Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақвими бозиҳои марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ-2017


Марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-2017 рӯзи 26-уми январ дар Душанбе бо ширкати нӯҳ даста шуруъ мешавад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Ҷоми ФФТ дар ду марҳила – пешакӣ ва ниҳоӣ – сурат мегирад. Дар марҳилаи пешакӣ дар минтақаи Душанбе, ки аз 26-уми январ то 6-уми феврал дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барпо мегардад, нӯҳ даста иштирок мекунад.

Аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Ваҳдат» (Ваҳдат), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), ССКА «Помир» (Душанбе), «Локомотив-Помир» (Душанбе) ва «Кӯктош» (Рӯдакӣ), ба гурӯҳи «Б» тимҳои «Ҳосилот» (Фархор), «Барқчӣ» (Душанбе), «Истиқлол» (Душанбе) ва «Хайр» (Ваҳдат) шомиланд.

Дар минтақаи Душанбе бозиҳо дар гурӯҳҳо аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешаванд. Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин ба қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ, ки аз 10-ум то 19-уми феврал дар Душанбе барпо мегардад, роҳ меёбанд.

Бояд гуфт, ки дар марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ ҳайати дуюми «Истиқлол» ва ҳайати омехтаи «Ҳосилот» ширкат мекунанд.

Ҷоми ФФТ-2017

Марҳилаи пешакӣ. Минтақаи Душанбе

Гурӯҳи «А»: «Ваҳдат» (Ваҳдат), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), ССКА «Помир» (Душанбе), «Локомотив-Помир» (Душанбе), «Кӯктош» (Рӯдакӣ).

Гурӯҳи «Б»: «Ҳосилот» (Фархор), «Барқчӣ» (Душанбе), «Истиқлол» (Душанбе), «Хайр» (Ваҳдат).

Тақвими бозиҳо

Даври 1-ум

26 январ (панҷшанбе)

12:30 – «Ҳосилот» – «Хайр»

15:00 – «Барқчӣ» – «Истиқлол»

27 январ (ҷумъа)

12:30 – «Регар-ТадАЗ» – «Локомотив-Помир»

15:00 – ССКА «Помир» – «Кӯктош»

Даври 2-юм

28 январ (шанбе)

12:30 – «Ҳосилот» – «Истиқлол»

15:00 – «Барқчӣ» – «Хайр»

29 январ (якшанбе)

12:30 – «Ваҳдат» – «Кӯктош»

15:00 – «Регар-ТадАЗ» – ССКА «Помир»

Даври 3-юм

30 январ (душанбе)

12:30 – «Ҳосилот» – «Барқчӣ»

15:00 – «Истиқлол» – «Хайр»

1 феврал (чоршанбе)

12:30 – «Ваҳдат» – «Локомотив-Помир»

15:00 – «Регар-ТадАЗ» – «Кӯктош»

Даври 4-ум

3 феврал (ҷумъа)

12:30 – «Ваҳдат» – ССКА «Помир»

15:00 – «Локомотив-Помир» – «Кӯктош»

Даври 5-ум

6 феврал (душанбе)

12:30 – «Ваҳдат» – «Регар-ТадАЗ»

15:00 – ССКА «Помир» – «Локомотив-Помир»

XS
SM
MD
LG