Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси вилояти Суғд пешниҳод кардааст, ки сокинон ҷашни Соли навро дар муҳити хонавода ва дар манзилҳои худ истиқбол бигиранд. Ӯ гуфтааст, ки дар корхонаву муассисаҳо оростани зиёфатҳои солинавӣ мумкин нест.

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд ба сокинони пешниҳод кардааст, ки Соли навро дар муҳити хонавода пешвоз бигиранд. Ӯ таҷлили ин ҷашн дар корхонаву муассисаҳоро номумкин хондааст.

Абдураҳмон Қодирӣ ин пешниҳодро дар ҷаласаи Маҷлиси вакилони вилояти вилояти Суғд рӯзи ҷумъаи 25-уми декабр ва ҳафтае қабл аз фарорасии соли нави милодӣ баён дошт. Оқои Қодирӣ афзудааст, ки ҷашни Соли Нав оилавист ва беҳтар аст онро сокинон дар ҳалқаи хонавода ва дар манзили худ таҷлил кунанд.

Музаффар Юнусов, сухангӯи раиси вилояти Суғд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин бора гуфт, ҷаноби Қодирӣ зимни суханронӣ истиқболи Соли нав аз сӯи аҳли хонаводаҳо дар тарабхонаву ошхонаҳоро низ рад накард, вале “таҷлили Соли нав дар бинои корхонаву муассисаҳо бо оростани зиёфату пӯхтани хӯрокро "номумкин” номид.

Ҷаноби Қодирӣ ҳамзамон аз афроди доро ва саховатпеша даъват кардааст, ки ба ҷои оростани зиёфатҳои бузурги солинавӣ, ба афроди бемору мӯҳтоҷ ва сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбӣ, дасти ёрӣ дароз кунанд.

Ин сӯҳбати раиси вилояти Суғд сари чигунагии истиқбол аз Соли Нави милодӣ дар ҳолест, ки то фарорасии соли 2016 рӯзҳои башумур монда, ҳанӯз маълум набуд, сокинон иҷозаи истиқболи гурӯҳии онро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ доранд ё хайр. Бархе корхонаву муассисаҳои давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд коргарони худро аз истиқболи дастҷамъонаи ҷашни Соли нав дар ҳудуди корхона ё берун аз он, дар тарабхона ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, манъ кардаанд.

Гулҷаҳон, як корманди корхонаи дӯзандагӣ дар Хуҷанд мегӯяд, бо ҳамкоронаш таҷлили якҷояи иди Соли навро рӯзи якшанбеи 27-уми декабр маслиҳат ва тарабхонеро банд карда буданд. Вале баъди пешниҳоди раҳбарияти вилоят, сардори корхонаашон нишастро бекор кардааст. Вай афзуд, “мо ҳар сол то рӯзи 31-уми декабр якҷоя сари мизи солинавӣ менишастем ва соли кӯҳнаро якҷоя ва хотирмон гусел мекардем. Намедонам аз ин корамон ба кӣ зарар расидааст, ки акнун якҷоя нишастан намемонанд.”

То ин замон танҳо вазорати маорифи Тоҷикистон тайи як дастур баргузории маъракаҳои солинавӣ бо гузоштани арчаву ташкили зиёфатҳоро дар мактабҳои миёна, касбӣ ва олии Тоҷикистон манъ карда буд. Дастури вазорати маориф буридану гузоштани арча, истифодаи ҳамагуна маводи оташбозӣ ё пиротехникӣ, зиёфатороиву тӯҳфаситонӣ, ҷамъоварии маблағ дар муассисаҳои таълимиро қатъиян манъ намуд.

Вале ҳамзамон ин вазоратхона ба хотири таҷлил аз Соли Нав роҳандозии чорабинҳое, чун таҳияи рӯзномаи деворӣ, баргузории маҳфилҳои адабӣ, фарҳангӣ ва бозиҳои варзиширо барои муассисаҳои таълимӣ тавсия дод.

Бо ин ҳама, дар миёнаи моҳи охири соли равон дар хиёбони Камол дар маркази Хуҷанд чун ҳарсола Арчаи бузурги солинавӣ ва саҳна ороста шудааст. Дар ин саҳна ҳамарӯза гурӯҳҳои ҳунарӣ барои сокинон барномаҳои консертӣ тақдим мекунанд. Раёсати фарҳанг озмуне ҳам барои беҳтарин барномаи идона эълон кардааст.

Баъд аз зуҳри рӯзи 25-уми декабр дар он саҳнаи солинавӣ муҳассилини факултаи ҳунарҳои зебои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҳунранамоӣ карданд. Ва атрофи Арчаи солинавӣ пур аз сокинон, умдатан ҷавонону кӯдакон буд ва чанд Бобои барфӣ низ ба чашм мерасиданд.

Баргузории маросими асосии таҷлил аз ҷашни фарорасии Соли нави 2016 низ бо барномаҳои ҳунариву консертӣ дар маркази Хуҷанд дар назар аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG