Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 сол ҳабси як сокини Зафаробод барои ДИИШ


Шаҳобиддин Мирзоев, сокини ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, барои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва, ҳамин тавр, қасдаш барои рафтан ба Сурия 15 сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Як масъули додгоҳи ноҳияи Зафаробод рӯзи 4 май ба Озодӣ гуфт, ки Шаҳобиддин Мирзоев дар охирҳои моҳи апрели соли ҷорӣ боздошт шуда буд.

Ба қавли манбаъ, Шаҳобиддин Мирзоев дар ҷараёни баррасии парвандааш иқрор кардааст, ки қасди ширкат дар ҷангҳои Сурияро дошта, тавассути Интернет ба узвияти созмони тундрави "Давлати исломӣ" шомил шудааст. "Ӯ зимни омодагиҳояш ба Сурия чанд тани дигар аз ҷавононро низ барои рафтан ташвиқ кардааст," - афзуд мусоҳиби мо.

Мақомот мегӯянд, Шаҳобиддин Мирзоев талош доштааст аз тариқи Маскав ба Туркия ва аз онҷо ба Сурия гузарад. Аммо марзбонҳои Туркия ӯро боздошт карда ва сипас ба Тоҷикистон фиристодаанд.

XS
SM
MD
LG