Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

22 сол пас аз "баҳманмоҳи хунин"


Рӯзи 12 феврал ба ошӯбҳои хунини моҳи феврали соли 1990 дар пойтахти Тоҷикистон 22 сол пур шуд.

Ҳазорон нафар дар он рӯзҳо, ки Иттиҳоди Шӯравӣ ҳанӯз побарҷо буд, бо талаби адолати бештари иҷтимоӣ ва истеъфои раҳбарони вақти Тоҷикистон, ба хиёбони марказии Душанбе рехтанд. Давлат бо зӯр эътирозҳоро пароканда кард ва дар он ҳаводис дастикам 25 нафар кушта шуд.

Бо гузашти 22 сол аз вуқӯи ин нооромии хунин, бинобар сирри будани баъзе аз амалҳо ва кӯшишҳои зимомдорони вақт, ҳодисаи баҳманмоҳ ба таври рӯшан баҳогузорӣ нашуда ва ҳанӯз ҳам ҳам суол аст, ки чаро ба тазоҳургарони оташ кушода шуд ва ин амри кадом аз давлатмардони вақти Тоҷикистон буд. Ва ба сурати умум ҳанӯз рӯшан нест, ки масъули кушта шудани 25 нафар фарзандони тоҷик кист ва кӣ бояд посух диҳад? То ҳанӯз ҳам на шахсе ва ё созмоне масъулияти роҳандозии тазоҳуроти 12-и баҳманмоҳро бар дӯш намегирад.

Cолеҳҷон Ҷураев
Cолеҳҷон Ҷураев
Солеҳҷон Ҷӯраев, сардори вақти гурӯҳи тафтишотии Додситони кулии Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаҳои февралӣ мегӯяд, ки ҳарчанд далели кофӣ дар даст надорад, вале ба гумони ғолиб КГБ-и вақт мардумро дар назди Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ҷамъ овард ва дар натиҷа тиркушоӣ сурат гирифт:

«То замоне, ки Маҳкамов ба назди мардум баромада буд дар соати 16:00, аллакай дар соати 15:27 дақиқа ҷасадҳо ва захмиҳо хобида буданд ва ҳадафи ин тиркушоиҳо ба ҳам задани вазъият буд, ҳоло далелҳои ман пурра нестанд, вале КГБ мардумро ба назди бинои КМПКТ-и вақт кашонида буд. Агар КГБ ин гуна рафтор намекард, ҳодисаҳои хунини баҳманмоҳ рух намедоданд ва ин ҳодиса кишварро ба ҷанги шаҳрвандии соли 1992 намеовард.»

Ба думболи ин, се раҳбари аввали Тоҷикистон Маҳкамов, Ҳаёев ва Паллаев истеъфои худро эълон карданд, аммо аз вазифа нарафтанд ва чанде аз мансабдорону тазоҳургаронро дар табаддулоти давлатӣ айбдор карданд.

Ба манзури таҳқиқи ҳаводиси баҳманмоҳ, комиссияе таъсис шуд, ки кори худро ба далели авзои номуносиби сиёсӣ ва шиддат гирифтани муборизаи гурӯҳҳои дохили ҳукумат ва оғози ҷанги дохилӣ ба поён набурд. Ба ҳамин тартиб, то кунун омилони ин ҳаводис, аҳдофи он ва инчунин исми касоне, ки амри тирборони тазоҳуротро додаанд, маълум нест.

Таърихнигорон низ мегӯянд, ки зарурати таҳқиқ ва баҳогузории ҳодисаҳои баҳманмоҳи соли 1990 беш аз ҳар вақти дигаре ба вуҷуд омадааст. Аммо барои таърихнависии ин ҳодисаҳо, зарур аст, ки аввал баҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дода шавад. Он гоҳ роҷеъ ба ин ҳаводис таърихнигорӣ шавад.

Сайфуллоҳ Муллоҷонов, таърихшиноси тоҷик мегӯяд, ки «Назири ин, ҳодисаҳое дар Озарбойҷон, Арманистон ва Гурҷистон рух доданд, баҳманмоҳ на танҳо барои Тоҷикистон, балки ҳамчун як ҳодисае, ки муҷиби таконхӯрии имперотурии шӯравӣ шуд ва онро аз пой даровард, бисёр муҳим аст. Аммо чаро имрӯз ба ин ҳодисае, ки ҷони 25 нафарро рабуд ва чанд сол мегузарад аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон таваҷҷуҳ намешавад, ба хотири ин аст, ки ҳукумати феълӣ метавон гуфт, ки идомаи ҳамон ҳукумате аст, ки бар асари табаддулот аз байн рафта буду барқарор карда шуд. Чунки ин ҳукумат худро конститутсионӣ ном мебарад. Аз ин рӯ ҳеҷ гоҳ ҳукумат ёди мухолифини худро гиромӣ намедорад. Сарфи назар аз ин, ки ин ҳодиса чӣ бозтоби сиёсӣ дар таърих аз тарафи ҳукуматдорони вақт ва муфассирони таърих мегирад, бояд ёдбуди ин ҳодиса, ки ҳанӯз баҳои таърихӣ дода нашудааст, барои халқи Тоҷикистон муҳим аст ва онро гиромӣ бояд дошт.»

Охирин ёдгорие, ки аз ин ҳодиса то чанд соли пеш дар паҳлӯи бинои Қасри раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд дошт санги хотираи қурбониёни ин воқеа буд, ки ному насаби 25 нафар кушта шудаҳо сабт шуда буд. Аммо бидуни шарҳу тафсир дар як шаб ин санги хотираро бардоштанд ва ҳоло ягона ёдбуде, ки аз ин рӯз боқӣ мондааст, иқдоми рӯзноманигорон аст, ки бо навиштани мақолаву хотираҳо ин таърихро ҳифз мекунанд.

Хуршеди Атовуллоҳ
Хуршеди Атовуллоҳ
Сардабири ҳафтаномаи мустақили «Фараж» Хуршеди Атовулло мегӯяд, ки баргирифтани ин санги хотира ва иваз намудани номи майдони "Шаҳидон" ба он маъност, ки як саҳифаи муҳими таърихи Тоҷикистон тира шудааст:

«Берун андохтани санги хотираи қурбониёни баҳманмоҳ, нишонаи беэҳтиромӣ ба таърих ва ба рӯҳи ҳамон шаҳидон аст. Ҳоло бубинед, ки ба ҷои он ки дар бораи ин воқеа бештар таваҷҷуҳ карда шавад, мо мебинем, ки ҳам дар шаҳри Душанбе ва дар Хуҷанд ба таври хеле густарда ба «Рӯзи Валентин» алоқаи бештар нишон дода мешавад. Масалан дар Узбакистон «Рӯзи Валентин» манъ карда нашудааст, вале дар ин рӯз ҳукумати Тошканд пешниҳод кард, ки дар ин рӯз яке аз чераҳои шинохтаи таърих ҳамчун «Рӯзи Мирзо Бобур» таҷлил карда шавад.»

Ҳамчунин, фармони раисҷумҳури вақти Тоҷикистон Раҳмон Набиев аз соли 1992 дар мавриди рӯзи ёдбуди шаҳидони баҳманмоҳ низ беэътибор шудааст. Дар Арманистону Озарбойҷон ва баъзе аз кишварҳои дигари шӯравӣ дар солҳои 90 чунин ҳодиса иттифоқ афтод, вале то ҳоло ҳамчун «Рӯзи миллӣ» ёд шуда ба ин муносибат як рӯзи таътил таъин шудааст.

ЁДБУДИ "БАҲМАНМОҲИ ХУНИН"(НАВОР АЗ БОЙГОНӢ)

XS
SM
MD
LG