Пайвандҳои дастрасӣ

Ёриҳои хориҷии созмонҳои ҷамъиятӣ зери заррабин меравад (ВИДЕО)


Порлумони Тоҷикистон тарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонун “дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ”-ро тасвиб кард, ки ба шароити дарёфт ва харҷи ёриҳои молии хориҷӣ аз тарафи ин созмонҳо рабт дорад.

Рӯзи 10-уми июн Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятиро, ки мавриди нигаронии амиқи ҷомеаи маданӣ гаштааст, баррасӣ ва қабул кард. Яке аз дигаргуниҳои муҳими ин қонун ба гузориш аз фаъолиятҳои молиявии созмонҳои иҷтимоӣ рабт дорад.Тағйире, ки ба қонун ворид шуд, қарор аст, механизми шаффофи дарёфти ёриҳои молии хориҷӣ ва истифодаи онҳоро ба вуҷуд орад.

Бино ба тағйири банди 24-и қонуни мазкур аз ин ба баъд созмонҳои ғайридавлатӣ танҳо дар ҳолате ёриҳои хориҷиро пазируфта метавонанд, ки агар сарчашмаи ин пул ё моликият ошкор ва ҳуҷҷатӣ шуда бошад. Ба банди 34 илова шуд, ки тартиби тафтиши фаъолияти оинномавии ин созмонҳоро Вазорати адлияи Тоҷикистон муайян мекунад.Бар пояи илова ба банди 38-и қонун ёриҳои молии хориҷӣ ба созмонҳои иҷтимоӣ аз тарафи ниҳоде ба ҳисоб гирифта мешаванд, ки ин созмонҳоро сабти ном кардааст.

Дар ҳамоишҳои гузаштаи баррасии тарҳи нав намояндагони созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистонро нигаронӣ карда буд, ки талаби додани маълумотнома ба Вазорати адлия дар бораи кӯмакҳои молии хориҷӣ дар ҳоле ки ҳамаи ин кӯмакҳо ба воситаи бонкҳо интиқол ва дар ҳисоботи молии онҳо бозтоб меёбанд ва ҳам номуайянии тартиби тафтиши кори созмонҳо талоши дигаре ба маҳдуд кардани фаъолияти онҳост.

Аммо ташаббускори ин тағйир -- Вазорати адлияи Тоҷикистон ин гумонҳои созмонҳои ҷамъиятиро беасос меномид ва таъмини шаффофияти кори ин иттиҳодияҳо ва пешгирӣ аз истифодаи маблағҳои хориҷиро бо ҳадафҳои дигар мақсад асосии таҳрири қонун медонист.

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе зимни муаррифии тарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонун дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ гуфт, ки “дар ҷумҳурӣ то ҳоло механизми таъмини шаффофияти фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва назорати он мавҷуд нест ва ин дар навбати худ хатарҳои муайянеро аз қабили маблағгузории терроризм, қонунигардонии маблағҳои бо роҳи юиноят ба дастовардашуда, мудохила ба ҳаёти дохилӣ ва ҳаёти сиёсии давлат ва монанди инҳоро ба бор меорад."

Ба гуфтаи ҷаноби Шоҳмурод, “танҳо дар соли 2013 маблағи 4, 5 миллиард сомониро аз хориҷи кишвар дарёфт ва сарф кардаанд. Ин маблағ умдатан тавассути созмонҳои ҷамъиятӣ дар манотиқи кӯҳистон масраф шудааст, аз ҷумла тариқи барномаҳои Бунёди Оғохон”.

Тарҳи мазкур баҳсеро миёни вакилони порлумон ба бор оварда ва Рустам Латифзода, раҳбари ҳизби аграрии Тоҷикистон гуфт, ки “ҳарчанд бо қабули ин қонун мегӯянд, ки бюрократия зиёд мешавад, аммо қабалуи тағйиру иловаҳо ба қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ зарур аст."

Зеро ба гуфтаи ҷаноби Латифзода, таҳаввулот дар бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Сурия ва Украина нишон медиҳад, ки дар ин минтақаҳо чӣ мегузарад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки Акрамшо Фелалиев, вакили дигари порлумон такъид кард, ки манфиатҳои миллӣ бояд болотар аз ҳама манфиатҳо бошад ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ инро дар фаъолияташон мадди назар дошта бошанд.

Бо вуҷуди назарҳои вакилон Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумон зикр кард, ки бояд қонун тавре амалӣ шавад, ки дар фаъолияти созмонҳои иҷтимоӣ маҳдудият ва монеа эҷод нашавад.

Зимнан, тибқи гузориши Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон то ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазору 600 созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ сабти номанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG