Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лаҳистон талаби истирдоди Поланскиро рад кард


Додгоҳи олии Лаҳистон талаби додситони кулли ин кишвар Збигнев Зебро дар мавриди ба Амрико таслим кардани коргардони маъруф ва дорандаи ҷоизаи "Оскар" Роман Поланскиро рад кард. Додгустар Михал Ласковский гуфт, ки Додгоҳи олӣ талаби додситони кулро беасос мешуморад. Ба гуфтаи Ласковский, парвандаи мавриди баҳс дар бораи имкони истирдод ва ё набудани чунин имкон аст, на муҷрим ё бегуноҳ будани Полански.

Дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ додситон ва вакили Полански суханронӣ карданд. Худи коргардон дар толори додгоҳ ҳузур надошт. Полански дар Фаронса ва Швейтсария зиндагӣ мекунад ва сафарҳоеро ҳам дар Лаҳистон анҷом медиҳад.

Додгоҳи Лос-Анҷелес Роман Поланскии 82-соларо соли 1977 барои дастдарозӣ ба духтари ноболиғ дар ғайбаш муҷрим эълон кард ва ӯро дар рӯйхати афроди мавриди пайгарди байналмилалӣ қарор дод. Полански соли гузашта наворбардории филмеро дар Лаҳистон барномарезӣ карда буд. Аммо баъди қарори додситони кул Зебро, ки гуфтааст дорандаи ҷоизаи "Оскар" бо истифода аз мақому шӯҳраташ аз ҷавобгарӣ фирор мекунад, аз барномаи таҳияи филм даст кашид. Зебро аз ҳизби "Ҳуқуқ ва адолат" намояндагӣ мекунад, ки соли гузашта дар интихоботи Сейм пирӯз шуд.

XS
SM
MD
LG