дар қатли ронандаи таксӣ -- Раҳимҷон Тешабоев боздошт шуда, то кунун тафтиши парвандаашон идома дорад. Ин ду сарбози пойгоҳи Русия 26 августи соли гузашта баъд аз он боздошт шуданд, ки шаби 19 август ҷасади сарбуридаи Раҳимҷон Тешабоев аз назди кӯле дар қарибиҳои деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ пайдо шуд.

Тешабоев одатан дар назди қароргоҳи пойгоҳи 201-и Русия, дар маҳаллаи "Гипрозем"-и шаҳри Душанбе таксиронӣ мекард. Сахапов ва Басимов барои он дар ин куштор гумонбар дониста шуданд, ки бо Тешабоев додугирифти молӣ доштаанд.

Масъалаи рафтори низомиҳои рус дар хориҷ асосан баъди қазияи як моҳи пеши Валерий Пермяков, як сарбози пойгоҳи Русия дар Арманистон вирди забони расонаҳо шуд. Пермяков рӯзи 12 январ аз қисми низоми воқеъ дар шаҳри Гюмрӣ фирор карда, 7 узви як хонаводаи маҳаллиро аз тири автомати Калашникови бо худ бурдааш ба ҳалокат расонд. Ӯро рӯзе баъд дар наздикии марзи Арманистон бо Туркия дастгир карданд. Русия баъди ин моҷаро ба хотири таскини хашми ҷомиаи Арманистон ваъда дод, ки муҳокимаи парвандаи ин сарбозашро дар худи Арманистон анҷом хоҳад дод ва аз соли 2016 такмили сафҳои пойгоҳҳои хориҷии артиши Русия танҳо аз ҳисоби сарбозони қарордодӣ сурат хоҳад гирифт.

Пойгоҳи низомии 201-и Русия бо наздик ба 7 ҳазор сарбозу афсари худ дар се шаҳри Тоҷикистон - Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб ҷойгир шудааст. Моҳи октябри соли 2012 Маскаву Душанбе мӯҳлати будубоши сарбозони рус дар қаламрави Тоҷикистонро то соли 2042 тамдид карданд. Дар иваз Русия мебоист дар навсозии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон кумак кунад. Бино бар созишнома, ин пойгоҳ ҳимояи манфиатҳои Русия ва якҷо бо артиши Тоҷикистон амнияти ин кишварро таъмин мекунад. Ду тараф онро омили таъмини субот ва амният дар минтақа арзёбӣ мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG