Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Будапешт


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии озод ва гуштии юнониву румӣ дар Будапешти Маҷористон ноком шуданд.

Дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ду нафар дар риштаи гуштии озод ва ду нафари дигар дар гуштии фарангӣ ё юнониву румӣ намояндагӣ карданд. Нахуст Николай Ноев дар сабқати гуштии озод дар вазни то 60 кг ба майдон омад. Вале ӯ дар даври аввал аз Ниям Очиру Енхсахан аз Муғулистон шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Ҳамид Ҷалилов дар вазни то 74 кг дар даври муқаддамотӣ аз рақибаш Ҷордан Бурроугс аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мағлуб шуд. Баъдан ба Ҷалилов имкони мубориза барои медали биринҷӣ даст ёфт, вале ӯ қувваозмоиро ба Нарсинг Ядави ҳинду бохт.

Паҳлавонони тоҷик дар сабқати гуштии юнониву румӣ низ дар даври аввал ба мағлубият дучор шуданд. Ҳабибулло Абдуллоев дар вазни то 96 кг аз Давид Ленгел (Словакия) ва Муродҷон Тӯйчиев дар вазни то 120 кг аз Нурмахан Тиналиев (Қазоқистон) шикаст хӯрданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқот оид ба гуштии озод. Мардон
Вазни то 55 кг
1. Ҳасан Раҳимӣ (Эрон)
2. Амит Кумар (Ҳиндустон)
3. Наримон Исрапилов (Русия)
3. Сезар Оқгул (Қазоқистон)
Вазни то 60 кг
1. Бекхан Гойгереев (Русия)
2. Владимир Дубов (Булғористон)
3. Масъуд Исмоилпур (Эрон)
3. Баржанг Баржанг (Ҳиндустон)
Вазни то 66 кг
1. Давид Сафарян (Арманистон)
2. Ливан Лопез (Куба)
3. Магомед Қурбоналиев (Русия)
3. Мандаҳнаран Ганзориг (Муғулистон)
Вазни то 74 кг
1. Ҷордан Барроуз (ИМА)
2. Иззатуллоҳ Акбарӣ (Эрон)
3. Рашид Қурбонов (Узбакистон)
3. Алӣ Шабанов (Беларус)
Вазни то 84 кг
1. Иброҳим Алдатов (Украина)
2. Салас Перес (Куба)
3. Эҳсон Лашкарӣ (Эрон)
3. Иштван Вереб (Маҷористон)
Вазни то 96 кг
1. Ризо Яздонӣ (Эрон)
2. Хетаг Газюмов (Озарбойҷон)
3. Анзор Болтукаев (Русия)
3. Павел Олейник (Украина)
Вазни то 120 кг
1. Ҳоҷимурод Гатсалов (Русия)
2. Ален Засеев (Украина)
3. Живем Денг (Чин)
3. Таха Оқгул (Туркия)

Ҳисоби дастаӣ: 1. Эрон (2+1+2). 2. Русия (2+0+3). Украина (1+1+1).

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқот оид ба гуштии юнониву румӣ:

Вазни то 55 кг. 1. Вон Чол Юн (Кореяи Шимолӣ). 2. Гюн Чжин Чой (Кореяи Ҷанубӣ). 3. Петер Модош (Маҷористон) ва Роман Амоян (Арманистон). Вазни то 60 кг. 1. Иво Ангелов (Булғористон). 2. Иван Куйлаков (Русия). 3. Сю Чжей Ву (Кореяи Ҷанубӣ) ва Элмурод Тасмурадов (Узбакистон). Вазни то 66 кг. 1. Хан Сю Рю (Кореяи Ҷанубӣ). 2. Исломбек Албиев (Русия). 3. Тулсӣ Ядан Сандип (Ҳиндустон) ва Франк Штеблер (Олмон). Вазни то 74 кг. 1. Хонву Ким (Кореяи Ҷанубӣ). 2. Роман Власов (Русия). 3. Арсен Ҷулфалакян (Арманистон) ва Эмра Қус (Туркия). Вазни то 84 кг. 1. Толиб Наримон Неъматпур (Эрон). 2. Сомон Аҳман Тамасебӣ (Озарбойҷон). 3. Давид Ғамзатов (Беларус) ва Виктор Лоринс (Маҷористон). Вазни то 96 кг. 1. Никита Мелников (Русия). 2. Артур Алексанян (Арманистон). 3. Балаш Киш (Маҷористон) ва Шалва Гадабадзе (Озарбойҷон). Вазни то 120 кг. 1. Амир Азиз Алиакбарӣ (Эрон). 2. Ҳейки Набӣ (Эстония). 3. Нурмахан Тиналиев (Қазоқистон) ва Ризо Каялп (Туркия).


Ҳисоби дастаӣ: 1. Кореяи Ҷанубӣ (2+1+1). 2. Эрон (2+0+0). 3. Русия (1+3+0).

Дар ҳисоби умумидастаӣ аз рӯи натииҷагирии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаҳои гуштии озод, гуштии юнониву румӣ ва гуштии занона мунтахаби Эрон бо касби 4 медали тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ ғолиб шуд. Мунтахаби Русия бо касби 3 медали тилло, 4 нуқра ва 4 биринҷӣ дувум ва мунтахаби Ҷопон бо касби 3 медали тилло ва 1 нишони биринҷӣ севум шуданд.

Аз рӯи шумораи умумии медалҳо русиягиҳо бо 11 медал дар ҷойи аввал, эрониҳо бо 9 медал дар ҷойи дувум ва муғулҳову маҷорҳо бо 6-медалӣ дар ҷойи севум қарор гирифтанд.
XS
SM
MD
LG