Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷавондухтари 23-сола, ки пас аз гирифтани талоқ аз ҳамсараш бо қарори додгоҳ дар хонаи собиқ шавҳар бо ду кӯдаки хурдсол маскун шуда буд, бегоҳи рӯзи 30-уми июн аз ҷониби хусураш кушта шуд.

Нилуфар Алиҷонова, сокини деҳаи Навободи ноҳияи Кӯлоб дар ҳоле аз ҷониби хусураш бо панҷ зарби корд кушта шудааст, ки аз кор баргашта мехостааст ба хонаи шавҳари собиқаш биравад. Ҳоло Саид Аҳмадов, хусури 55-солаи ин зан аз ҷониби кормандони пулис боздошт ва нисбаташ бо моддаи 104, яъне куштор парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Нилуфар дар кӯча аз ҷониби хусур кушта шуд

Давлатшо Ҷӯрақулов, вакили деҳаи Навобод рӯзи чоршанбеи 1 июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҷавондухтар бо ду писарчаи хурдсол ду соли пеш аз шавҳараш талоқ гирифт ва то содир шудани ҳалнома барои маскун шудан дар хонаи собиқ шавҳар, дар манзили иҷорае ба сар мебурд.

Ӯ мегӯяд, Саид Аҳмадов розӣ набуд, то келини собиқаш як ҳуҷраи хонаи ӯро барои зист бигирад: “Бачаи ин мард баромада рафта буд, вале худаш тамоман розӣ набуд, ки келинаш дар он ҷо зиндагӣ кунад. Ҳуҷҷатҳои лозимиро аз ман пурсида буд. Гуфтам, бачам, дар ӯ шароите, ки ту хона талаб дорӣ, онҳо туро намегузоранд, зиндагии хуш кунӣ. Баъдтар омад, гуфт, ки хусурам маро ҳамеша таҳқир мекунад ва ҳангоми баромадану даромадан дашном медиҳад. Гуфтам, духтарҷон, туро инҳо ғам медиҳанд, хонаи падарат биё, кӯмак мекунем, зиндагиатро пеш бар, аммо ӯ дар ҳамон ҷо монд. Ҳайрон будам, ки дар чунин як шароит ӯ чӣ хел зиндагӣ мекунад.“

Зиндагии Нилуфар дар хонаи собиқ шавҳараш баъди талоқ, ки бар асоси ҳалномаи додгоҳи Кӯлоб сурат гирифта буд, ҳамагӣ ду моҳ давом кард.

Зиндагӣ дар хонаи собиқ шавҳар қонунӣ аст, аммо...

Бар асоси Кодекси манзил ва Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зан пас аз гирифтани талоқ дар сурати доштани фарзанд ҳақ дорад, дар он манзиле, ки ҳамчун келин ворид шуда буд, маскун шавад.

Дурсултон Шоназарова, ҳуқуқшиноси Маркази бӯҳронии ”Боварӣ ба фардо” мегӯяд, дар як моҳи охир ба онҳо ҳудуди 150 зан муроҷиат кардааст, ки аз ин ҳисоб 80 дар сади онҳо занҳое буданд, ки шавҳаронашон онҳоро талоқ дода ва мехостанд, дар хонаи собиқ шавҳар ҷои зист пайдо кунанд. Ин ҳуқуқшинос мегӯяд, воқеан, бар асоси қонун ин кор имконпазир аст, аммо зиндагӣ дар чунин ҳолат барои зан хеле талх аст.

Дурсултон Шоназарова мегӯяд, ҳолати занҳое, ки ҳамроҳ бо хонаводаи собиқ шавҳар дар як ҳавлӣ зиндагӣ мекунанд, тасаввурнопазир аст: “Хеле аҳволашон бад аст. Бархе мардон чун намехоҳанд зиндагӣ кунанд, барои ҳамсараш хонаи алоҳида мегирад ва бархе дигар имкон надорад чунин кунад. Зистан бо хонаводаи собиқи шавҳар, барои зан осоиш намеорад. Онҳое, ки келинро ҷавоб медиҳанд, бояд фикр кунанд, ки ӯ бо кӯдакон куҷо меравад. Чанд навъи одамон ҳаст. Бархе воқеан шароит надорад, дигаре шароит дораду махсус хона намехарад. Шумораи хеле ками мардон ҳастанд, ки дар чунин ҳолат манзили зистро ба ҳамсару кӯдаконаш гузошта меравад.”

“На ҳамаи занҳои талоқгирифта бегуноҳ ҳастанд!”

Аммо бархе мардоне, ки аз ҳамсарони худ ҷудо шудаанд, мегӯянд, қонунгузорӣ дар Тоҷикистон аксаран ба манфиати занҳо кор мекунад.

Ҷамшед Собиров, як ҷавони 28-солаи сокини ноҳияи Ҳисор, ки се соли пеш аз ҳамсараш ҷудо шудааст, мегӯяд, аксари занҳо аз қонунҳое, ки манфиати онҳоро ҳимоя мекунанд, сӯиистифода мекунанд. Ӯ мегӯяд, ҳамсараш ӯву хонаводаашро беэҳтиромӣ мекард ва ҳангоми даъват ба фармонбардорӣ худаш пешниҳоди ҷудо шуданро медод:

“Як сол зиндагӣ кардам ва як кӯдак дорам. Вақте каме сахташ мегирифтам, қаҳр карда мерафт ва мегуфт, ки ҷавобамро деҳ. Мегуфт, ҷавобамро деҳ, алименти кӯдакро мегирам ва хӯрда мегардам. Талоқ додам, ба суд дод ва як хонаро барояш ҷудо карданд. Мо барояш 10 ҳазор доллар додем, ки дар хонаи мо зиндагӣ накунад. 240 сомонӣ алимент медиҳам. Ӯ худаш хӯрда гаштаст ва заррае аз ҷудо шудан пушаймон нест”, гуфт Ҷамшед.

Ин ҷавон мегӯяд, бечора тарошидан аз занҳои талоқгирифта ин равандро афзоиш медиҳад. Ба ақидаи ӯ, на ҳамаи занҳое, ки талоқ мегиранд, бегуноҳ ҳастанд.

Зарина Кенҷаева, равоншинос

Зарина Кенҷаева, равоншинос

Аммо Заррина Кенҷаева, равоншиноси тоҷик мегӯяд, 90 дарсад занони талоқгирифта аз ҷониби мардон мавриди хушунат қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи ӯ, зиндагӣ дар хонаи собиқ шавҳар як интихоби сангин барои занҳои тоҷик аст. Ӯ мегӯяд, зан замоне ба чунин хулоса мерасад, ки дигар ҳеҷ ҷое барои рафтан надорад.

“Зиндагии ӯ дар хонаи собиқ шавҳараш маъно надорад. Ӯ аз баҳри зиндагии хуш мегузарад, зеро дигар дар он хона ӯ на шавҳар карда метавонад, на тӯю маърака. Дар кадом ҳолате набошад, онҳо ҷабрдидаанд. Маскуншавӣ низ ба осонӣ ба сокинон даст намедиҳад. Ҷангу ҷанҷол дар ин хона ҳам ба равони худи зан ва кӯдакони он таъсири ҳамешагӣ мерасонад.”

Аммо аксари занон мегӯянд, бо талоқ гирифтан, онҳо дар кӯча мемонанд ва ҳатто дар хонаи падар низ бо кӯдакони хурдсол рӯи хуш надоранд. Нигора Ӯктамова, сокини 22-солаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мегӯяд, аз шавҳараш бо як кӯдак талоқ гирифтааст, вале чор моҳ боз бо вуҷуди ҳалномаи додгоҳ наметавонад вориди хонаи собиқ шавҳараш шавад.

“Бо як кӯдак дигар дар хонаи падар зиндагӣ мушкил аст. Суд ҳалнома баровардааст, вале касе наметавонад, маро ба хонаи собиқ хусурам барад. Ӯ маро роҳ намедиҳад ва судиҷрочиён низ коре аз дасташон намеояд. Чор моҳ шуд, сарсону саргардонам.”

Кумитаи занон ва оила роҳи дигар ҷустуҷӯ дорад

Сол то сол мавридҳои азҳампошии хонаводаҳо дар Тоҷикистон афзоиш меёбад ва додгоҳҳои ин кишвар низ пур аз баҳси хонаводагист. Маҳкамбой Маҳмудзода, раиси додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон моҳе пеш дар як маҳфил гуфт, ба хотири коҳиш додани азҳампошии хонаводаҳо дар Тоҷикистон, бояд аҳдномаи никоҳ, ки тақсими молу мулк он ҷо сабт мешавад, ҳатмӣ шавад. То кунун дар қонунҳои Тоҷикистон аҳдномаи никоҳ ихтиёрӣ аст.

Ҳоло лоиҳаи тағийри Кодекси оилаи Ҷумуҳурии Тоҷикистон барои бозбинӣ ба баррасӣ гузошат шудааст. Маҳбуба Азимова, як масъули Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, барои тағийру иловаҳо даҳҳо пешниҳод аз ҷониби онҳо шудааст, ки дар он ҷо масъалаи таъмини зан бо манзил пас аз талоқ низ ҳаст.

“Кумита талош мекунад, то пеши мавридҳои азҳампошии хонаводаҳоро бигирад. Аммо вақте ҳеҷ илоҷ намемонаду оила пош мехӯрад, мо пешниҳод кардем, то дар қонун ҳаҷми пардохти алимент ба сабади истеъмолӣ мувофиқ карда шавад ва марде, ки намехоҳад, бо зан зиндагӣ кунад, бигзор ӯро бо ҷои зист таъмин кунад. Агар зан намехоҳад, ин дигар масъала, вале кӯдакон бо ҳар тарафе, ки боқӣ монанд, бояд тарафи дигар ӯро бо манзили зист таъмин кунад. Пешниҳод зиёд аст ва умедворем, ки бо қабули Кодекси нав ин мушкил роҳи ҳалли худро пайдо мекунад.”

Соли гузашта дар Тоҷикистон бештар аз 9 ҳазор хонавода расман аз ҳам пошиданд. Бар асоси иттилои расмӣ, бештар аз 4 ҳазори занони талоқгирифта аз ин ҳисоб барои гирифтани алимент ва макони зист аз болои шавҳарони худ ба додгоҳҳои Тоҷикистон шикоят бурдаанд.

Тибқи қонунҳои ҷорӣ, талаби онҳо барои сукунат дар хонаи собиқ шавҳар қонеъ мешавад, аммо аксаран рӯзу рӯзгори талхе доранд ва гоҳо, мисли қазияи Нилуфар Алиҷонова, бо фоҷеаи нав меанҷомад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG