Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кадом чеҳраҳо рӯзномаҳоро серхаридор мекунанд?


Фаина Искандарова -- зане, ки ҳаминак 21 сол аст ба рӯзномафурӯшӣ машғул мебошад, мегӯяд, нашр шудани акси бархе аз шахсиятҳо дар саҳифаи аввал ҳафтаномаҳоро пурхаридор мекунад. Ба таъкиди ин хонуми рӯзномафурӯш, вақтҳои ахир аксҳои Озода Раҳмон ва ҳамчунин Шоҳзода Карим Оғохон -- пешвои Исмоилиёни ҷаҳон, нашрияҳоро пурхаридор мекунад:

“Масалан ин ҳафтанома (Озодагон) акси калони Озода Раҳмонро дар саҳифаи аввал чоп кардааст. Бубинед, чӣ гуна зебо аст. Ҳарчанд ин шумора куҳна шудааст аммо одамон ба хотири акси ӯ ва шахсияташ, ин газетаро мехаранд. Дар борааш донистан мехоҳанд. Акси Оғохон низ харидорони зиёд дорад. Акси ӯро газетаи “Вечерка” хеле пеш нашр карда буд, вале ин газета ҳоло ҳам ба фурӯш меравад. Ман аз ноширон нашрҳои куҳнаи ин газетаро мехарам ва онҳо ба фурӯш мераванд”.

Дар пасманзари мушоҳидаҳои ин хонуми рӯзномафурӯш, ки солҳост ба ин кор машғул аст, мо аз чанде аз моликони нашрияҳои мустақил пурсон шудем, ки боз аксе кадоме аз шахсиятҳо, аз қабили мансабдорон, руҳониён, аҳли фарҳанг ва ҳунар ҳафтаномаҳои онҳоро пурхаридор мекунад.

Кадом "чеҳра"-ҳо рӯзномаҳоро серхаридор мекунад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:38 0:00

Зебо Тоҷибоева, муҳаррири Азия-плюс - аз нашрияҳои пурхаридори Тоҷикистон мегӯяд, тайи солҳои охир шумори шахсиятҳое, ки бо матбуот сӯҳбати ошкорову ҷолиб анҷом диҳанд, ба маротиб коҳиш ёфтааст, ки доираи интихоби муҳарриронро дар интишори акс дар саҳифаи аввал, мушкил мекунад.

Зебо Тоҷибоева мегӯяд, ки “аз шумори сиёсатмадорон ҳоло акси фарзандони президент тавваҷуҳи хонандагонро ба худ ҷалб мекунанд. Аз ситораҳои санъат бошад акси Шабнами Сурайё таваҷҷуҳи мардумро ҷалб мекунад. Аммо формати газетаи мо имкон намедиҳад, ки акси ӯро нашр кунем, магар, ки ягон мусоҳибаи хосе бо вай анҷом нашуда бошад. Мо чандон аз аксҳои рӯҳониёни маъруф чандон истифода намекунем, ҳарчанд фикр мекунам, ҳоло барои хонанда назари рӯҳоние мисли Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода муҳим аст. Аммо ӯ аз сӯҳбат худдорӣ меварзад.”

Тоҷибоева афзуд, доираи ашхоси хабарсоз дар Тоҷикистон хеле маҳдуд шудааст. Чунки ба таъкиди ин ҳамсӯҳбати мо, ҳоло бисёре аз шахсиятҳои хабарсоз, таҳлилгарон ва мансабдорони собиқ аз баёни озоди андешаашон метарсанд, чун як сухани онҳо метавонад бар зиёни онҳо тамом шавад.

Аммо Сайёфи Мизроб, молики нашрияи СССР мегӯяд, аз шумори сиёсатмадорони баландпоя, вазирон, раисони кумитаҳо ва вакилони порлумон, акси касе таваҷҷӯҳи хонандагонро ба худ ҷалб намекунад: “Агар дар шумораи чеҳраҳои ягон вазир ва ё вакилони порлумон дар саҳифаҳои аввал нашр шавад, ҳамон шумора қариб ба пуррагӣ бозпас мегардад, яъне ба фурӯш намеравад. Аз ин рӯ, мансабдорон ва вакилон бояд андеша кунанд, ки дар миёни мардум то чӣ андоза маҳбубият доранд.”

Ҷаноби Мизроб мегӯяд, аз ин рӯ муҳаррирон бо ҷой додани акси бархе аз ҷангсолорони солҳои 90-ум аз қабли Файзалӣ Саидов, Ризвон Содиров ва Сангак Сафаров, ки таваҷҷуҳи хонандаро ҷалб мекунад, талош мекунанд теъдоди хонандагони нашрияро афзоиш диҳанд.

Чунки бо акси сиёсатмадорон, дигар шахсиятҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳи хондагон ба нашрияҳо бедор намешавад ва бархе аз ноширон дар Тоҷикистон бо такя ба мизони баланди таваҷҷуҳи мардум ба дин, рӯ ба рӯҳониён овардаанд.

Фазлиддин Хоҷаев муҳарири "Фараж" дар ин робита мегӯяд, ҳамон шумораҳое, ки дар саҳифаи аввал акси рӯҳонӣ - Ҳоҷи Мирзо ва ё Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламо нашр шаванд, дар қиёс бо шумораҳои дигар серхаридоранд.

XS
SM
MD
LG