Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тӯрон"-- нашрия барои муҳоҷирон дар Русия


Дар Санкт-Петербург нахустин шумораи нашрия барои муҳоҷирон бо номи “Тӯрон” аз чоп баромад ва ба таври ройгон тавзеъ шуд.

Ин нашрия, ки ба се забон -- тоҷикӣ, узбакӣ ва русӣ нашр мешавад, ҳадаф дорад ба муҳоҷирон ва сайёҳону меҳмонони Санк-Петербург аз рӯйдодҳои ин шаҳр, қонунҳои Русия ва ҳаёти муҳоҷирон, воқеа ва равандҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар диҳад.

Нашрияро соҳибкори рус, мудири кулли ширкати "Кард-экспресс" Игор Белоусов, таъсис дода, сармоягузорӣ мекунад.

Ҷаноби Белоусов дар як мусоҳибаи ихтисосӣ ба РО гуфт, ки аз дер боз ба фикри таъсиси ҳамчунин нашрияе будааст ва ҳадаф аз таъсиси он ошно кардани муҳоҷирони корӣ ба шеваи зиндагӣ дар ин шаҳри таърихӣ ва пойтахти шимолии Русия мебошад.

Ҷаноби Белоусов ҳамчунин афзуд, бисёре аз муҳоҷирони кории тоҷик ва узбак ғайр аз забони модарии худ ба дигар забонҳо, хусусан забони русӣ ошно нестанд. Вай баён дошт, ки вай бо ин муҳоҷирон метавонад ба забони худи онҳо сӯҳбат кунад ва дар бораи шаҳри таърихии Санк-Петербург, мардуми Русия, дӯсти халқҳо ба онҳо маълумот пешкаш намояд.
XS
SM
MD
LG