Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти Низомхон Ҷӯраев дар шаҳри Маскав


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти Низомхон Ҷӯраев, собиқ сарвари корхонаи кимиёи Исфара ва узви пешини Маҷлиси вакилони вилояти Суғд дар шаҳри Маскави Русия иттилоъ дод.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорат, ба Радиои Озодӣ гуфт, боздоштро рӯзи ҷумъа кормандони милисаи ноҳияи Хамовникии шаҳри Маскав анҷом додаанд:

«Ин боздошт бо дархости вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҷониби вазорати корҳои дохилии Русия сурат гирифтааст. Ҳозир музокирот идома дорад. Бар асоси тавофуқи дуҷониба, Низомхон Ҷӯраев ба ҳамин наздикӣ ба Душанбе оварда мешавад».

Навбатдори шӯъбаи милисаи ноҳияи Хамовникии Маскав боздошти Ҷӯраевро таъйид кард, аммо аз ироаи маълумоти бештар худдорӣ намуд.

Иттиҳоми Низомхон Ҷӯраев

Коршиносон мегӯянд, агар истирдод ба мисли қазияи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, ба таври мармуз сурат нагирад, ба Душанбе зарур меояд Маскавро итминон диҳад, ки шахси боздоштшуда воқеан муҷрим аст.

Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ӯ бар асоси 4 моддаи Кодекси ҷиноӣ, ки ҷиноятҳои иқтисодианд, аз ҷумла тақаллуби аснод, мӯҳр, бланк ва мукофоти давлатӣ, саркашӣ аз пардохти андоз, ба расмият даровардани маболиғи ғайриқонунӣ, тасарруфи амволи давлатӣ ва ғайра боздошт шудааст.

Аммо бино бар тағйир дар Қонуни кайфарӣ ё Кодекси ҷиноии Тоҷикистон шахсоне, ки дар ҷиноятҳои иқтисодӣ ё маъмурӣ маҳкум шудаанд, метавонанд бо пардохти зарари расонида ва маблағи муайяне барои ҳар рӯзи мӯҳлати муқарраршудаи ҷазо аз зиндон озод шаванд.

Ду соли фирор дар хориҷ

Низомхон Ҷӯраев соли 2007 аз Тоҷикистон фирор карда, дар пайгарди байнулмилалӣ қарор дошт.

Соли 2009 Додгоҳи олии Тоҷикистон 31 хешу ҳамкор ва коршарики ӯ, аз ҷумла бародаронаш Толиб ва Фахриддин Ҷӯраевҳоро ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард. Азбаски ҳамаи онҳо сокинони Исфара буданд, расонаҳо ин парвандаро «Парвандаи Исфара» унвон доданд.

Баҳси «Парвандаи Исфара»

Бино бар иттилоъи додгоҳ, ин гурӯҳ ба давлат ҷамъан 11 миллион доллар зарари молӣ расонидааст. Ҳамчунин он дар куштори Толиб Бобоев, муовини додситони кулли Тоҷикистонро дар соли 1999 муттаҳам мешавад.

Аммо собиқ додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов ҳукми додгоҳро «ғайриқонунӣ ва беадолатона» унвон карда, хостори бозбинии он шуда буд.

Бар замми таваҷҷӯҳи собиқ додситони кул «парвандаи Исфара» дубора дар баҳси ду узви Додгоҳи олии Тоҷикистон ва як додвари ноҳиявии Душанбе бо нашриҳои "Азия-Плюс", "Фараж" ва "Озодагон", ки изҳороти вакили мудофеъ Солеҳҷон Ҷӯраевро нашр карда буданд, сари забонҳо афтод. Вакил сабти гуфтугӯи телефониро нашр кард, ки дар он раиси муҳокима мегуфт, ҳукмнома дар коргоҳи раиси Додгоҳи олӣ ва бо ишора аз "боло" омода шуда, далоили кофӣ надоштааст.

«Изи русӣ»

Неъматулло Мирсаидов, коршиноси тоҷик мегӯяд, Ҷӯраев ду сол ба ин сӯ дар қаламрави Русия озодона ба сар мебурд ва гуреза ба ҳисоб мерафт, зеро агар ягон ҷурм медошт, бадоҳатан боздошт мешуд. Вай афзуд, бо назардошти фирори 25 зиндонӣ аз боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва фарзияҳои густардаи «изи русӣ» дар он, гумон меравад, Маскав хостааст, бо ин боздошт обрӯи худро ҳифз кунад:

«Русия ваъдаи кӯмак кард ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон бо истифода аз вазъ рӯйхати наве тартиб дода ба ҳамтоёни русашон фиристодаанд, ки гурезаҳоро дастгир кунанд, ки яке Ҷӯраев аст. Албатта, дастгир кардани одаме, ки дар Русия озодона ба сар мебарад, хеле осон аст».

Дар ҳамин ҳол, Маҳмадулло Асадуллоев мегӯяд, соли равон дар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ 44 шаҳрванди Тоҷикистон дастгир шудаанд, 40 нафар дар Русия ва якнафарӣ дар Арманистону Озарбойҷон ва Молдоваву Украина.

Дар робитаи ба таҳқиқи фирори 25 зиндонӣ сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, то ба ҳол натиҷае ба даст наомадааст.
XS
SM
MD
LG