Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тадобири шадиди амниятӣ дар Соли нави Душанбе (11 АКС)


Садҳо нафар аз сокинони Душанбе Соли нави мелодиро шоми 31-уми декабр дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт бо ширкати сарояндагону ҳунармандон ва овозхонони тоҷик таҷлил карданд.

Базми солинавии Душанбе шомгоҳи 31 декабр соати соати 19 ба вақти маҳаллӣ шурӯъ шуд, аммо ҳозиринро ба фарқ аз солҳои қаблӣ, на раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, балки муовини ӯ Руқия Қурбонова табрик кард.

Базми мазкур бо ширкати сарояндаҳои тоҷик аз қабли Шӯҳрат Сайнаков, Шаҳроми Абубакр ва ансанбли рақсии “Ҷаҳоноро” то соати 9−и шаб идома кард. Ҳамчунин ба ҳангоми вуруди соли нави мелодӣ, ҳафт дақиқа дар осмон оташбозии солинавӣ низ доир шуд.

Дар остонаи ҷашни Соли нав раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни паёми идона мардуми кишварро табрик гуфт. Ӯ аз соли 2014 ҳамчун соли бобарор ёдовар шуд ва гуфт, дар ин сол корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намуданд .

Ба фарқ аз солҳои пешин, ин бор ҷашни Соли нав дар маркази Душанбе -- майдони “Дӯстӣ” зери чораҳои шадиди амниятӣ доир гашт. Кулли ширкатдорони ин ҷашн аз зери дарвозаҳои амниятӣ (металоискател) гузар карданд ва барои нигоҳдошти назми умумӣ дар ин майдон, ҳудуди сад кормандони пулис ва дружиначиён ҷалб шуда буданд.

Дар чаҳор тарафи майдон мошинҳои зиреҳпӯш ва обпошакҳои издиҳомпарокунанда гузошта шуда буданд. Зимнан дар чор даромадгоҳи шаҳр низ роҳҳо тавассути монеаҳои бетонӣ нимабанд карда шуда, ҳар мошин аз зери назорати шадиди корманди пулис гузаронида мешуд.

Иди Соли нави мелодӣ, ки пас аз вуруди русҳо ба минтақа дар қарни гузашта ҷорӣ шуд, дар тӯли ҳафтод соли пойбарҷоии Шӯравӣ ба як ҷашни ҳамагонӣ табдил ёфт. То ҳол дар шаби Соли нав, аксар сокинони Тоҷикистон дар хонаҳои худ арчаи солинавӣ оро медиҳанд, дастурхони пурнозу неъмат густурда ва хурсандӣ мекунанд. Бархе аз хонаводаҳо ҳамроҳ бо қаҳрамонҳои ин ид - Бобои Барфӣ ва Барфак ин идро таҷлил мекунанд, ки рамзи муҳими Соли нав маҳсуб мешавад.

Дар рӯзи Соли нав дар Тоҷикистон корхонаҳо кор намекунанд ва сокинон бошад, бо пайвандони худ барои тамошо ба боғҳо мебароянд ва барои ҳамдигар соли хубу хуш орзу мекунанд. Дар Тоҷикистон солшумории соли милодӣ ҷорист ва таҷлил аз ин сол ба расмият даромадааст.

Тараддудҳои солинавии мардум
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

XS
SM
MD
LG