Пайвандҳои дастрасӣ

"Мехоҳам раиси бонки Швейтсария шавам..." Орзуҳои солинавии мардум (ВИДЕО)


Арафаи соли нав давраи натиҷагирии нафақат бурду бохтҳои гузашта аст, балки марҳалаест, ки мардум орзуҳои худро барои оянда мекунад.

Аз сӯҳбатҳои Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои Душанбе маълум шуд, ки нафақат кӯдакон, балки насли калонсол дар Тоҷикистон низ дар дил ҳазор орзуву умед вориди соли нави 2014 мешавад.

Яке барои худ курсии роҳати раиси ягон бонк ва ҳатман дар Швейтсарияро орзу дораду пайдо кардани як шавҳари давлатмандро.

Яке аз орзуи милиса шуданро доштанаш сӯҳбат мекунад.

Яке мегӯяд, ки орзуяш гум шудани номи коррупсия аз Тоҷикистон аст. Кӯдаке аз Бобои барфӣ қатори роҳи оҳану ҳавопаймо мехоҳад ва мегӯяд, ки мехоҳад, вақте бузург шуд, халабони ҳавопаймо шавад.

Шаммае аз орзуҳои солинавии мардум дар ин навори видеоии Озодӣ бубинед.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG