Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

12-уми феврали соли 1990 неруҳои Шӯравӣ тазоҳуроти мардумро дар Душанбе ба хун кашонданд ва дар ин воқеаҳо 26 нафар кушта шуда, зиёда аз 400 тани дигар маҷрӯҳ гаштанд.

Навтарин хулосаро дар бораи рӯйдодҳои 12-уми феврали соли 1990-и Душанбе ё “Баҳманмоҳи хунин”, як маҷаллаи илмии Русия нашр кард ва мегӯяд, ошӯб дар пойтахти Тоҷикистон дар рӯзҳое ба амал омад, ки системаи “Харчанг” (“Краб”)-и хадамоти махфии Шӯравӣ аз кор монд.

Маҷаллаи “Свободная Пресса” ба нақл аз пажӯҳише, ки Академияи Тафаккури Нав дар соли 1993 анҷом додааст, менависад, ҳарбиёни шӯравӣ аввалин бор системаи таъсири равониро бо унвони “Радиогипноз” дар соли 1973 дар қисми ҳарбии 71592 дар Новосибирск санҷидаанд. Шеваи кори он чунин буд, ки пахши нурҳои басомади баланд (сверхвысокочастотное излучение) калавишҳои савтиеро дар мағзи сари инсонҳо ба вуҷуд меорад ва рафтори онҳоро муайян мекунад. Пайнавишти ин озмоишро гӯё академик Ю.Кобзарев, доктори улуми физикию математикӣ Э.Годик, генерал-полковник В.Н. Абрамов имзо кардаанд.

Силоҳи мазкур василаи таъсир ба зеҳни одамон ё ҳайвонот аст. Бо вуҷуди он ки дар бораи чунин аслиҳа зиёд суҳбат мешавад, истифодаи он дар ҳеч кишвари ҷаҳон то ҳол исбот нашудааст, чи монад ба рӯйдодҳои феврали 1990 дар Тоҷикистон. Аммо шакке нест, ки дар он воқеаҳо аз мағзшӯии оммавӣ ва ҳамлаҳои равонӣ васеъ истифода шудааст. Мутахассиси рус Александр Север дар китоби “Таърихи КГБ” менависад, ҳарчанд пешгирӣ аз ошӯбҳо яке аз вазифаҳои умдаи хадамоти ҷосусии Шӯравӣ буд, дар фурсатҳои муайяне он худ ба ташкили чунин воқеаҳо, аммо дар шакли идорашаванда даст задааст.

Абдулло Назаров - нахустин пардабардори асрори "Баҳманмоҳи хунин"

Абдулло Назаров - нахустин пардабардори асрори "Баҳманмоҳи хунин"

Кормандони собиқи КГБ дар Тоҷикистон низ борҳо гуфтаанд, ки дар феврали 90 кумита чандин амалиёти дасткории равониро анҷом дод, то ин воқеаҳоро таҳти назорат дошта, ба самти дилхоҳ равона кунад. Яке аз онҳо, Абдулло Назаров, ки баъдан то ба мақоми генерал ва симати муовини вазири амнияти Тоҷикистон расид ва ду сол пеш дар Хоруғ кушта шуд, дар чанд мусоҳибааш дар аввалҳои солҳои 90 ҳамин кумитаро созмондиҳандаи “баҳманмоҳ” номида буд.

Ин ақидаро сардори гурӯҳи тафтиши рӯйдодҳои феврали 90 дар Додситонии кулли Тоҷикистон Солеҳҷон Ҷӯраев низ тасдиқ мекунад.

Вале оё Кумитаи амнияти давлатии СССР чӣ зарурат дошт, дар моҳи феврали соли 1990 вазъро дар Душанбе баҳам занад? Таърихнигорон рӯйдодҳои Душанберо ҳамсони ошӯбу саркӯбҳо дар ҷамоҳири соҳили Болтик, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Молдова шумурда, ҳамагиро ба талоши ҳифзи якпорчагии Иттиҳоди Шӯравӣ бастагӣ медиҳанд.

Нишонаҳои сакароти Шӯравӣ ҷунбишҳои миллию озодихоҳро ба миён оварда буд, ки барои расидан ба қудрат талош мекарданд. Кишварҳои ҳошиягии СССР, аз ҷумла Тоҷикистон ба системаи ягонаи амниятии ин кишвари паҳновар шомил ва биноан, ҳамеша дар зери заррабини хадамоти махфӣ буданд. Маскав аз нишонаҳои ҷудоихоҳии онҳо дар ҳарос буд, ҳарчанд бар пояи конститутсияи СССР ҳар ҷумҳурӣ дар лаҳзаи дилхоҳ метавонист, аз ҳайати он барояд.

Тазоҳуроти рӯзи 17 феврали соли 1990 дар назди Кохи Борбад

Тазоҳуроти рӯзи 17 феврали соли 1990 дар назди Кохи Борбад

Ба ақидаи шоҳидони “баҳманмоҳ” ва ҳам кормандони собиқи Кумитаи амнияти давлатии Тоҷикистон, ангезаҳои нооромӣ дар Тоҷикистон хеле пештар аз феврали 1990 дар ҳаво мечархид ва аз талоши рӯшанфикрон барои додани мақоми давлатӣ ба забони тоҷикии форсӣ сар шуда буд. Аввали соли 1989 нахустин тазоҳурот дар пояи пайкараи Ленин ба вуқӯъ пайваст ва дар ин байн маҳфили сиёсии “Рӯ ба рӯ” ва ҷунбиши “Растохез” таъсис шуда, бахши умдае аз аҳолии Тоҷикистон бо ҳақталошиҳо вориди саҳнаи сиёсат гашт. Масъалаи забон русҳо ва русизабонҳои кишварро дар тарафи дигари сангар гузошт ва Кумитаи амнияти давлатии Тоҷикистон, ки аксари кормандонаш русзабон буданд, дар ин ҷабҳагирӣ бетараф намонд.

Раиси вақти ин ниҳод В. Петкел дар хотираҳои худ ошкоро мегӯяд, тамоми имкониятҳоро истифода кард, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода нашавад. Барои ин аз як сӯ аҳолӣ ва матбуоти русзабон таҳрик дода шуда, аз сӯи дигар ба сарони нерӯҳои нави сиёсӣ, рӯшанфикрон ва давлатмардон таъсиру таҳдид сурат мегирифт. Барои тавҷеҳи чунин мавзеъгирияш КГБ-и Тоҷикистон созмонҳои навтаъсиси миллиро ба исломгароӣ гунаҳкор мекард ва онҳоро бо муҷоҳидони афғон, хонда шавад – вазъи марзҳои ҷанубии СССР, пайванд медод.

Охири соли 1989 сардори бахши бозрасии КГБ-И СССР Сергей Толкунов ба Душанбе омад ва зиёда аз як моҳ дар ин ҷо монд. Вай бо дастури раҳбарияти ин ниҳод кори хадамотро дар Тоҷикистон ғайриқаноатбахш номид. Ҳозирони як ҷаласаи ӯ ба ёд меоранд, ки Толкунов гузориши раҳбаронро дар бораи вазъи сиёсӣ ва амниятӣ дар Тоҷикистон дар ними сухан қатъ кард ва гуфт, онҳо аз ҳеч чиз хабар надоранд, дар ҳоле ки дар кишвар даҳҳо гуруҳи мусаллаҳ ва созмонҳои махфии террористӣ фаъолият дошта, мехоҳанд ҷумҳурии исломӣ таъсис диҳанд.

Дар ин байн Тоҷикистон ба аввалин интихоботи озоди худ омодагӣ медид, ки ба охири феврал рост меомад. КГБ-и Тоҷикистон ба раҳбарияти кишвар ҳушдор дод, ки растохезиён бо исломгароён “забон як кардаанд” ва дар интихобот коммунистонро шикаст хоҳанд дод.

Қаҳҳор Маҳкамов

Қаҳҳор Маҳкамов

11-уми феврали соли 1990 овозаи омадани гурезаҳои арманӣ ба Душанбе ва таъмин шудани онҳо бо манзил дар биноҳои навсохт сабаби ҷамъомади норозиён дар назди бинои Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон шуд. Чанде аз муаллифон муътақиданд, ки ин овозаҳоро КГБ паҳн карда буд. Намояндагони давлат ба назди онҳо баромаданд ва пас аз шунидани арзу шикоятҳо ваъда доданд, ки рӯзи дигар, соати 15:00 ба ин шикоятҳо ҷавоб медиҳанд. Аммо рӯзи дигар, вақте мардум аз нав ҷамъ омад, раҳбари кишвар, Қаҳҳор Маҳкамов ба назди онҳо набаромад, зеро сардори КГБ-и Тоҷикистон, Владимир Петкел, ӯро тарс дод, ки ҷамъомадагон мусаллаҳанд ва ӯро куштан мехоҳанд. Ин дар ҳоле буд, ки гурезаҳои арманӣ аз Душанбе рафта буданд ва Маҳкамов метавонист, бо ин паём мардумро ором кунад.

Илова ба ин неруҳои амниятӣ ва милиса бо сипару калтак дар баробари мардум гузошта шуданд ва бо аввалин ҳаракати гирдиҳамомадагон аз калтакҳо истифода карданд. Чанд нафар захмӣ ва хуншор шуд. Дар табақаи ду ва сеи бино ҳарбиёни мусаллаҳ саф кашида буданд ва ҳангоме ки тазоҳуркунандагон ба дохили бино ворид шуданд, тирандозӣ сар шуда, дар ним соати баъдӣ 5 нафар ва дар идомаи рӯйдодҳо 21 нафари дигар кушта, наздик ба 400 тан захмӣ шуданд. Мақомот ва пеш аз ҳама раҳбари КГБ худи тазоҳуркунандагонро гунаҳкор кард, ки ҳамдигарро парондаанд, аммо тафтиши ҷиноии рӯйдодҳо нишон дод, ки ҳамаи кушташудагон ва захмиён натиҷаи истифодаи силоҳи низомиён будааст. Шоми он рӯз Қаҳҳор Маҳкамов аз тариқи телевизион аз мардум даъват кард, мусаллаҳ шаванд ва аз худ дифоъ кунанд.

Як сол баъдаш, дар моҳи сентябри соли 1991 Петкел, ки дигар аз мансаб рафта буд, гуфт, фармони тирандозиро Қаҳҳор Маҳкамов додааст, аммо тафтишот баро ин нукта далел пайдо накард ва гуфта мешавад, дастури оташро фармондеҳони бевоситаи неруҳо додаанд. Пас аз ҳалокати даҳҳо нафар тазоҳуркунандагон даст ба харобкориҳо заданд. Аммо бархе аз шоҳидон мегӯянд, шикастани шишаҳо ва ғорати фурӯшгоҳи ҷавоҳирот ва дигар муассисаҳо дар маҳалли ҳодиса ҳанӯз замоне шурӯъ шуда буд, ки мардум раҳбари кишварро ба назди худ даъват мекард, то ҷавоби талабашро шунавад. Бархе аз муаллифон дар хотираҳои худ ҳадс мезананд, ки ин бахши воқеаҳо низ тарҳрезишуда буд.

Ёдбуди қурбониёни "Баҳманмоҳ", 12.02.1991

Ёдбуди қурбониёни "Баҳманмоҳ", 12.02.1991

Дар рафти воқеа даҳҳо овозаи ваҳшатангезтар ва таҳрикдиҳанда паҳн мешуд, ки баъдан дурӯғ баромаданд. Хабарҳое, ки КГБ ба раҳбарон мерасонд, аз ин овозаҳо камӣ надоштанд. Аз ҷумла хабарҳои сӯхтани корхонаи шароб ва автовокзал, тика-тика кардани як кӯдаки рус, гаравгонгири боғчаи бачагон, аз сари пул ба дарё афканда шудани як зани обистани рус ва ғайра. Айни ин маълумоти дурӯғ дар мақолаҳои давомдори В. Пономарев дар “Правда” рӯзномаи асосии СССР ба чоп расид. Дертар ошкор шуд, ки ӯ на хабарнигори ТАСС, балки афсари собиқадори КГБ СССР буда, дар рӯйдодҳои хунини Озарбойҷон, Арманистон, Молдова ва Соҳили Болтик низ ширкат кардааст.

Дар ин пасманзар тоҷикон дар саросари шӯравии пешин ҳамчун мардуми бераҳму ваҳшӣ қаламдод шуданд ва раҳбарони ҷумҳурӣ на танҳо натавонистанд, пеши роҳи чуин таблиғотро гиранд, балки обрӯи худи онҳо ҳамчун афроди ноӯҳдабаро, тарсу ва бечора ба замин рехт. Се раҳбари аввал котиби якуми ҳизби коммунист Қаҳҳор Маҳкамов, сарвазир Иззатулло Ҳаёев ва раиси порлумон Ғоибназар Паллаев истеъфо дода, рӯзи баъдаш ба талошҳои он ки гӯё ду вазири дигар – Бӯрӣ Каримов ва Нур Табаров даст ба табаддулот заданд, ҳамроҳ шуданд ва дар сари қудрат боқӣ монданд.

Пас аз чандин сол ҳуқуқшинос Солеҳҷон Ҷӯраев ба нақл аз парвандаи тафтишот гуфт, сарони олами ҷиноии Душанбе низ қабл аз сар задани нооромиҳо дар қаҳвахонаи “Пингвин” машварат оростанд ва гӯё роҳҳои иҷрои дастуреро баҳс карданд. Ва Петкел дар хотираҳои худ менависад, ҳам КГБ ва ҳам болонишинони ҳизбӣ он солҳо маҷбур мешуданд, бо олами ҷиноӣ дар тамос бошанд ва аз мадади он истифода кунанд.

Дар ҳоле ки тафтиши ҷиноии рӯйдодҳои феврали 1990 ба ҷое нарасид ва касе барои марги 26 нафар гунаҳкор нашуда, ҷазое ҳам нагирифт, ҷанги солҳои 1992-97-и Тоҷикистон бо марги даҳҳо ҳазор нафар фоҷиаи “баҳманмоҳ”-ро дар сояи амиқи худ гузошт. Аммо ин ҳақиқат ҳам дар миён аст, ки рози ҷиноятҳои ба дараҷаи олӣ тарҳрезӣ ва иҷрошуда одатан нокушода мемонад ва акнун ҳадс мезананд, ки нуру мавҷҳои радиоӣ мағзи мардумро гиҷ карду Душанберо он вақт ба гирдоби ошӯб кашонд.

Иштибоҳи сервер

Воооҳ, тавре мебинед, ин чизе нест, ки мебоист ба Шумо нишон медодем!

ин тор ба бахши фаннӣ фиристода мешавад ва фавран баррасӣ мегардад. Бахшиш мепурсем.

Лутфан тугмаи Ҷустуҷӯро барои пайдо кардани ин мавод пахш кунед

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG