Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷангҳои ояндаро на давлатҳо, балки шӯришгарон, ҷангҷӯёни довталаб ва гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайридавлатӣ пеш хоҳанд бурд.

Ҳар кишваре, ки низоми амниятиаш рахна дорад, бо бӯҳрони иҷтимоиву иқтисодӣ рӯбарӯст, ё ҳукуматаш ба иллати фасод аз пойгоҳи васеи иҷтимоӣ маҳрум аст, бо нахустин нишонаи сустӣ метавонад ҳадафи низоъҳои ғайримуқаррарӣ шавад ва холигоҳеро барои гурӯҳҳои пайкорҷӯ ба миён орад. Чунин гурӯҳҳо метавонанд дафъатан ҳомиёни хориҷӣ пайдо кунанд ва бо ин васила ба пайомади низоъ таъсири ҳалкунанда гузоранд.

Ин натиҷагирӣ аз гузориши Хадамоти Миллии Иктишофии Амрико -- “Тамоюлҳои ҷаҳонӣ то соли 2030” ба сарҳанги Нерӯҳои муаллаҳи ИМА Ян Глейман имкон додааст, дар маҷаллаи “The National Interest”, чопи Вашингтон, аз “абзорҳои ғайримуқаррарӣ”-и ҷангҳои оянда ва густариши нақши онҳо сӯҳбат кунад.

Зери ибораи “ҷангабзорҳои ғайримуқаррарӣ” афсари сипоҳи Иёлоти Муттаҳида на аслиҳаи нав ва гӯшношунид, балки ошӯбгарон, ҷанговарони муздур ва дастаҳои мусаллаҳи тарафдори давлатро дар назар дорад. Муаллиф бар ин аст, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ абарқудратҳо ва аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида аз чунин василаҳо истифода кардаанд, вале, ба гуфтаи ӯ, Ғарб дар баробари Русия ва Эрон дар ин маврид муваффақияти ба маротиб камтар доштааст.

Сайидамир Зуҳуров

Сайидамир Зуҳуров

Собиқ вазири амнияти Тоҷикистон, Сайидамир Зуҳуров, дар гуфтугӯе бо Радиои Озодӣ рӯзи 30-юми октябр эҳтимоли сар бардоштани чунин гурӯҳҳоро дар Тоҷикистон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон рад накард ва гуфт, чунин ҳолат бо миқёси камтар ҳам бошад, дар гузашта дар Тоҷикистон иттифоқ афтодааст. Вай афзуд, ҳоло бо вуҷуди воҳимаи зиёд “ин гурӯҳҳо нерӯи зиёде надоранд ва агар давлатҳои абарқудрат аз онҳо ҳимоят накунанд, аз дасти инҳо коре намеояд. Вале агар қудратҳо вориди амал шаванд, мушкилиҳо хеле зиёд мешаванд. Бубинед, Украина худ намунаи рӯшан аст, ки вазъи имрӯзаи он бо дасти давлатҳои дигар шудааст. Мо бояд ҳушёр бошем ва нерӯҳои мо омода бошанд, вале аввалаш ин, ки Худо аз ин нигоҳ дорад ва онҳо моро ором гузоранд.”

Дар Тоҷикистон бисёриҳо хотираҳои талхи ҷанги дохилии солҳои 1992-97-ро то ин авохир як ваксина ё эми зидди низои мусаллаҳона мешуморанд, вале воқеият ин аст, ки баъд аз хатми расмии ҷанги дохилӣ низ Тоҷикистон борҳо бо мушкилоти амниятӣ рӯбарӯ шудааст.

Коршиноси тоҷик Маҳдии Собир мегӯяд, дар рӯйдодҳои соли 2009 дар Тавилдара, 2010 дар Камароб, 2012 дар Хоруғ қудратҳои хориҷӣ даст доштанд ва бино бар маълумоти ниҳодҳои амниятӣ чунин талошҳо ҳоло низ қатъ нашудааанд. Ба ақидаи ӯ, “тағйирҳои геополитикӣ баъзе аз кишварҳоро ба таҳлука андохтааст ва онҳо талош доранд, барои ҳифзи манфиат ё васеъ кардани ҷойгоҳи хеш дар кишварҳое мисли Тоҷикистон гурӯҳҳоеро омода ва таъмин кунанд ва дар лаҳзаи муносиб ба фоидаи худ истифода баранд.”

Маҳдии Собир, коршиноси масоили амниятӣ.

Маҳдии Собир, коршиноси масоили амниятӣ.

Сарҳанг ё полковники артиши Амрико ва муҳаққиқи масъалаҳои амниятӣ Ян Глейман мегӯяд, Ғарб барои он дар корбурди ҷангабзорҳои ғайримуқаррарӣ аксаран ноком будааст, ки ҳамеша аз вакилон ё “иҷрокунандагон” интизории беш аз ҳад доштааст. Ва аз сӯи дигар онҳоро пас аз расидан ба ҳадафҳои кӯтоҳмуддати худ раҳо кардааст. Глейман дар ин маврид аз муҷоҳидони афғон ёд мекунад, ки пас аз хуруҷи Шӯравӣ аз Афғонистон “бекас” монданд ва аз миёни онҳо гурӯҳи “Толибон” ба саҳна омад. Ба ақидаи ин пажӯҳишгар, Ғарб ҳамчунин аз “бадномӣ”-и чунин гурӯҳҳо ҳазар мекунад. Вай вазъи феълии Сурияву Ироқро намуна меорад, ки дар он “Иёлоти Муттаҳида ҷадали беҳосил дорад, ки дар Сурия вакили боварбахше пайдо кунад ва нерӯҳои амниятии Ироқу гурӯҳҳои ҳомии Бағдод нотавонии худро нишон додаанд.”

Аммо сардабири маҷаллаи “Бозии Бузург: сиёсат, бизнес ва амният дар Осиёи Марказӣ” (Маскав), Иван Сафранчук мегӯяд, мушкил дар худи ин гурӯҳҳост, ки танҳо барои муддате розиянд ҳамчун “ҷангабзори ғайримуқаррарӣ” истифода шаванд. Сипас, онҳо аз назорат мебароянд ва ба татбиқи барномаҳои худ мепардозанд. Ба ақидаи ин коршинос, вазъи феълии Осиёи Марказӣ обистани чандин хатар аст, ки ҳам ба низои байни давлатҳо ва ҳам ба эҳтимоли “оварда шудани низоъ аз берун” бастагӣ дорад: “Шиддат гирифтани низои шиаву суннӣ метавонад аз тарафи қудратҳои муайяне дар Ховари Миёна ба Тоҷикистон ё Афғонистон оварда шавад. Рақобати миёни Ҳинду Покистону Чин ва байни Амрикову Русия низ мумкин аст, ба шевае дар Осиёи Марказӣ доман паҳн кунад.”

Таҳлилгари тоҷик Маҳдии Собир аз ширкати ҷавонони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар низои Сурия изҳори нигаронӣ мекунад ва мегӯяд, агар пас аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон дар ин кишвар холигоҳҳои амниятӣ ба вуҷуд оянд, пайкорҷӯёне бо таҷрибаи ҷангӣ дар Сурия ва Ироқ якҷо бо гурӯҳҳои мавҷуд дар Покистону Афғонистон ба вазъи Осиёи Марказӣ таҳдид хоҳанд кард ва марзи Тоҷикистону Афғонистон занҷираи сусте дар низоми амниятии минтақа бошад.

ЧӢ ҶАВОНОНИ ТОҶИКРО БА ҶАНГИ СУРИЯ МЕКАШОНАД?

Аксари коршиносон ба зарурати ҳамкории наздик ва ҳатто бунёди як иттиҳоди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар баробари чунин хатар ишора мекунанд, вале Сафранчук бар ин аст, ки ҳукуматҳои минтақа на дар муқобили чизе, балки барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақа ҷадал кунанд. Алҳол воқеият ба гуфтаи ин коршинос чунин аст, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки бо ҳам ихтилофҳое доранд ё президентҳое, ки бо ҳам дар рақобатанд, мумкин аст, аз гурӯҳҳои ҷангҷӯ барои суст кардани ҳамдигар истифода баранд.

Дар ҳолати рӯ задани сенариои бадтарин, мегӯяд собиқ вазири амнияти Тоҷикистон, Сайидамир Зуҳуров, ҷомеаи Тоҷикистон ин тавон ва таҷрибаро дорад, ки “аз сари номус” барои якпорчагии ватани худ ба пой хезанд ва хатарро бартараф кунанд. Аммо Иван Сафранчук рушди иқтисодиро дар баробари таҳкими нерӯҳои мусаллаҳ сипари давлатҳо мешуморад. Вай мегӯяд, таҳкими нерӯҳои мусаллаҳ ва сохторҳои амниятӣ метавонад танҳо натиҷаи кӯтоҳмуддат диҳад. Посухи дарозмуддати давлатҳои Осиёи Марказӣ ба чунин таҳдидҳо, ба ақидаи ӯ, танҳо модерн кардани ҷомеа, рушди иқтисод, эҷоди шуғл ва таъмини адолати иҷтимоӣ хоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG