Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз ба боздошти Умаралӣ Қувватов дар Маскав


Умаралӣ Қувватов
Умаралӣ Қувватов

Чанд нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо нишони эътироз аз боздошти Умаралӣ Қувватов, роҳбари «Гуруҳи 24», дар назди бинои сафорати Амороти Муттаҳидаи Араб дар Маскав, таҷаммӯъ карданд.

Иззат Амон, раиси Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Маскав, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷамъомадагон аз мақомоти Амороти Муттаҳидаи Араб талаб доранд, ки Умаралӣ Қувватовро ба Тоҷикистон истирдод накунанд. Иззат Амон мегӯяд, ҷамъомадагон муътақиданд, ки дар сурати истирдоди Қувватов ба Тоҷикистон, ӯ ҳамчун муттаҳами сиёсӣ барои муҳлати тӯлонӣ равонаи зиндон хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол Умар Сайф Гобаш, сафири Аморати Муттаҳидаи Араб дар Русия дар сӯҳбат бо намояндагони эътирозгарон гуфтааст, ки барои раҳоии Умаралӣ Қувватов мусоидат хоҳад кард. Сафири АМА гуфтааст, ки аз боздошти Умаралӣ Қувватов аз тариқи хабари расонаҳо огоҳ гаштааст. Ба гуфтаи Иззат Амон, Умаралӣ Қувватов аз тариқи созмони Интерполи Дубай боздошт шудааст.

Сафири Аморати Муттаҳидаи Араб дар Русия ҷаноби Умар Сайф Гобаш дар мавриди раҳоии Умаралӣ гуфтааст, ки салоҳияти озод кардани ӯро надорад, вале ваъда додааст, ки дар озод шуданаш мусоидат хоҳад кард. Ба гуфтаи Иззат Амон, сафири Иморати Муттаҳидаи Арабӣ дар Маскав ваъда додааст, ки агар қазияи боздошти Қувватов сиёсӣ бошад, ӯ ба Тоҷикистон истирдод нахоҳад шуд.

Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб дар соли 2007 созишномаи истирдоди гумонбаршудагонро имзо карда, парлумони Тоҷикистон ин санадро дар моҳи апрели соли 2008 ба тасвиб расондааст.

Умаралӣ Қувватов, ки шоми 23-юми декабр бо ҳамроҳии намояндаи Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи башар дар Русия -- Николай Николаев (шаҳрванди Русия) аз Маскав ба Дубай парвоз мекард ва аз онҷо қасди сафар ба Брюсселро (Аврупо) дошт, дар фурудгоҳи Дубай боздошт шуд.

Иззат Амон мегӯяд, дар ин бора ба онҳо Николай Николаев пас аз чанд лаҳзаи боздошти Умаралӣ Қувватов хабар додааст. Аммо Вазорати умури дохилии Тоҷикистон боздошти Умаралӣ Қувватов дар Дубайро тасдиқ ё рад накард. Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба суоли Радиои Озодӣ дар ин бора гуфт, ки "аз ин қазия хабар надоранд".

Умаралӣ Қувватов, раҳбари пешини ширкати "Фароз" ва "Тоҷирон" аст, ки тобистони имсол Тоҷикистонро ба қасди Русия тарк кард. Ӯ бо ташкили "Гурӯҳи 24" дар хитоб ба ҳукумати Тоҷикистон гуфт, бояд Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи соли 2013 иштирок накунад.

Пас аз эълони “Гурӯҳи 24”, моҳи сентябри соли ҷорӣ Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо нашри санаде Умаралӣ Қувватовро ба “девонагӣ” муттаҳам кард. Вазорат гуфт, Қувватов аз соли 1998 ба ин сӯ дар қайди бемориҳои руҳист. Ҳамчунин, наворҳое дар шабакаи Ютюб пайдо шуданд, ки дар онҳо гуфта мешавад, Умаралӣ Қувватов аҳли тасаввуф аст ва ӯ сӯфигиро дар Афғонистон қабул кардааст.
XS
SM
MD
LG