Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

9 узви як хонавода аз Восеъ ба Сурия рафтаанд


Нӯҳ узви як хонавода аз ноҳияи Восеъ ду моҳи пеш аз Тоҷикистон ба Сурия рафтаанд ва мақомот нисбати ин ҳолат парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Субҳон Қосимов, як сокини 43-солаи ноҳияи Восеъ ду моҳи пеш бо 8 узви хонаводааш ба Сурия рафтааст ва мақомот нисбати ин ҳолат парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, ӯро дар ҷустуҷӯ қарор додаанд.

9 нафар аз як хона ҷигуна ба "Давлати исломӣ" пайваст?

Амина Гулмадова, раиси ҷамоати шаҳраки ноҳияи Восеъ рӯзи 6-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки ин хонавода дар кӯчаи Душанбеи маркази ноҳияи Восеъ дар хонаи иҷора ба сар мебурд. Хонум Гулмадова афзуд, ки ҳоло дари ин хона бастааст. Ӯ мегӯяд, Субҳон Қосимов бо зан ва ҳафт фарзандаш ба Сурия рафтаанд.

"Ин мард дар кӯчаи Душанбе дар хонаи иҷора ба сар мебурдааст, қариб 2 моҳи пеш ҳамроҳи зан ва 7 фарзандаш баромада рафтааст ва мақомот муайян карданд, ки ба Сурия рафтааст. Падараш бошад дар кӯчаи Айнӣ зиндагӣ мекунад, ҳатто модараш аз шунидани ин хабари шум бемор шудааст",--гуфт мусоҳиби мо.

Як манбаъ аз шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Восеъ дар суҳбат ба Озодӣ гуфт, ки ҳоло нисбати ин хонавода парванда боз шуда ва онҳоро дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додаанд. Аммо ин манбаъ аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ кард ва нагуфт, ки онҳо чигуна аз Тоҷикистон ба Сурия рафтаанд.

Аз мӯътодии маводи мухаддир то "Давлати исломӣ"

Баргигул Қосимова, хоҳарбузурги Субҳон Қосимов, рӯзи 6 май дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ки бародараш дар шаҳри Сочии Русия ба фурӯши тарбузу харбуз машғул буд ва аз онҷо ба онҳо маблағ мефиристод. Хонум Қосимова афзуд, ки бародараш дар гузашта мӯътоди маводи мухаддир буд. Ӯ мегӯяд, ки ҳамсари Субҳон бо 7 фарзандаш иҷоранишин буд ва фарзанди бузургаш 17 ва хурдияш 5-сола мебошанд.

"Намедонам, бародарам чаро рафт. Ӯ маводи мухаддир истеъмол мекард, ҳамин қадар табобат кардем, аммо сиҳат нашуд. Баъди рафтанаш ба Сочӣ, телефон карда гуфт, ки вақте қадамамро ба ин замин гузоштам, бемориам гум шуд. Занаш, фарзандонаш чигуна аз Тоҷикистон рафтанд, намедонам. Баъдан занг зад, ки дар Ироқ қарор дорад. Ҳоло ҳар шаб занг мезананд ва мегӯянд, ки ҷояшон соз ҳаст, ҷанг нест. Аммо бародари мо ду ҳафта пеш мурдааст ва занаш азодор аст. Дар сӯҳбатҳо ягон шикоят намекунад. Ҳафт писар дошт, ҳамааш дар ҳамонҷоянд",--гуфт мусоҳиби мо.

Тибқи иттилои мақомот, аз минтақаи Кӯлоб ба гурӯҳи тундравӣ "Давлати исломӣ" 100 нафар пайвастаанд ва бар пояи хабарҳо, ҳудуди 10 нафари он кушта шудаанд. Нисбати афроди боқимондаҳо бо моддаи 401, иловаи 1, яъне зархаридӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда ва дар ҷӯстуҷӣ байналмилаӣ қарор доранд.

Ин барои аввалин бор аст, ки аъзои як хонавода аз минтақаи Кӯлоб ба Сурия меравад ва ба гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" мепайвандад. Аз ин қабл чандин нафар аз Тоҷикистон бо хонаводаҳояшон ба Сурия ва Ироқ рафта ва ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайваста буданд.

Мақомоти Тоҷикистон пайваста аз афзоиши шумори шаҳрвандони тоҷик дар сафи гурӯҳҳои тундрави “Давлати исломӣ” изҳори нигаронӣ мекунанд. Ба ҳисоби мақомоти Душанбе, ҳудуди шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафта, ба гурӯҳҳои тундрав ва асосан ба “Давлати исломӣ” пайвастаанд. То имрӯз дар бораи ҳалокати ҳудуди 150 шаҳрванди тоҷик дар ҷангҳои Сурияву Ироқ гузориш шудааст.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ахиран дар матлабе дар нашрияи “Ҷумҳурият” гуфт, ки 85 дарсади ҷангҷӯёни тоҷикистонӣ маҳз ҳангоми муҳоҷирати кориашон дар Русия ва аксаран бо даъвати пайравони ҷараёни мазҳабии дар Тоҷикистон мамнӯи Салафия ба ҷангҳои Сурияву Ироқ ҷалб шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон барои пешгирӣ аз идомаи рафтани шаҳрвандонаш ба ҷангҳои Сурияву Ироқ ва кишварҳои дигар дар Кодекси ҷиноӣ банди нави 406-умро илова кардаанд, ки барои зархаридӣ ва ширкат дар ҷангҳои бегона то 12 соли зиндон ҷазо таъин кардааст. Ҳамзамон ба он ҷангҷӯёне ки ихтиёран бармегарданд, пешниҳоди афв шудааст. Бино ба омори додситони кулл, дар натиҷаи корҳои ташвиқотӣ 147 нафар қисман бевосита аз Сурияву Ироқ ва қисме ҳам аз роҳи сафар ба он кишварҳои ҷангзада ба Тоҷикистон баргардонда шудаанд.

«Давлати исломӣ» як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки ду сол пеш қисматҳое аз қаламравҳои Сурияву Ироқро ишғол ва дар ин сарзаминҳо эълони ба ном «хилофат» кард. Ин гурӯҳ бо бархӯрди бераҳмонааш нисбат ба асирону дигарандешон ва пайравони мазҳабҳои ғайр ном баровардааст. Аз Тоҷикистон, тибқи оморӣ, расмӣ 1094 нафар ба ҷангҳои Сурияву Ироқ рафта, ҳудуди 150 тани онҳо то имрӯз дар он ду кишвари арабӣ кушта шудаанд. Аммо 64 шаҳрванди Тоҷикистон бо истифода аз афви пешниҳодкардаи мақомот аз Ховари Миёна ба Тоҷикистон баргаштаанд.

XS
SM
MD
LG