Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Николай Ноев барои Тоҷикистон медали биринҷӣ овард


Николай Ноев, ки дар мусобиқаи XXV байналмилалии гуштии озод бо номи “Голден Гран-при Иван Яригин” аз Тоҷикистон намояндагӣ мекард, барандаи медали биринҷӣ шуд.

Ин мусобиқаи ҷашнӣ оид ба гуштии озод ва занона ба хотираи қаҳрамони дукаратаи олимпӣ Иван Яригин дар шаҳри Красноярски Русия бо ширкати беш аз 190 варзишгар аз 17 кишвар баргузор шуд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа танҳо як нафар – Николай Ноев, ки дар ҷумҳурии Ёқутистон - Сахаи Русия ба сар мебарад, намояндагӣ кард. Вай дар рақобатҳо дар вазни то 57 кг барои ҷойи севум бар гуштигири Русия Нодар Арабидзе пирӯз шуда, бо медали биринҷӣ сарфароз гардид.

Николай Ноев 24-уми феврали соли 1988 дар Ёқутистони Русия таваллуд шудааст. Вай дар мусобиқоти байналмилалӣ таҳти парчами Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад. Ӯ соли 2012 дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Булғористон соҳиби медали биринҷӣ шуда буд. Худи ҳамон сол Николай дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Ҳелсинкии Финляндия мақоми дувумро касб карда, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Лондон-2012 шуд. Вале Николай дар Олимпиадаи Лондон дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар сабқати гуштии озод дар вазни то 55 кг дар даври муқаддамотӣ аз рақиби пуртаҷрибаву номдораш Радослав Маринов Великов аз Булғористон, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин-2008 ва қаҳрамони ҷаҳон (2006) бо ҳисоби 0:3 мағлуб гашт.

Н.Ноев
Н.Ноев
Дар мусобиқаи байналмилалии «Голден Гран-при Иван Яригин» дар Красноярск мунтахаби Русия бо касби 45 медал (11 тилло, 11 нуқра ва 23 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ ғолиб шуд. Варзишгарони Ҷопон панҷ медал, Беларус чор медал, Муғулистон ва Украина семедалӣ, Финляндия, Тоҷикистон ва Юнон якмедалӣ ба даст оварданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи XXV байналмилалии «Голден Гран-при Иван Яригин» оид ба гуштии озод

Вазни то 57 кг

1. Рустам Ампар (Русия). 2. Владимир Флегонтов (Русия). 3. Николай Ноев (Тоҷикистон). 3. Наримон Исрапилов (Русия).

Вазни то 61 кг

1. Ҷамол Отарсултонов (Русия). 2. Бекхан Гойгереев (Русия). 3. Муршид Муталимов (Русия). 3. Мурод Нухкадиев (Русия).

Вазни то 65 кг

1. Магомед Қурбоналиев (Русия). 2. Алибетҳоҷӣ Эмеев (Русия). 3. Сослан Рамонов (Русия). 3. Аҳмад Чакаев (Русия).

Вазни то 70 кг

1. Исроил Касумов (Русия). 2. Рамазон Шамсуддинов (Русия). 3. Мулид Лампежев (Русия). 3. Хетик Тсаболов (Русия).

Вазни то 74 кг

1. Аннуар Гедуев (Русия). 2. Аҳмад Ҳоҷимагомедов (Русия). 3. Исо Даудов (Русия). 3. Атсамаз Санакоев (Русия).

Вазни то 86 кг

1. Абдулрашид Саъдуллоев. 2. Шамил Кудиямагомедов. 3. Анзор Уришев. 3. Георгий Рубаев (ҳама аз Русия).

Вазни то 97 кг

1. Абдусалом Гадисов (Русия) 2. Иван Янковский (Беларус).
3. Батрадз Газаев (Русия). 3. Валерий Андрейсев (Украина).

Вазни то 125 кг

1. Алан Хугаев. 2. Анзор Хизриев. 3. Арслонбек Алиев. 3. Мурадин Кушхов (ҳама аз Русия).
XS
SM
MD
LG