Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии 9 гаравгони лубнонӣ дар ивази ду халабони турк


Истиқбол аз як гаравгони лубнонӣ дар Бил-ал-обид дар ҷануби Лубнон
Истиқбол аз як гаравгони лубнонӣ дар Бил-ал-обид дар ҷануби Лубнон

9 шиъаи лубнонӣ баъди 17 моҳи асорат дар дасти чирикиҳои Сурия шоми шанбе ба Бейрут баргаштанд.

Ин 9 лубнониро бо ду халабон(пилот)-и Туркия, ки рӯзи 9 август дар Лубнон ба нишони интиқоми асорати лубнониҳо асир гирифта буданд, иваз кардаанд. Халабонҳо низ рӯзи шанбе ба Туркия баргардонданд.

Бино ба хабарҳо, тибқи муомила, ки бо миёнҷигии намояндагони Қатар ба даст омад, давлати Сурия низ мебоист даҳҳо маҳбусро аз зиндонҳояш раҳо мекард. Вале ҳанӯз маълум нест, ки оё ин бахши муомила ҳам иҷро шудааст ё ҳанӯз на.

Матбуоти давлатии Лубнон мегӯяд, 9 шаҳрванди ин кишвар дар моҳи майи соли 2012 дар роҳи сафар ба маконҳои муқаддаси мазҳабии Эрон дар Сурия ба асорат уфтоданд. Чирикиҳои Сурия онҳоро ба доштани робита бо ҷангиёни Ҳизбуллоҳ - гурӯҳи шибҳанизомии шиъаҳои Лубнон, ки аз раисиҷумҳури низ шиъамазҳаби Сурия Башор Асад ҳимоят мекунанд, айбдор карданд. Ҷангиёни Ҳизбуллоҳ имсол дар набардҳо алайҳи чирикиҳо ба нирӯҳои режими Асад пайвастанд.

Башор Асад дар намози ид
Башор Асад дар намози ид
Эрон ва Ҳизбуллоҳ, ки аз мазҳаби шиъа ҳимоят мекунанд, тарафдори давлати Башор Асаданд, ки аз шохаи алавии мазҳаби шиъа пайравӣ мекунад. Аз ин равия дар Сурия ҳудуди 10 дарсади аҳолӣ пайравӣ мекунанд, дар ҳоле ки аксари аҳолии кишварро сунниҳо ташкил медиҳанд. Чирикиҳои Сурия бештар аз сӯи кишварҳои аксари аҳолиашон суннимазҳаб, ба мисли Туркия ва Арабистони Саудӣ, ҳимоят мешаванд.

Таҳлилгарон мегӯянд, табодули ахири гаравгонҳо нишон медиҳад, ки низоъи инак дувунимослаи Сурия чӣ қадар рангу оҳанги махҳабӣ гирифта, ба таври фазоянда кишварҳои ҳамсояи Сурияро ба домани худ мепечонад.

Шоми шанбе ҳавопаймои Қатар бо 9 гаравгони лубнониро дар фурудгоҳи Бейрут мақомоти давлатии Лубнон, рӯҳониён ва садҳо нафар аз мардуми оддии ҳаводор пешвоз гирифтанд. Вазъи гаравгонҳои раҳоёфта зоҳиран бад набуд. Яке аз ин гаравгонҳои раҳоёфта гуфт: “Шукри Худованд, ки алорағми тамоми ин фалокату саддҳое, ки пушти сар кардем, боз ҳам моро бо амн ва пирӯзӣ ба мамлакатамон, пеши волидону азизони мо баргардонд.“

Дар фурудгоҳи Истамбул низ халабонҳои “Turkish Airlines” Мурод Оқпинор ва Мурод Оқчаро сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва мақомоти дигари давлатӣ пешвоз гирифтанд. Мурод Оқпинор ба хабарнигорон гуфт: “Муносибат бо мо бад набуд, ман инро метавонам бо сароҳат бигӯям. Ба мо бархӯрди ваҳшиёна накарданд. Мо мавриди хушунати лафзӣ ё ҷисмонӣ қарор надоштем. Агар чунин мешуд, мо имрӯз ба инҷо намерасидем.”

Вазири хориҷаи Туркия Аҳмад Довудуғлу гуфт, раҳоии халабонҳо “аҳамияти минтақавӣ”-и ин кишварро, ки узви паймони низомии НАТО-ст, нишон медиҳад.

Ҷангҳо алайҳи режими Башор Асад, ки аз соли 2000, баъди 29 соли ҳукмронии падараш Ҳофиз Асад, бар тахти раёсати Сурия нишастааст, тақрибан моҳи марти соли 2011, бо илҳом аз инқилобҳои “Баҳори Араб” дар Тунису Миср ва Яману Либия шурӯъ шуда, инак 2 солу 7 моҳ боз идома доранд. Бино ба ҳисоби СММ, то моҳи сентябри соли равон шумори қурбониёни низоъи Сурия алакай ба 120 000 расида буд.
XS
SM
MD
LG