Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Фаронса филми нави коргардони саршиноси тоҷик Ҷамшед Усмонов, ки «Романи зани ман» ном дорад, ба намоиш даромад.

Филмсози 45-солаи тоҷик, ки акнун даҳ сол мешавад, дар Порис зиндагӣ мекунад ва филмҳои қаблияш – «Парвози занбӯр», «Фариштаи китфи рост», «Биҳишт фақат барои мурдагон аст» ба ӯ шӯҳрати ҷаҳонӣ овардаанд, нахустин бор дар мавзӯи сирф фаронсавӣ ва аврупоӣ филм офарид, ки гуфта мешавад, мавриди истиқболи бинандагони
Ин филмест дар бораи шӯришҳои мардумии соли 1916 дар Осиёи Марказии зери султаи Русияи подшоҳӣ...
ғарбӣ қарор ёфтааст.

Коргардони тоҷик ҳоло бо сохтани филми дувуми фаронсавии худ машғул аст ва мегӯяд, ба зудӣ кори филми наверо дар бораи шӯриши соли 1916 дар водии Фарғона шурӯъ хоҳад кард.

Аз он ҷо ки филми «Романи зани ман» ҳоло танҳо дар Фаронса ба экранҳо баромадааст ва танҳо пас аз муддате ба кишварҳои дигар густариш хоҳад ёфт, аз ҷаноби Усмонов пурсидам, ин чӣ филм аст ва достони он чист?

Ҷамшед Усмонов: «Ин филми соф фаронсавист. Тавлидкунандагон ва ҳунарпешгони он фаронсавиянд ва
Намуде аз филми "Романи зани ман"
сармоягузорӣ ба филм низ бо маблағҳоии Фаронса ва ба забони фаронсавӣ сурат гирифт. Қисса ин аст, ки як зан аз зиндагии худ роман менависад, саргузашти худро. Ва он романро шавҳараш мехонад ва ба зиндагии хонаводагии худ ба гунаи дигар менигарад. Ин филмест дар бораи оила ва оиладорӣ, арзишҳои инсонӣ, меҳру муҳаббат ва куллан муносибатҳои байни зан ва мард.»

Озодӣ: Шумо дар Тоҷикистон зода шуда, дар Русия таҳсил кардаед ва филмҳои қаблии Шумо ҳамагӣ марбут ба Тоҷикистон буданд, оё мавод ва мавзӯи фаронсавӣ чӣ гуна бароятон даст дод ва арзишёбии фаронсавиҳо аз кори Шумо чӣ буд?

Ҷамшед Усмонов: «Кор кардан бо фаронсавиҳо, албатта, бисёр душвор буд. Барои он ки миёни онҳо ва мардуми мо фарқият зиёд аст. Ҳам дар тарзи тафаккур ё менталитет, ҳам дар усули кор, ҳам дар муносибатҳои байни мардум тафовутҳои зиёде ҳаст. Лекин ман даҳ сол шуд дар ин ҷо зиндагӣ мекунам, нону намаки Фаронсаро мехӯрам, камубеш ин мардумро мешиносам, ҳаёти онҳоро мебинам. Ин аввал ва сониян, синамо як ҳунари космополитӣ, як ҳунари байнулмилалист. Забони синамо барои ҳама фаҳмо ва осон аст. Пазироии тамошогарон аз филм хеле хуб буд, ҷолиб буд. Як бахши мунаққидони синамои Фаронса низ ба ин филм баҳои баланд доданд, ҳарчанд қисми дигар начандон хуб, аммо барои ман ин ҳамчун як таҷрибаи аввал бисёр ҷолиб буд. Ин як қадами аввал буд ва мехоҳам, идома дошта бошад. Аммо ҳамеша ба ёди Тоҷикистонам ва чандин нақшае дорам, ки танҳо дар ватанам -- Тоҷикистон метавонам амалӣ кунам."

Озодӣ: Метавонед, барномаҳои ояндаи худро шарҳ диҳед?

Ҷамшед Усмонов: «Бале, ҳоло як филмномае дар даст дорам, ки мехоҳам, онро дар Фаронса ба навор гирам ва баъд якчанд тарҳҳое ҳаст барои Тоҷикистон ва махсусан, чандин сол аст, ки рӯи як барнома кор мекунам. Ин филмест дар бораи шӯришҳои мардумии соли 1916 дар Осиёи Марказии зери султаи Русияи подшоҳӣ. Ин аввалин филми ман дар мавзӯи таърих хоҳад буд ва чанд сол аст, ки ба он омодагӣ мегирам, маводи зиёде аз бойгониҳои гуногун ҷамъ овардаам ва медонам, ки ошӯбҳои сахт дар водии Фарғона сар зада буд. Ман ки тоҷики Фарғона ҳастам, аз он чизҳо каме хабар дорам. Аз забони мӯйсафдон бисёр чизҳоро шунидаам, аз забони одамоне, ки ин рӯйдодҳои бо чашмони худ дидаанд.»

Озодӣ: Нуктаи меҳварӣ чӣ хоҳад буд ва биниши таърихии Шумо дар ин филм ба чӣ навъ хоҳад буд?

Ҷамшед Усмонов: «Биниши таърихии ман – ин ҷои инсон дар ин ҳаводис аст. Ё мақоми шахс дар таърих. Ва дар ин зимн, таҳқиқе дар рӯйдодҳои соли 1916. Зимнан аз соли 1916 то замони мо вақти зиёде нагузаштааст. Дунё ҳамон дунёст. Дунёи куҳан куҳан мондааст. Ҳеҷ чизе дигар нашудааст.

Озодӣ: Бароятон барори кор мехоҳем ва пурсиши охирин. Бо ҳамкасбону ҳампешагони худ дар Тоҷикистон робита доред?

Ҷамшед Усмонов: «Албатта, робита дорам, робитаҳои хуб. Ба наздикӣ аз Тоҷикистон баргаштам. Бо чанде аз дӯстон мулоқот доштам ва махсусан аз он хушҳол шудам, ки дӯсти қадимиям, Носир Саидов як филми баланде ба навор гирифтааст, на дар видео, балки дар негатив, дар сатҳи ҳирфаӣ. Ва ин филм дар ҷашнвораҳо ҷоизаҳои зиёде гирифтааст, аз ин хабар хеле ва хеле хушҳол шудам. Ин нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон ҳаракате ба чашм мехӯрад. Чанд сол пеш ман эҳсоси танҳоӣ мекардам, ҳоло аз ин рӯйдод хушҳол шудам, зеро ин як аломати нек аст.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG