Пайвандҳои дастрасӣ

Телевизиони нави хусусии “7 ситора” дар шаҳри Хуҷанд ба пахши намоишҳои худ сар кард. Ин дар ҳолест, ки теъдоди расонаҳои мустақили чопии минтақа рӯ ба коҳиш дорад.

Маҳмудҷон Абдуллоев, раҳбари ин телевизион ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин шабака умдатан намоишҳои фарҳангиву фароғатӣ ва нахустин байни телевизионҳои Суғд тӯли 24 соат барнома пахш хоҳад кард. Ӯ афзуд, “барномаҳои иттилоотии телевиизион ба ду забон -- тоҷикиву русӣ пахш мешаванд”. Ин телевизиони хусусиро гурӯҳи ҷавонони соҳибкор таъсис додаанд.

Дар ҳоли ҳозир дар маркази вилояти Суғд ба ҷуз шабакаи давлатии телевизиони вилоятии “СТВ”, 6 телевизиони хусусӣ низ фаъол аст ва бо оғози кори “7 ситора” шумораи онҳо ба 8 расид. Ҳамчунин, дар канори онҳо 7 радио низ аз маркази вилояти Суғд барнома пахш мекунанд. Дар телевизиони “7 ситора”, ки бо радиои "Шаҳри ман" ҳамкор аст, 20 нафар ҷавонон ба кор ҷалб шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир дар маркази вилояти Суғд ба ҷуз шабакаи давлатии телевизиони вилоятии “СТВ”, 6 телевизиони хусусӣ низ фаъол аст ва бо оғози кори “Ҳафт ситора” шумораи онҳо ба 8 расид.

Зоир Холиқов, яке аз муҷриёни барномаи мустақими радиои “Шаҳри ман” мегӯяд, онҳо талош доранд бо таҳияву пахши намоишҳои ҷолиб умдатан дар бозори рақобат таваҷҷӯҳи бештари бинандагонро ҷалб кунанд. Ӯ афзуд: “Мо акнун аз таҷрибаи нав кор мегирем ва гуфтори мустақими радиоии худро, ки шунавандаи зиёд дорад, ба барномаи якҷояи телевизиониву радиоӣ табдил хоҳем дод. Акнун барномаи мустақими ману Юлияро мухлисонамон на танҳо гӯш мекунанд, балки тамошо ҳам карда метавонанд.”

Ин дар ҳолест, ки теъдоди нашрияҳои чопӣ дар вилояти Суғд бо таъсири бӯҳрони молӣ рӯ ба коҳиш дорад. Дар соли 2016 ду нашрияи мустақили чопи Хуҷанд – “Вароруд” ва “Дам” дар пайи мушкилоти иқтисодӣ фазои иттилоотии минтақаро тарк гуфтанд.

Тилав Расулзода.

Тилав Расулзода.

Таҳлилгарон ва коршиносони маҳаллӣ дар умури матбуот дар чунин вазъ афзудани шумораи телевизиону радиоҳои маҳаллиро ба судовар будани онҳо марбут медонанд.

Тилав Расулзода, рӯзноманигори озод ва коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, “дар рӯзҳои мо дар Тоҷикистон рӯзнома боз кардану фоида гирифтан хеле кори сангин ва тақрибан номумкин аст. Вале телевизиону радиоҳо бо сарфи кам аз пахши рекламаву суруду мусиқиву дигар гуфтору намоишҳои пулакӣ, фоидаи зиёд ба даст меоранд. Ин гуна намоишу баномаҳову рақсу суруд ба халқамон ҳам хуш меояд. Барои ҳамин дар як Хуҷанд 15 телевизиону радио фаъоланд ва шумораи онҳо зиёдтар шуда истодааст.”

Ба гуфтаи мусоҳибам, ин танҳо хоси Хуҷанд нест, балки дар манотиқи дигари Суғд, мисли Ашту Исфара ва Истаравшану Панҷакент низ тоҷирон ва рӯзноманигорони маҳаллӣ боз кардани радиову телевизионҳои навро рӯи даст гирифтаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG