Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Қундуз: “Толибон сарони қавмиро қабул накарданд”


Бино ба хабарҳо, ҷангиёни Толибон, ки 4 марзбони тоҷикро дар асорат нигоҳ медоранд, миёнаравии бузургони қавмиро барои раҳоии ин асирон напазируфтаанд.

Пулиси вилояти Қундузи Афғонистон мегӯяд, Толибон бузургони қавмиеро, ки барои раҳоии 4 марзбони тоҷик рафта буданд, қабул накарданд. Саид Ҷаҳонгир Каромат, сарпараст ё иҷрокунандаи вазифаи сарвари пулиси Қундуз, ба Радиои Озодӣ гуфт, Толибон тариқи бузургони қавмӣ ба мақомот ин паёмро расондаанд, ки марзбононро танҳо бо рафиқони боздоштшудаашон табдил хоҳанд кард. Саид Ҷаҳонгир Каромат, ки рӯзи 30 декабр бо Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, раҳоии марзбонон дар салоҳияти вазирони корҳои дохилӣ аст, ки дар машварат бо сарони кишварҳо тасмим хоҳанд гирифт.

Хабари ба асорати Толибон афтодани 4 марзбони Тоҷикистонро рӯзи 20-уми декабр расонаҳои Афғонистон пахш карданд. Бино ба ин манобеъ, марзбонони тоҷик бе силоҳ ҳангоми ҷамъоварии ҳезум дар яке аз “ҷазира”- ҳои марзии канори рӯдхонаи Панҷ миёни Тоҷикистону Афғонистон аз сӯи Толибон рабуда шуданд. Аз он рӯз ба ин сӯ мақомот мегуфтанд, ки қазияро бо миёнҷигарии бузургони қавми вулусволии Имом Соҳиб, маҳалли истиқрори Толибон ҳал хоҳанд кард. Ба гуфтаи онҳо, консулгарии Тоҷикистон дар Қундуз ва сарраёсати нерӯҳои марзбони Тоҷикистон низ дар ин музокирот саҳм мегиранд.

То ба ҳол номҳои марзбонони ба асорати Толибон афтода эълон нашудааст. Саид Ҷаҳонгир Каромат, сарпарасти пулиси Қундуз, мегӯяд, бар ивази онҳо Толибон се толиби тоҷикистонии қаблан боздоштшударо талаб доранд. Ба қавли ӯ, яке аз онҳо ба номи мустаъори Абдураҳмони Ҷаъфар аст, ки моҳи ноябр бо либоси занона аз ҷониби пулиси Қундуз боздошт шуда, ҳоло дар тавқифгоҳ нигаҳдорӣ мешавад ва ду нафари дигар, ки низ дар Қундуз боздошт шуда буданд, дар ихтиёри мақомоти Тоҷикистон ҳастанд.

Абдураҳмони Ҷаъфар номи мустаъори Иқбол Келдиев, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ ва сокини шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон аст, ки 17 ноябри соли равон дар минтақаи Алиободи Қундуз бо либоси занона боздошт шуд. Ӯ дар яке аз ҷангҳои минтақаи Дашти Арчии Қундуз захмӣ шуда, мехост бо иттифоқи ду толиби афғон барои табобат ба Покистон равад. Мақомот ӯро узви Ал-Қоида муаррифӣ карданд.

Ду нафари дигар - Умаралӣ Тошпӯлотов аз ноҳияи Шаҳритӯс ва Комилҷон Қулбошев аз ноҳияи Қубодиён - ҳастанд, ки моҳи июн дар пайи як задухӯрд миёни Толибон ва мақомоти амниятии Афғонистон дар минтақаи Дашти Арчии Қундуз дастгир шуда, чанд ҳафта пас ба мақомоти Тоҷикистон таслим шуданд. Моҳи сентябр додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳардуро 9-солӣ ҳукми зиндон дод.

Ҷангиёни Толибон шаби 26 ба 27 ноябр барои раҳоии ӯ 12 корманди гузаргоҳи “Шерхон-бандар”, дар рӯбарӯи гузаргоҳи “Панҷи поён”-и Тоҷикистонро низ рабуда, низ раҳоии ин се нафарро талаб карда буданд. То ба ҳол 8 нафари рабудашудагон раҳо шуда, 4 нафари дигар низ дар асорат нигоҳ дошта мешаванд.

XS
SM
MD
LG