Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баста шудани Facebook, синну соли мансабдорони тоҷик ва шароити зиндонҳо аз мавзӯъҳои аслии нашрияҳои чопи Душанбе дар ин ҳафтаанд.

"ОЗОДАГОН" дар робита ба масдудияти Facebook бо Асомуддин Атоев, раҳбари Анҷумани ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон, гуфтугӯ анҷом додааст. Ҷаноби Атоев қатъи дастрасӣ ба Фейсбук ва шарҳи Хадамоти алоқа дар ин заминаро ба "Лаҳзаҳои гуворо" (барномаи ҳазлу танз) монанд карда, гуфтааст, ин иқдом дар ҳар сурат бар зиёни кишвар хоҳад буд.

"ФАРАЖ" ҳам басташавии Фейсбукро дар сархати мавзӯъҳояш қарор дода, далели пешниҳодкардаи Хадамоти алоқаро "мазҳака" номидааст. Аммо "Фараж" аз бархӯрди шӯхиомез ба ин зуҳурот интиқод карда, навиштааст, "мо набояд ханда, балки гиря кунем, зеро дар ин ҷо ҳуқуқи тамоми тоҷикистониён поймол мешавад."

"СССР" ин ҳафта шароити зиндонҳои Душанбе ва сӯҳбат бо маҳбусони маъруфро мавзӯи марказии худ қарор додааст. Пас аз сӯҳбат бо Ғаффор Мирзоев, ки шароити зиндонҳои Тоҷикистонро назар ба замони Шӯравӣ ба маротиб беҳтар гуфтааст ва Маҳмадрӯзӣ Искандаров, собиқ раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки шароити бади будубош, қаҳтӣ, сатҳи пасти хизматрасонии тиббӣ ва шиканҷаро дар нисбати худ ва маҳбусони атрофаш инкор кардааст, "СССР" ин ҳафта кӯшиш намудааст бо Ёқуб Салимов сӯҳбат кунад. Вале ба далели гирифтори зуком шудани Ёқуб Салимов мусоҳиба ба таъхир афтодааст.

"МИЛЛАТ" ҳам, дар пасманзари гуфтугузорҳои зиёд дар атрофи зиндону маҳбусон, мусоҳибаи Зарринаи Хушвахт, хабарнигори тоҷик, бо Изатулло Шарифов, сардори Идораи зиндонҳои Тоҷикистонро чоп намудааст. Шарифов дар ин мусоҳиба таъқиби Саидалӣ Казаков, собиқ маҳбуси зиндони рақами якуми Душанберо барои ифшои асрори зиндон рад кардааст. Ӯ гуфтааст, "мард бояд мард бошад. Таъқиб накардаам, намекунам ва карданӣ ҳам нестам. Бигзор, озодона сухану фикрҳояшонро гӯянд, дар матбуот нависанд."

"АЗИЯ-ПЛЮС" дар арафаи соли нав, ки одатан ҷаласаҳои васеи ҳукумат баргузор шуда, тағйироти кадрӣ сурат мегиранд, синну соли мансабдорони тоҷикро ба баррасӣ кашидааст. Нашрия талаботи қонун, ки синни ниҳоиро дар хизмати давлатӣ барои мардон 63 ва занон 60 сол муайян намудааст, ёдовар шуда, менависад, Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон, моҳи феврали соли оянда 69-сола мешавад. Ба навиштаи "Азия-Плюс", Матлубхон Давлатов, муовини сарвазири Тоҷикистон, моҳи январи соли оянда ба синни 63-солагӣ мерасад. Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷӣ, моҳи декабри соли ҷорӣ 65-солагиашро қайд мекунад. "Азия-Плюс" Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистонро дар миёни мардум, узви номаъруфтарини ҳукумат хонда, навиштааст, ӯ моҳи феврали соли оянда 63-сола мешавад. Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои кишвар, соли оянда 64-сола, Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молия 63-сола, Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанг 60-сола, Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллӣ 60-сола, Ҳукуматулло Амонулло 62-сола, Абдулло Ёров, раиси "Барқи тоҷик" 61-сола ва Ғайбулло Афзал, раиси вилояти Хатлон, соли оянда 65-сола мешавад. Ҷавонтарин узви ҳукумати Тоҷикистон, Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ маҳсуб меёбад, ки чор моҳ пас 43 солро пур мекунад. Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи "Азия Плюс" синни миёнаи аъзои ҳукумати Қазоқистон - 48 сол, Қирғизистон – 49 сол, Туркманистон -46, Гурҷистон – 32 ва дар Русия 47 солро ташкил медиҳад.

"НАҶОТ", нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, даргузашти Домулло Муҳаммадии Қумсангириро мавзӯи марказии худ қарор додааст. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, худро фарзанди Домулло Муҳаммадӣ хонда, ӯро "яке аз сутунҳои дину имон, маънавиёт ва қавитарин такягоҳи андешаҳои мӯътадили исломӣ дар Тоҷикистон" ба қалам додааст. Кабирӣ навиштааст, ҷойи Домулло Муҳаммадӣ байни уламо ва пешвоёни мазҳабии Тоҷикистон холӣ хоҳад монд.

"ИМРӮЗ НЮЗ" баррасии Барномаи давлатии қарзҳои берунии Тоҷикистонро дар парлумон нашр кардааст. Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон, зимни муаррифии барнома дар парлумон изҳор доштааст, ки қарзҳо асосан барои истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти ғизоӣ дар кишвар ҷалб мегарданд. Ба навиштаи "ИмрӯзNews" Нуралиев ҳаҷми қарзҳои хориҷии Тоҷикистонро дар доираи эътидол хонда, мояи нигаронӣ намедонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG