Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 9 узви тими Гулнора Каримова


Гулнора Каримоваро то чанд соли пеш ҷойгузини эҳтимолии курсии падар - президенти Ӯзбакистон мегуфтанд

Гулнора Каримоваро то чанд соли пеш ҷойгузини эҳтимолии курсии падар - президенти Ӯзбакистон мегуфтанд

Додгоҳи вилояти Тошканд 9 нафарро боздошт кардааст, ки гуфта мешавад бо духтари калонии президенти Узбакистон Гулнора Каримова кор кардаанд.

Додгоҳи вилояти Тошканд 9 нафарро боздошт кардааст, ки гуфта мешавад дар додугирифтҳои молии бо духтари калонии президенти Узбакистон Гулнора Каримова ҳамдаст будаанд.

Мақомоти додгоҳӣ боздошти ин 9 нафарро ба бахши узбакии радиои Озодӣ тасдиқ карданд. Ҳоло исми чаҳор ҳамкори духтари президент- Алишер Эргашев, Шоҳрух Собиров, Нурмуҳаммад Содиқов ва Раиса Сафарова ошкор шудааст. Ҳуввитяи панҷ нафари дигар мушаххас мешавад. Фаррух Юсуфий, хабарнигори бахши узбакии Радиои Озодӣ мегӯяд, ки бинобар хабарҳои тасдиқшуда, ин 9 нафар дар амалисозии нақшаи коррупсионии азхудкунии пулҳо аз ҷониби Гулнора Каримова ширкат кардаанд. Аз ҷумла, исми Алишер Эргашев ва Шоҳрух Собиров дар парвандаҳои ҷиноие зикр мешаванд, ки аз ҷониби сохторҳои тафтишотии кишварҳои аврупоӣ – Фаронса, Шветсия, Швейсария ва Ҳолланд дар нисбати Гулнора Каримова боз шудаанд.

Ин ҳамон парвандаҳое мебошанд, ки дар заминаи ришвахорӣ ба миқдори доллар боз шудаанд. Гуфта мешавад, ки Гулнора Каримова ин пулҳоро дар давоми чанд соли кораш бо ширкатҳои мухобиротии Телиосонера, “Вымпелком” ва МТС азхуд кардааст. Боздошти ин афрод дар як вақт бо дархости мақомоти тафтишотии ИМА аз панҷ кишвари аврупоӣ рост омад, ки аз бонкҳои ин давлатҳо ҳабси ҳисобҳои бонкии марбут ба Гулнора Каримоваро дар ҳаҷми 1 миллиард доллар тақозо кардаанд. ИМА ҳамчунин тафтиши худро аз рӯи ин қазия ба роҳ мондааст. Фаррух Юсуфий мегӯяд, аллакай мушаххас шудааст, ки Нурмуҳаммад Содиқов мудири молии ширкатҳои таҳти назари Гулнора Каримова буд.

Инро худи Содиқов эътироф кардааст ва ҳамчунин маълум шудааст, ки Содиқов аслан як масъули молии тарҳҳои Каримова дар Ӯзбакистон будааст. Дар ҳоле, ки тафтиши схемаҳои коррупсионии духтари калонии Ислом Каримов ҳанӯз идома дорад ва афроди муайян аз ҳамкорону зердастони собиқи ӯ мавриди тафтишу санҷиши мақомоти Ӯзбакистон қарор доранд, ҳукми ду нафари онҳо дар соли гузашта расман тасдиқ шудааст. Инҳо – Гаяне Авакян, ёвар ва Рустам Мадумаров, коршарик ва дӯстписари духтари президент мебошанд, ки соли гузашта ба ҳукмҳои мухталифи зиндон маҳкум шуданд. Айни замон, сарнавишти худи Гулнора Каримова маълум нест. Тибқи иттилои охир, аз моҳи феврали соли 2014 ӯ дар Тошканд дар ҳабси хонагӣ ба сар мебарад ва аз он замон то имрӯз ҳеҷ хабари дигар, аз ҷумла, акс ё видеое бо ширкати ӯ ба расонаҳои хабарӣ ва ё шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ наёфтааст.

То замони ҳабсаш дар авҷи моҷароҳои марбут ба фасодхории ӯ, Гулнора Каримова тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳақи модар ва хоҳараш фошкориҳои зиёде дар заминаи бизнесҳои пинҳонии онҳо дар Ӯзбакистон ва азхудкунии мавҷи даромадҳо аз ширкатҳои давлатиро нашр кардааст. Дар бораи ҳоли бади Гулнора Каримова дар ҳабси хонагӣ ва ҳам азиятҳои ӯ дар боздошти хонагӣ писараш – Ислом Каримови хурдӣ як дафъа дар сӯҳбат бо як телевизиони Русия хабар дода буд. Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки баробар бо идомаи тафтиши парвандаи марбут ба Гулнора Каримова, дар Ӯзбакистон боздошт ва муҷозоти афроде идома дорад, ки дар мусодираи молу мулки ширкатҳои Гулнора Каримова даст доштанд. Дар миёни онҳо – бародарон Ҷавдот ва Ҳаёт Шарифхӯҷаевҳо, аз мақомдорони бонуфузи Хадамоти амнияти миллии Ӯзбакистон (СНБ) ном бурда мешаванд, ки ба ҳабс гирифта шудаанд.

Дар гузашта собит шудааст, ки Гулнора Каримова барои ба бозори мухобироти Ӯзбакистон роҳ ёфтани ширкатҳои хориҷӣ ва ҳам пуштибонии фаъолияти онҳо 1 миллиард доллар ришва гирифтааст. Гузориши Маркази таҳқиқоти ҷиноятҳои созмонёфта ҳокист, ки "Вымпелком", Alfa Telecom, МТС ва чанд ширкати дигар дар маҷмӯъ ба ҳисобҳои духтари Каримов 980 миллион доллар пулро интиқол додаанд. Муаллифони ин гузориш мегӯянд, TeliaSonera ба Гулнора Каримова 381 миллион доллар, "Вымпелком" ва ширкати зери назари он "Альфа-Телеком" – 176 миллион доллар ва МТС 350 миллион долларро ҳадя кардаанд. Илова ба ин, тахминан 90 миллион доллари дигарро духтари президент аз ду ширкати дигар ҳам дастрас кардааст, ки дар Узбакистон бо насби ноқилҳои фибронурӣ машғул будаанд.

Аз рӯи иттилои қаблӣ, додситонии кулли Узбакистон ҳам Гулнора Каримоваро барои азхудкунии 53 миллион доллар пул муттаҳам мекунад. Баъд аз моҷарои калони хонаводагӣ дар оилаи президент Ислом Каримов, пахши асрори тиҷоратии ҳамдигар аз ҷониби Лола ва Гулнора Каримоваҳо зидди ҳамдигар дар матбуот ва интернет, иттиҳоми ҳамдигар дар азхудкунии маблағҳову назорати бахши азими бизнеси хусусӣ дар Ӯзбакистон, бунёди хайрияи Гулнора Каримова дар Тошканд баста, баъзе кормандонаш ба зиндон андохта шуданд, худи Гулнора ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд. Президент Ислом Каримов ҳеч гоҳ ин қазияро дар мазҳари ом шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG