Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади Нишонаро ҳанӯз наёфтаанд. Мақомот: "Сатҳи оби Вахш баланд аст" ВИДЕО


Нишона Умарова
Нишона Умарова

Пайвандони Нишона Умарова, хонандаи синфи 9-уми мактаби миёнаи рақами 3-и шаҳри Норак, аз шеваи ҷустуҷӯи ӯ дар дарёи Вахш норозӣ ҳастанд. Нишона шоми 26 апрел ҳамроҳи як ҳамсинф ва духтари ҳамсояашон мехост, акси худро дар соҳили обҳои пуршӯри Вахш ба телефон бардорад ё “селфӣ” кунад, аммо ин кӯшиши ӯ бо фоҷиа анҷомид. Шоҳидон мегӯянд, ҳангоми аксбардорӣ пойи Нишона лағжида, ба об сарозер шуд ва инак се шабонарӯз мешавад, ки аз мурдаву зинда будани духтар ҳеҷ хабар нест.

Ду нафаре, ки ҳамроҳи Нишона будаанд, дар ҳолати “шок” қарор дошта ва мадори сӯҳбат карданро надоранд.

Сафармоҳ Алиева, модари Нишона бо ёдоварӣ аз он рӯз мегӯяд, баъди кор дар бозор ба хона баргашту аз хастагии рӯз сарашро рӯи болишт гузошт ва баъди муддате кормандони пулис ба манзилаш омада, ӯро аз ин ҳодиса хабардор кардаанд.

Алиева ҳанӯз ҳам ба худ наомада ва дар ҳолати “шок” қарор дорад. Вай рӯзи 29 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳамон рӯз Нишона ба наздаш ба бозор омад ва ӯ нафаҳмид, ки охирин дидор бо ҷигарбандаш буд: “Духтарам аз пешам рафт, меҳрубонӣ карда бо дугонаҳояш аксгирӣ рафт. Ман худам як телефон харида будам, намедонистам чӣ мешавад.”

Нишона Умарова
Нишона Умарова

Ин зан мегӯяд, танҳо ба хотири хушҳолии Нишона барояш телефон ҳадя кардааст ва аз поёни фоҷиабори он чизе намедонист. Гулнора, холаи Нишона, аз нақли дигарон фаҳмидааст, ки хоҳарзодааш вақте аз худаш акс мегирифтааст дар канори дарёи Вахш дар маркази шаҳр ба дарё ғарқ шудааст.

Аз Нишона нишонае нест
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00

Аммо ду нафаре, ки ҳамроҳи Нишона будаанд, дар ҳолати “шок” қарор дошта ва мадори сӯҳбат карданро надоранд. Суман Умарова, хоҳари Нишона, мегӯяд, вай аксгириро дӯст медошт, вале ҳеҷ гоҳ бовар надошт, ки рӯзе ӯро аз даст медиҳанд ва ҷасадашро пайдо карда наметавонанд.

Дар ҳоле ки хонавода ва пайвандони Нишона аз ҷараёни корҳои ҷустуҷӯии Нишона қонеъ нестанд, аммо мақомот мегӯяд, ҳоло оби дарёи Вахш баланд аст ва ба ин далел то ҳол натавонистаанд, ки ҷасади духтарро пайдо кунанд. Зимистони соли ҷорӣ сербарф омад ва ҳоло барфҳои обшуда маҷрои оби Вахшро пуршӯру баланд нигоҳ медорад.

Ин аст, ки кормандони Идораи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Норак дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ба далели зиёд будани оби дарёи Вахш ғаввосҳо наметавонанд ба қаъри дарё бираванд. Ба гуфтаи ин кормандон ҷустуҷӯи Нишона ҳанӯз ҳам идома дорад ва агар ҷасад рӯи об барояд, онҳо метавонанд онро аз берун оваранд.

Файзулло Ҳусейнов, сардори Идораи ҳолатҳои изтирории шаҳри Норак дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ хабари ғарқ шудани Нишона дар дарёи Вахшро тасдиқ карда гуфт, “оби дарё хеле баланд аст, ҳатто моҳидорҳоро гуфтем, ки дар сурати дидани ҷасад хабар диҳанд. Кормандони мо ҷустуҷӯи ҷасади духтаракро идома медиҳанд, вале агар зери об монда бошад, шояд баъди 10 рӯз ба берун барояд.”

Шаҳри Норак
Шаҳри Норак

Зимнан, Алимурод Исмоилов, мудири маориф ва илми шаҳри Норак дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Нишона ҳамроҳи як ҳамсинф ва духтари ҳамсояашон пас аз дарси аввал ба бозори шаҳр ба назди модараш ва аз онҷо барои аксгирӣ ба назди дарёи Вахш рафтаанд. Тибқи иттилои тафтишот Нишона ҳафтае пеш аз модараш як телефони ҳушманд тӯҳфа гирифтааст ва барои санҷидани аксгирии он ҳамроҳ бо дӯстонаш ба лаби дарё рафтааст.

Аммо ба гуфтаи як намояндаи ҳукумати шаҳри Норак баъди ба дарё афтодани Нишона ҷавоне хостааст, то ӯро наҷот диҳад, вале чун суръати оби дарё тез ва сатҳаш баланд будааст, натавонистааст духтарро наҷот диҳад.

Фоҷиае, ки бо Нишонаи наврас рух дод, ба нақли хешовандонаш, модарро аз пой афтонд. Умедҷон Тоҳиров, яке аз наздикони ин хонавода дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, модар баъди шунидани хабари ба дарё сарозер шудани духтараш бемор шудааст. Ҳоло ҳама аъзои хонаводаву хешу табор дар Норак ҳастанд ва талош доранд дар ҷустӯҷӯи Нишона саҳм гузоранд.

Ба дарё афтодану то ҳол пайдо нашудани ҷасади Нишона дар ҳолест, ки ба гуфтаи Сафармоҳ Алиева чанд соли пеш ҷасади шавҳарашро дар канори дарёи Вахш пайдо карда буданд ва Нишона ҳам нишонае аз падараш буд. Пас аз марги шавҳар хонум Алиева дар танҳоӣ ва мушкилӣ се фарзандро ба воя расонд, вале ҳамакнун ба эҳтимоли зиёд Нишонаашро аз даст додаааст.

Ҳамсинфонаш аз Нишона ба унвони духтари боодоб ном мебаранд ва ба гуфтаи яке аз онҳо – Давлатшо Саидов, ӯ бо баҳои хуб таҳсил мекард ва ва аз дарсҳо дур намемонд. Зимнан, бо зиёд шудани домани истифодаи телефонҳои мобил дар Тоҷикистон ҳам доштани ин василаи мухобирот, бахусус дар миёни ҷавонон маъмул шудааст. Дар баробари муоширатҳои телефониву интернетӣ тавассути дастгоҳҳои ҳушманд, пахши аксу видеоҳои бардоштаи соҳибони телефон дар Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам хеле густурда ба чашм мерасад.

Дар бозору фурӯшгоҳҳои вижа пайдо кардани телефонҳои навъҳои навтарини телефонҳои ҳушманд дигар мушкил нест ва онҳое ҳам, ки имкони пулии беҳтар доранд, талош мекунанд на телефони дасти ду, балки навъи нави телефонро ба даст оваранд. Ҳарчанд барои Тоҷикистон марги инсон ба ҳангоми гирифтани акси селфӣ ҳодисаи нодир аст, хабаргузориҳои ҷаҳон дар бораи ҳалокати корбарони телефонҳои мобил дар чунин ҳолатҳо зиёд хабар додаанд.

Дар бисёр ҳолатҳо талоши гирифтани акси ғайриоддӣ дар макони хатарноке мисли боми баландошёна, ҳангоми ҳаракати қатор, лаби кӯҳи баланд ва ё дарё бо фоҷиа анҷомидааст. Вазорати нақлиёти Амрико гуфтааст, дар соли 2014 33 ҳазор ҳодисаи ҷароҳату марги инсонҳо ҳангоми гирифтани селфи дар ҳоли ронандагӣ сабт шудааст. Нашрияи "Вашингтон пост" навиштааст, соли 2015 дар ҷаҳон 27 нафар ҳангоми селфи ҷон бохтанд ва нисфи ин ҳодисаҳо дар Ҳинд сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG