Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи Хуҷанд ба баррасии парвандаи 9 нафар, ки ба узвият дар созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизб-ут-Таҳрир гумонбар дониста мешаванд, оғоз кард.

Додгоҳи Хуҷанд дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба муҳокимаи парвандаи 9 сокини вилояти Суғд, ки ба узвият дар Ҳизб-ут-Таҳрир гумонбар дониста мешаванд, шурӯъ кард. Ба гуфтаи додгоҳ, ин афрод ҳамагӣ мардони синну солашон аз 30 то 50-сола аз манотиқи марказии вилояти Суғд буда, бо иттиҳоми шомил шудан ба созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизб-ут-Таҳрир ва фаъолият дар он, айбдор дониста мешаванд.

Алайҳи онҳо тибқи бандҳои 187 қ. 2 ва 307, иловаи 2 в 3, қисмҳои 2 - "таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ", “иштирок дар фаъолияти иттиҳоди ифротгаро” ва “иштирок дар фаъолияти созмони ифротгарои фаъолияташ бо қарори додгоҳ манъшуда”, айб эълон шудааст.

Ба гуфтаи ин манобеи додгоҳӣ, мурофиаи парванда ошкор баргузор мешавад, вале бинобар дар ҳоли таъмир қарор доштани толори додгоҳ ва таъмини чораҳои амниятӣ, дар боздоштгоҳи нигаҳдории муваққатӣ (СИЗО-и 1) ҷараён мегирад.

Тафтиши аввалияи парвандаи ин афрод, ки додситонии Суғд анҷом дода, ду нафар - Беҳзод Юнусов ва Толибҷон Хоҷаевро мутобиқи ҳар 3 банди мазкури Кодекси ҷиноӣ, 3 нафари онҳоро мутобиқи ду банд ва як нафар - Баҳром Ҳоҷибоевро аз рӯи танҳо як банд айбдор донистааст. Биноба ҳамин манбаъ, 6 нафари ин афрод қаблан низ барои фаъолият дар созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи “Ҳизб-ут-Таҳрир” зиндонӣ шуда, ҳоло бори дуюм бо ҳамин иттиҳом дастгир шудаанд.

Додситонӣ мегӯяд, Беҳзод Юнусови 30-сола, хамткардаи бахши забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва замони боздошт - бекор, соли 2008 дар шаҳри Маскави Русия тавассути “Абдулло” ном сокини Доғистон бо адабиёти Ҳизб-ут-Таҳрир аз ҷумла “Низоми ислом”, “Гурӯҳбандии ҳизбӣ” в “Пиндорҳои ҳизб” ошно шуда, ба ин созмон шомил шудаст.

Сипас соли 2014 бо дастури фаъолони ин ҳизб дар Маскав масъулияти ба ҳам овардани аъзои созмони “Ҳизб-ут-Таҳрир” дар Тоҷикистонро бар ӯҳда гирифта, ба кишвар баргашт. Ин афрод бо ҳам мулоқотҳо доир карда, маблағҳои ҷамъовардаи худ ва аз сӯи шарикони худ аз Русия ирсолшударо ба хонаводаҳои аъзои нодор ва маҳбуси ҳизб мерасонидаанд.

Боздошти ин афрод моҳи апрели соли равон аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва додситонӣ сурат гирифта, аз онҳо адабиёт ва варақаҳои мансуб ба “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Ҷабҳат-ун-нусра” ва равияи Салафия дарёфт ва мусодира шудааст.

Ин афрод зимни эълони айб ва тафтиши аввалия, аъзои як гурӯҳи бо ҳам ошно ва ҳамкори “Ҳизб ут-Таҳрир” эълон шуданд. Вале худи айбдоршавандаҳо ва вакилони мудофеи онҳо ин иттиҳомро рад мекунанд.

Саодат Абдураҳмонова, вакили дифои Баҳром Ҳоҷибоев, сокини 38-солаи шаҳри Хуҷанд рӯзи 13 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озоӣ гуфт, зерҳимояаш иттиҳомро қисман бар дӯш гирифта, дар мурофиа гуфтааст, ки дар фаъолияти ин созмони ифротгаро иштирок надошт. Саодат Абдураҳмонова афзуд, зерҳимояаш соҳибкор буда, дар як мағоза ба хотири таъмини оилаи 6-нафарааш ба тиҷорати хурд машғул будааст. Вай афзуд, ки “зерҳимояаш ба хонаводаҳои “Ҳизб-ут-Таҳрир” маводи ғизоӣ “хайрот” карда, ба гумони ёвари аъзои ин созмони ифротгаро дастгир шудааст.”

Вале Гулрухсор Яҳёев, вакили дифои Инъомҷон Ҷалолов - айбдоршавандаи дигар мегӯяд, тафтиши аввалия зерҳимояашро барои даъвати Мирзотоҳир Анваров - айбдоршавандаи дигар гунаҳкор мешуморад. Ба гуфтаи вай, зерҳимояаш бо аъзои “Ҳизб-ут-Таҳрир” дар маҳфилҳое ҷамъ омадани худро пинҳон намедорад, вале ҳаргиз мақсади содир намудани ҷинояте надоштаанд ва дигаронро низ ба сафи худ даъват накардаанд.

Маҳбуба Ҷалолова, модари Инъомҷон Ҷалолов мегӯяд, писарашро баъди боздошт зери фишору шиканҷа маҷбур кардаанд, айби ҳамкорӣ бо “Ҳизб-ут-Таҳрир”- ро бар дӯш бигирад: “Писарам гуфт, ки вай дар ин роҳи бад нест, фақат кадом рафиқаш ба вай каме пул додааст, ки гирифта монад. Барои ҳамин дошта бурданд. Аз додгоҳ умедворам, ки акнун ҳақиқатро маълум кунад.”

Додгоҳи Хуҷанд рӯзҳои 12 ва 13 - уми ноябр ин 9 нафарро бозпурсӣ намуда, аз ҳафтаи оянда ба бозпурсии шоҳидон оғоз хоҳад кард.

Дар 11 моҳи аввали соли равон додгоҳи Хуҷанд 10 сокинро бо ҷурми мансубият ба “Ҳизб-ут Таҳрир” ба мӯҳлатҳои аз 3 то 3.5 сол равонаи зиндон кард. 5 нафари онҳо дар солҳои 2001-2002 низ ба ҷурми узвият дар ин созмони мамнӯи динӣ, боздошт ва зиндонӣ шуда буданд.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар соли 2001 Ҳизб- ут-Таҳрир”-ро созмони “экстремистӣ” эълон намуда, фаъолияташро дар қаламрави кишвар манъ кард. Дар пайи ин садҳо аъзои ин созмон, ки умдатан дар манотиқи марказии Суғд фаъолияти густардае ба роҳ монда буданд, боздошт ва ба зиндон андохта шуданд.

XS
SM
MD
LG