Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гӯсфанди ором - ба ҷои аспи чолок (ВИДЕО)


Ин гӯсфандро дар Узбакистон тоқӣ пӯшондаанд

Ин гӯсфандро дар Узбакистон тоқӣ пӯшондаанд

Соли асп майдонро барои соли гӯсфанд холӣ мекунад. Гӯсфанд ба фарқ аз аспи чусту чолок ҷонваре хеле ором аст. Вале оё метавон ҳадс зад, ки соли 2015, ки соли гӯсфанд аст, низ як соли орому осуда хоҳад шуд?

Умри миёнаи гӯсфанд 12 сол, айнан мисли солшумории шарқии маъруф баа мулҷар буда, як ҷонвари хеле оромтабиат ба ҳисоб меравад. Ин ҷонвар шояд надонад, ки соли 2015 соли ӯст ва аз рӯи тақвими мулҷар навбаташ баъди соли аспи чусту чолок ва заҳматкашу пуркор меояд. Пешгӯиҳо ин аст, ки соли нав ҳам айнан мисли худи гӯсфанд бояд орому камташвиш ва бобарор шавад. Онҳое ҳам, ки дар соли гӯсфанд зода мешавад, ба қавли ситорашиносон, орому ботамкин ва осудаву фориғболанд.

Фозил Раҳимови 59-сола, сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Рӯдакӣ, ки 20 сол боз гӯсфандпарварӣ мекунад, худаш ҳам дар соли гӯсфанд таваллуд шудааст. Ӯ мегӯяд, чӣ гӯсфанд ва чӣ онҳое ки дар соли гӯсфанд ба дунё омадаанд, бо оромии худ фарқ мекунанд.

Тақвими мулҷарро бештар дар фарҳанги сошумории мардумони шарқ кор мебаранд, ки он иборат аз 12 сол буда, ҳар сол бо исм ва хусусиёти табии як ҷонваре ихтисос ёфтааст, ба мисли муш, паланг, харгӯш, наҳанг, мор, асп, гӯсфанд, ҳамдунаву, мурғ ва ғайра. Ситорашиносон ҳам бар асоси мушоҳидаҳои хеш хусусиятҳои ҳар соли мансуб ба ин солшумориро муайян кардаанд, ки аз рӯйи табиату хислати ҷонварон хулоса шудааст. дар гузаштаҳо, масалан, агар соли таваллуди инсон дар хотирҳо намонад, замони таваллудашро аз рӯи солшумории мулҷар ба хотирҳо меоварданд.

Аз миёни афроди шиносхта дар соли гӯсфанд нависандаҳои маъруф Александр Пушкин ва Марк Твен, сиёсатмадорон Михаил Горбачев ва Бенитто Муссолини, ҳунармандон Брюс Уиллис ва Ҳулио Иглессиас дар ҳамин сол таваллуд шудаанд. Зимнан, соли гӯсфанд ҳамон солест, ки хонаводаҳои бефарзанд, бино ба боварҳо, ҳатман соҳиби кӯдак мешаванд ва хонаашон ободу шод мегардад. Пас шумо ҳам дар ин соли гӯсфанд ба ҳамаи орзуҳои худ бирасед, ҳаводорони азизи Радиои Озодӣ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG